Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои Ватан Тоҷикистон

Шеър дар васфи ватан ДУШАНБЕ

Тэги:шеърхо дар бораи душанбе | ватан точикистон | суруд дар васфи ватан mp3 | ватанам точикистон шеърхо | сурудхои точики дар бораи ватан | шеър дар бораи точикистон бо забони англиси | шеърхои мирзо турсунзода дар бораи ватан | иншо дар бораи точикистонватан точикистон | шеър дар бораи точикистон бо забони точики | скачат шеър дар бораи ватан | шеър дар бораи точикистон бо забони англиси | шеърхо дар бораи ватан лоик шерали | суруд дар васфи ватан mp3 | сурудхои точики дар бораи ватан | шеър дар васфи ватан мирзо турсунзода
Добавил:Admin (14.01.2020 / 09:01)
Рейтинг:rating 100 article (0)
Прочтений:17
Комментарии:0
ДУШАНБЕ

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ
Нависам дар тани деворҳоят
Ду-се байте чу арзи меҳру савганд
Барои ту, барои наслҳоят.

Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дили пок
Сазовори шабони равшани ту.
Ду-се байте, ки монанди шакарнам
Бирезад рӯи боѓу гулшани ту.

Туро бетахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик
Ба номе пойтахти илму ирфон.

Туро аз орзуҳо офариданд,
Туро уммедҳо таъмир карданд.
Туро аз кулба то қаср овариданд,
Туро пардоз аз тадбир карданд.

Туро ҳамдастию ҳамкорӣ афрохт.
Туро ҳам дӯстӣ аз меҳр орост.
Чароѓистон шудӣ аз меҳри дилҳо,
Ки оѓӯшат кунун маъвои дилҳост.

Туро дар рӯзи ид озин бубастанд
Ба парчамҳои сурхи инқилобӣ,
Ки то аз ранги парчамҳои аҳмар
Ту ранги рӯзгори худ биёбӣ.

Туро Айнӣ сутуни ҷовидон шуд,
Туро дохундаҳо бунёд карданд.
Ҳасан ҳамроҳи Турсунзода Мирзо
Зи хишту аз сухан обод карданд.

Туро тасхир кард овози Туҳфа,
Туро ашъори Лоҳутӣ сафо дод,
Ба ҳар тӯят, ки Боқӣ буд соқӣ,
Ба дасти ошиқон ҷоми вафо дод.

Кунун дар ҷашну сурат даф навозанд,
Ба базму ҷашнҳоят шеър хонанд.
Зи балкон духтарони рӯкушодат
Чу маҷнунбедҳо кокул фишонанд.

Кунун бо мавҷгири бомҳоят
Ҳама олам сари гуфтор доранд.
Кунун фарзандҳои дӯстхоҳат
Ба олам сад ҳазорон ёр доранд.

Чи фирӯзахтару толеъбаландӣ,
Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.
Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам...

[1973]

ТОБИСТОНИ ВАРЗОБ

Дар буни ҳар бутта ҷуфти ошиқе,
Дар сари ҳар санг сар дар зонуе.
Дилбаре саргарми лофу ваъдаҳо,
Ошиқе сармасти атри гесуе.

Обшорон-кокули чилбофи ёр,
Дасти куҳсор асту банди кокуле.
Чашмаҳо чун раѓбати навошиқон
Мекунад дар синаи куҳ ѓулѓуле.

Мебарад амвоҷи беороми рӯд
Ваъдаҳои хому осонро басе.
Ваъдаҳои хушку қавли бесубот
Меравад бар об монанди хасе.

Зери ҳар санге, ки бардорӣ, бубин
Сад ҳазорон илтимосу илтиҷост,
Сад ҳазорон лобаву нозу ниёз,
Сад ҳазорон нолаҳои бесадост.

Дар тани ҳар санг номи ошиқон
Чун ситора дар назар тобон бувад.
Номашон дар сангҳо гул бастааст,
Розашон лек аз назар пинҳон бувад.

Ҳар маҳал, ки буда меъоди ду дил,
Ёдгораш шишаи бишкастаест.
Сабзаву гул пойкӯби шавқу шӯр –
Шавқу шӯри ду тани дилбастаест.

Рӯд сармасти такопӯи худ аст
“Меравад пуршӯру бе такрорҳо”
Баски ин сон ошиқу ноошиқон,
Дар ду соҳил дида ӯ бисёрҳо...

Меравад то даштҳо маҷнунсифат –
Даргурез аз ҳабси соҳилҳои хеш,
Гар ҳама доранд савдое ба сар,
Ҳаст ӯро ҳам сару савдои хеш...

[1974]

ШУКРОНАЕ БАРОИ ДУШАНБЕ

Шукри ин шаҳр мекунам умре,
Ки дар оѓӯши худ паноҳам дод.
Сарпаноҳи умедҳоям шуд,
Ҳар чӣ мехостам, фароҳам дод.

Шукри ҳар кӯчаи чанористон,
Шукри обу ҳавои рӯҳангез
Шукри ҷому маи тарабхона,
Шукри ин рӯзҳои бепарҳез.

Шукри Варзобу хониши рӯдаш,
Шукри бар коми дил расиданҳо.
Шукри ёре, ки армуѓон овард
Сӯхтан, сохтан, тапиданҳо.

Шукри ҳар як қадам раҳи ин шаҳр,
Ки дар ӯ нақши пои ёре ҳаст.
Шукри ҳар як дарахт, ки аз ӯ
Ёде аз қомати нигоре ҳаст.

Шукри ёрони ҳамдилу ҳамҷом,
Шукри ёрони дуру наздикам.
Шукри он дӯстон, ки нодида
Мешиносанд ҳамчу тоҷикам.

Шукри даврони ҳозиру нозир,
Ки маро бо худам шиносонид.
Ки дар ин шаҳр пойгоҳам дод,
Ки ба неку бадам шиносонид.

Ман дар ин шаҳр то бувам зинда,
Шукри ёрони дилшинос кунам.
Гар бисоти дилам камӣ дорад,
Аз дили халқ иқтибос кунам.

Ҳар кӣ бошам, шукӯҳи ин шаҳр аст
Буди ман, суди ман, вуҷуди ман.
Шукри ин шаҳр – шаҳри рушду камол
Шаҳри гаҳвораи суруди ман...
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017