Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Шеърҳои Тоҷики ҳархела

АҲМАДИ ДОНИШ

Тэги:хикояхо аз ахмади дониш | ахмад дониш путешествие из бухары в петербург | сафархои ахмад дониш | наводир ул вакоеъ и ахмад дониш иншо | ахмад дониш произведения | осори ахмади дониш | ахмад дониш редкостные события | ахмад дониш наводир ул вакое
Добавил:Admin (14.01.2020 / 09:05)
Рейтинг:rating 101 article (0)
Прочтений:17
Комментарии:0
АҲМАДИ ДОНИШ

Як ҷаҳон буд хору вомонда
Ҳарфе аз худшиносӣ нохонда.
Монда дар инҳисори худ умре,
Пеши пои адӯ сар афшонда.

Як ҷаҳон буд дангу девона,
Дар ватан қисмати ѓарибона.
Гашта саркӯб як ҷаҳон уммед,
Орзу пойкӯби бегона.

Иддае масти муддаои худ,
Баста ишкелҳо ба пои худ,
Як ҷаҳоне на дузд, на дарбон
Як ҷаҳон дузди хонаҳои худ.

Ҷоние чанд ҷонфишон буданд,
Камдиле чанд дилситон буданд.
Ходае чанд хушку пӯсида
Дар сари гӯри мурдагон буданд.

Аз Петербург – шаҳри исёнӣ
То Бухорои шаҳри нисёнӣ
Пайки таѓйири қисмат овардӣ –
Пайки таѓйири рӯзи инсонӣ...

Як ту бонии он Ватан будӣ,
Ҷангии ҷанги мову ман будӣ.
Ламъае дар шабони зулмонӣ,
Мухбири вақти хештан будӣ.

Як ту будӣ фидоии миллат,
Дар ѓами ошноии миллат.
Ҳамчу як пешмаргаи пайкор
Баҳри мушкилкушоии миллат.

Як ҷаҳон буд кӯру ту бино,
Як ҷаҳон буд гунгу ту гӯё.
Як ҷаҳон буд ташнаю афсӯс
Ҳам надонист, ки туӣ дарё...

[1975]

ДИДОРИ ОФТОБ

Суѓдиён бар пешвози Офтоб
Ҳар саҳар даф мезаданд.
Ҳар саҳар дар саҳнаи Наврӯзгоҳ
Рақс мекарданд,
Шеър мехонданд,
Бо ҳазорон шавқи дил каф мезаданд.

Ҳар саҳар дар домани самти тулӯъ
Наѓма мепечиду оҳангу суруд.
Ханда мепечиду бонги шавқу шӯр
Ҳар саҳар дар домани чархи кабуд.
Ҳар саҳар бар пешвози Офтоб
Завқ буду ханда буд –

То бидонад Офтоб
Зиндагонишон х(в)аш аст.
То бидонад Офтоб
Дар дили онҳо шарори оташ аст.
То бидонад Офтоб
Қисмати ӯ низ рӯзи дилкаш аст...

Чун расад вақти видоъ,
Бегаҳи дар домани самти ѓуруб
Боз ҳам каф мезаданд,
Боз ҳам даф мезаданд,
То набинад Офтоб
Дар рухи онҳо ѓубори хастагӣ.
То нагӯяд Офтоб
Нест ононро ба рӯзи дигаре дилбастагӣ...

Инчунин дар ҳар ѓуруб
Завқ буду ханда буд.
Инчунин чангу чаѓона
Ѓулѓула андар фалак афканда буд,
То ки фардо ҳам барояд офтоб,
То ҳама бошанд аз ӯ баҳраёб.

[1976]

* * *
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боѓи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,
То боѓи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менӯшамаш ба шодӣ бо кулли мардуми даҳр
Рӯи ѓаме набинад то ҳафт пушти инсон!
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017