Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Шеърҳои Тоҷики ҳархела

ОЛИ СОМОН Сомони Сомониён

Тэги:оли сомон | сомони | сомониён | таджикистан орджоникидзеабадский район | турсунзадевский район | города и села таджикистана | таджикистан город душанбе | бахор таджикистан | где находится таджикистан на карте | душанбе координаты | современный таджикистан
Добавил:Admin (14.01.2020 / 09:09)
Рейтинг:rating 102 article (0)
Прочтений:114
Комментарии:0
ОЛИ СОМОН

Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон,
Бӯстоне дар миёни шӯразорон,
Гулхане дар лобалои кӯрдуд,
Паҳлавоне дар миёни нотавонон –
Оли Сомон!

Махзани тилло ба дасти боддастон,
Шоире дар инҳисори худпарастон,
Уфтода ахтаре ногаҳ зи гардун
Дар муҳити золимону зулматистон –
Оли Сомон!

Гӯиё
Як нафас тоҷикро Торих дод ойинае
То дар ӯ бинад нишони хештанро,
То дар ӯ ёбад ҷаҳони хештанро,
Лек шодикаф шуду ойина аз дасташ фитод,
Хештанро ҳам надиду дигаронро ҳам надид...

Гӯиё
Як нафас тоҷикро Торих ҷӯе об дод,
То кунад обӣ макони хештанро,
Даштҳои бекарони хештанро,
Лек шодикаф шуду он об аз ҷӯяш гузашт,
То бидид, оби варо аъдо ба ҷӯи худ кашид...

Гӯиё тоҷик андар дашти бопаҳнои Торих
Ёфт аспи шахлаҷоме,
Хост ҷӯяд манзили номусу номе.
Асп нофармону саркаш...
Ӯ савориро намедонист...
Ногаҳ аз сари асп уфтод...
Бесавора, зин кашола,
Асп дар саҳрои пурфарёди Торих он қадар сарсон давид,
Шиҳа зад, афѓон кашид,
То ба дасти душманон афтоду ҷон аз даст дод...

Оли Сомон!
Давлати навкисаву навхонагон,
Давлати навдавлату навхоҷагон,
Кӯдаки якрӯзаи Торихи тоҷик,
Зодрӯзат ёд бодо,
Ѓӯрамарго,
ѓӯрамарго!..

[1978]

* * *
Суѓдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд,
Дастовезе барои дӯст оташ доштанд.
Яъне чун оташ фурӯзон буд дар дил меҳрашон,
Яъне имону дили бедоѓу беѓаш доштанд.

То қадам монанд андар остони дӯстон
Даври оташ чарх мегаштанд бо рақсу суруд.
То гуноҳи хешро сӯзанд дар оташ нахуст
Пас ба кӯи дӯст по монанд бо арзи суҷуд.

Чун маро аз хоки поки суѓдиён обу гил аст,
Оташи меҳрам ба дил манзил ба манзил меравам.
Хоҳ кӯи ишқ бошад, хоҳ кӯи дӯстон –
Ҳар куҷое меравам, бо оташи дил меравам...

[1979]

* * *
Буд агар Хайём ҳамдаврони мо,
Орзуҳояш ба сомон мерасид.
То ба чархи дигар, афлоки дигар
Дасташ осон мерасид.

Бешак, ӯ мебуд марди ҳамназар
Бо Сиолковиский ё ки Эншитен.
Дар замин меҷуст агар рози фалак,
Дар фалак – рози замин.

Бешак ӯ аз мо фузун ѓам мекашид
Дар ҷаҳони мардию риндигарӣ.
Бешак ӯ меҷуст аз мо бештар
Роҳу расми дилбарӣ.

Лек бо он рӯҳи исёнии худ,
Бо ҳама бебокию азми дуруст
Он ҳақиқатро, ки меҷуст он замон,
Ин замон ҳам боз меҷуст...

[1982]

* * *
Ҷавонмаргони шеъру шоирӣ!
Ҷавонмаргони илму донишу фарҳанг!
Чаро барвақт аз дунё гузаштед?
Сари сабзу забони сурхатонро,
Ҷавониву хушиҳои ҷаҳонро
Фидои як нафас туѓёни эҳсосоти худ кардед,
Шумо афрӯхта сад машъали ҷовид,
дар ҳукми шарар мурдед.

Ҷавонмардон!
Ҷавонмардон!
Рафаэллову Лермонтов,
Дақиқиҳову Шоҳинҳо,
Маяковскию Байрону Лорка,
Ва Мосарту Петефиву Есенинҳо,
Ва Пушкинҳо, Гагаринҳо,
Ҷавонмарг ар намерафтед бо ҳукми худу даврон,
Ҷаҳон беҳтар ҷавон мешуд.
Гар, эй истораҳои аз фалак афтода, дар хоки сияҳ мурда!
Ба рӯи ин замини беситора ҷамъ мегаштед,
Замин кайҳо баланду покрӯ чун осмон мешуд.

[1982]

ВОПАСИН НАФАСИ ХАЙЁМ

Илоҷи дард ҷустан дар ҳама ҳол
Зи тибби Бӯалӣ кори наҷиб аст,
Вале баҳри ҳакиме мисли Хайём
“Шифо”-ро хонда ҷон додан аҷиб аст.

Намеҷуст аз “Шифо” Хайём сеҳре,
Ки сад соли дигар умраш физояд,
Фақат мехост андар вопасин дам
“Шифо”-ро чун дари дунё кушояд.

Фақат мехост бо чашмони Сино
Назар созад ба чашми марг боре.
Фақат мехост андар бистари марг
Варо Сино кунад бемордорӣ.

“Шифо”-ро боз карду чашм пӯшид,
Тамоми дардҳояш бедаво монд.
Миёни сафҳаҳои тибби Сино
Нигоҳи мурдаи дардошно монд.

Ва инак мекушоям ман “Шифо”-ро,
Дилам пур захми носур асту носур.
Ба ҳар захме, ки андар сина дорам,
Ҳама офоқ маъзур асту маъзур.

Ба кулли дардҳои ҷовидона
Ба ҳар дарде, ки бошад ҷурми айём,
Шифобахшӣ гар аз дастам наояд,
“Шифо”-ро хонда мемирам чу Хайём...
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 3

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017