Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Шеърҳои Тоҷики ҳархела
1 2 >>

Шеърҳо Хикояхо дар васфи Модар Падар Дуст Ватан Ғариби Ҷавони Ишқи Тоҷики (Ҳархела)

Тэги:шеърхои исломи ошикона | шеърхои ошики барои чавонон программы | шеърхои ошики барои зану шавхар | шеърхои ошики 2020 | шеърхои ошики умари хайём | зодруз муборак модарчон шеър | сухани табрикоти барои зодрузи модар | таманниёти зодрузи | зодруз муборак стихи | ватанам точикистон шеърхо | шеъри шоирон дар васфи забон | шеърхои математики | точикистон шеърхо | газал дар бораи забон | шеър дар бораи забон лоик шерали | шеърхои ошики | шеърхо дар васфи забон | шеърхои ошики 2020 скачать | шеърхои ошики скачать бесплатно | шеърхо ба зодрузи | мактуби ошик | табрикот барои зодруз | зодруз муборак текст | зодруз муборак азизам 2019
Добавил:Admin (21.01.2020 / 11:32)
Рейтинг:rating 114 article (1)
Прочтений:234
Комментарии:0
Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам каландар мешавам ман.
Бихиште доштам э дил даме дар домани модар,
Фурузон гаштаам э дил зи чашми равшани модар.
Оча очае ба руят зорам очае,
Дар мулки гарибихо чи хорум очае,
Сад сол гузара ба кадри мехрат нарасам,
Бархезу бубин, ки бар чи холум очае.
Очам ба дара, руймоли очам ба дара,
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара,
Як лахзае сар ба руи зонуш монум,
Дилум бигира карор, хобум бибара.
Э ачаи чон шири халолата бубахш,
Шабхои нахобидаи бедорта бубахш,
Ман дар гами ишк зи холат мондам бехабар,
Фарзанди ба дарди ишк беморта бубахш.
Чуз ба дастурии «Колаллох ё Коларрасул»,
Рох марав, фармон мадех, хочат магу, хуччат маёр.
****************************************************************************************************************
БАРОИ ТАМОМИ МОДАРХОИ РУИЗАМИН
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав
ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони
ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ…
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо
ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!
Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нияту азми
ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо
ҷустӣ,
Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак…
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!
Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!
Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.
Кунун имрӯз фарзандат –
ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!
Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
*****************************************************************************************************************************
Модар модаро ганчи бебахоям ту буди
Зи хар офату бало рохи рахоям ту буди
Хар катраи шири ту дарьёи беканорам шуд
Хар лавзи ширинат боми ду чахонам шуд
Аллахои шабхо гуфта хам киссаи ширинат
Аз чашмам наравад хеч шабхои бедориат
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор
Монда буди як руза ин писарро ту Ёдгор
Сари кабрат омадам бо ду зону нишастам
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам
Ба чой овард хохишатро он хохарат ай модар
Ба чойи ту модар шуд ба чонам буд баробар
Кадри бемодари надоштам то он ки холаам буд
Кадр дону мехрубон бачои модарам буд
Ту хам рафти холачон холи чойи модар шуд
Дуньё хама торик бар пеши назар шуд
ечоди хочи пурга
***********************************************************************************************************************
ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ
ҶОНАМ…
Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо….) |
ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ
ҶОНАМ…
Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро…
Модар, ту бароям азизӣ, ғамгусорӣ, ту бароям қадрдонӣ. Ту азизи дили манӣ. Модарҷон, туӣ, ки хонаи мо нур дорад. Ман худро хушбахт меҳисобам, ки дар паҳлӯи худ чунин модари ғамхору меҳрубон дорам. Ай модар, ту ба мисли офтобӣ, ки дар назди худ панч ситора дорӣ ва ба онҳо нур мебахшию равшанӣ ато мекунӣ. Туӣ, ки мо пару боли равон дорем. Модарҷон, ту на танҳо барои ман, балки барои ҳама фарзандонат азизу ширину мӯътабарӣ. Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту то ба ин рӯз расидем. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнатат, он танҳоӣ, он мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузаронидӣ пеши чашмонам намоён мегарданд, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ. Пас мо чаро ҳурмату эҳтиромат накунем, ай модари азобдидаам.
Мо, фарзандон якумр хизмат кунем ҳам ба якшаба ранҷе, ки дар сари гаҳвораамон кашидӣ баробар шуда наметавонад. Ман дар наздат қарздор ҳастам ай модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, ай қиблагоҳи умедам. Модар, ту азизи дили манӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарини манӣ, ту зиндагиву орзуҳои манӣ. Шаб дар хоб ва ҳам дар рӯз фикру ёди ман бо ту аст, ай модари ғамхори ман. Агар қадри ту ва номи некатро надонем, шири сафедат кӯрамон кунад. Ай модари ҷон,касе туро заррае озор бидиҳад тӯфони бало насибаш гардад. Модар, номи некатро бо хати зарҳал навишта, дар қалби худ ҷой кардам, пас ту якумр бо манӣ, дуо мекунам, ки садсолаҳо зинда бимонӣ, ай модари ғамгусори ман. Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд исми шарифи ту дар мадди аввал аст. Модар, ту бузургӣ, аз
нигоҳат,чашмони меҳрборат умед мерезад, хасу хок заррае буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон, кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии ту аст, эй модари ҷон. Хуршеди меҳри ту бузургтарин тармаи сардро об мекунад. Феъли ғазабат девори азимтаринро хароб. Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам «Модар» буд, нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гузоштаам ба сӯи ту буд эй модари ҷон. Модар, зиндагӣ бо ту зебост, зиндагӣ ширин асту ба қимати
ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017