Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои Падар Модар
1 2 >>

8 март иди модарон табрикот шеърхо 2020

Тэги:8 март иди модарон | иди занон | иди занон | иди духтарон | иди модарон табрикот | иди модарон шеърхо | модар шеърхо | иди занон табрикот | 8 март табрикот | 8 март шеърхо | иншо дар бораи модар бихишти орзухо | модар бихишти орзухо | иншои эссе дар бораи модар | модар шеърҳо | иншо дар бораи модар бихишти орзухо | шеър дар бораи модар скачать | мақола дар бораи модар | иншои эссе дар бораи модар | шеъри модар рудаки | модар бихишти орзухо | модар шеърҳо | шеър дар бораи модар 2019 | шеър дар бораи модар 2020 | шеър барои зодрузи модар | эссе дар бораи модар бихишти орзухо | мақола дар бораи модар | шеърхо аз бораи модар | шеъри модар рудаки | 2020 | шеърхо 2020 | шеърхои точики | модар | падар | шеърхои исломи ошикона | шеърхои ошики барои чавонон программы | шеърхои ошики барои зану шавхар | шеърхои ошики 2020 | шеърхои ошики умари хайём | зодруз муборак модарчон шеър | сухани табрикоти барои зодрузи модар | таманниёти зодрузи | зодруз муборак стихи | ватанам точикистон шеърхо | шеъри шоирон дар васфи забон | шеърхои математики | точикистон шеърхо | газал дар бораи забон | шеър дар бораи забон лоик шерали | шеърхои ошики | шеърхо дар васфи забон | шеърхои ошики 2020 скачать | шеърхои ошики скачать бесплатно | шеърхо ба зодрузи | мактуби ошик | табрикот барои зодруз | зодруз муборак текст | зодруз муборак азизам 2019
Добавил:Admin (26.02.2020 / 11:53)
Рейтинг:rating 120 article (0)
Прочтений:6219
Комментарии:2
Иди модарон ба хар яко яки Шумо мубораку фархунда бод. Бари Модарон будану хар лахзаи бо Модарон будан, ин худ Иди бузуг будааст. Модарони худро ганимат шумуред ва хамеша дар хизмати эшон бошед.
Бихишт ки ризои мо дар он аст,
Дар зери кудуми Модарон аст.




************************



Тамоми модаронро ба рӯзи 8-уми Март Иди Модарон сидқан табрик менамояд!
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад





***************************


Ассалому алейкум хохарони гиромикадр, бонувони азиз хамаи шумоёнро ба иди модарон, ба иди сари сол иди бахор табрик намуда, ба шумоён тансихати, хонаободи, дили бегам ва хамаи хушихои рузгорро ба шумо таманно дорам. Бигузор мисли хаминруза аз лабонатон ханда дур нагардад хамеша нуру рахмати Худованд бар болои сари шумо ва хонадонатон резандаву пошанда бошад. Илохо чи орзуву омолеки дар дил мепарваред чомаи амал бипушад. Омин ё раббал оламин.



*******************************


Нестарчахони ман модари азизам иди модарон ба шумо муборак!!! Набудани шумо барои ман хеле вазнинаст. Мекобад шашмонам модари мехрубонамро дилам кабул намекунад набуданатонро. То мекашам ман нафас еди шуморо мекунам бувачон.Азизам ,мехрубонам, нестарчахонам. Иллохо чои хамаи модарои гузаштаро худои мехрубон чаннат кунад дар катораш модари азизи манам омин


************************


МОДАР
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт,
Шабҳо бари гоҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Чун ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.


ҚАДРИ МОДАР
Писар, рав қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар, бечора модар.
Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
Туро беш аз падар, бечора модар.
Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.
Нигахдорӣ кунад нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз,
Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.
Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нағалтад,
Шаб аз бими хатар, бечора модар.
Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар, бечора модар.
Бишӯяд кӯҳна, орояд наватро,
Чу камтар коргар, бечора модар.
Тамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар, бечора модар.
Агар як атса ояд аз димогат
Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.
Агар як сурфае беҷо намой.
Хӯрад хуни ҷигар, бечора модар.
Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ,
Нахобад то саҳар, бечора модар.
Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
Надорад хобу хӯр, бечора модар.
Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
Кашад ранҷи дигар, бечора модар.
Сипас чун по гирифтй, то наяфтӣ,
Хӯрад ғам бештар, бечора модар.
Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.
Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ,
Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
Агар як рубъи соат дер оӣ,
Шавад аз худ бадар, бечора модар.
Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар


Зан-модар тоҷи офариниш

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони у, аз тамоми хастии вай нур меборад. Ин нур рохи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда,аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад. Мехри бехамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли чашмахои пурчушест,ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.
Модар! Зимни ин панч харф чи кадар мехру мухаббат, хушгуфторию хушрафтори, бузургиву мучассамаи хоксори нихон аст. Дар олам мукаддастар аз модар мавчудоте нест. Оре, тамоми хастии вучуди мо аз модар аст, махз бо туфайли чонкохонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин чост, ки мо уро мукаддас мешуморему дар лахзахои душвортарин номашро ба забон мегирему мегуем: Модар! Модарчон! Мехру мухаббати самими модар ва шабзиндадорихои модар-ин хамаро бо хеч чиз баробар натавон кард. Модар хаст,ки мо хастем. Кист он кассе, ки
суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди у бахра наёфта бошад.Модар! Ту чашмаи хаёти инсон хасти ва хаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонхои чахон якхел оханги навозишкорона дорад. Сини инсон чанде ки набошад, хох 5 хох 50, барои у модар-навозишу нигохи вай зарур аст. Ва хар кадаре,ки мухаббати касс ба модарзиёд бошад, хаёт хамон кадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту хеч бахоре зебо ва хеч тирамохе пурфайз нахохад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне хасти,ки рохи фарзандатро равшан месози.
Модарам ту ягона вучудаму рафикам, эхсону дастгирам дар парешонхолию шарикам дар гаму андух, лаззатам дар хаёту рохатам дар мамот, ту табассуми хаётбахши сари гахвораю суруди чахонгири сахаргохам. Ту худ чон ба каф гирифта, маро ба дунё оварди, хаммаслаки ситорахо гардида, дар сари гахвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуди, бо чашмони хастаат бониям кардию бод или афсудаат химояаам.
Модар-зан аст. Зан бошад олихаи хусну малохат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханхои мехрбор гуфтаанд:
Хамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавчудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имруз сохае нест, ки дар онхо занхо кор накунанд ва дар чамъияти имруза занхо дар баробари мардхо истода кору мехнат мекунанду мамлакат аз дасти онхо гул мекунад.
Хамаи касбхо хубанд, лекин аз хамааш хам касби омузгориро меписандам, зеро дар оилаи омузгор ба дунё омадаам.
Омузгор! Барои тасвири симои ботини ва зохирии сохиби ин касб калами хеч суханвар ва хеч рассом кудрат надорад, зеро дар чехраи омузгор хатхои ноаёне мавчуданд, ки мухаббати у нисбат бакасбу хонанда ва
ватан акс ёфтаанд. Омузгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошики касби хеш буда, маънии хаёташ хизмат ба мардум аст. У шахсест, дилсузу мехрубон ва хакикатгуву захматкаш мебошад.
Агар замину растанихо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд аз нкри пурмехри омузгор бахра мегиранд, ба куллахои баланди бахту саодат ва орзухо мерасанд. Устод дар дили шогирд машъал меафрузад, барои ба даст овардани бахту толеъ рохи уро мунаввар месозад.
Дар симои чунин модари дилсузу гамхор, устоди азизу мехрубон, ман муаллимаи худро, ки маро мисли фарзандашон дуст
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 7

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017