Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Табрикот

Табрикот шеърхо барои ба дӯст ошно бародар додар брат Зодрӯз муборак!

Тэги:табрикот бо забони точики | табрикоти зодруз ба бародар | табрикоти зодрузи барои хохар | зодруз муборак дустам | суханхо дар васфи зодруз | табрикоти ба зодрузи модар | зодруз муборак бародари азиз | табрикоти зодрузи барои дустдошта | табрикот шеърхо барои ба дӯст ошно бародар додар брат зодрӯз муборак
Добавил:Admin (09.04.2018 / 12:20)
Рейтинг:rating 85 article (1)
Прочтений:9174
Комментарии:0
табрикот бо забони точики,табрикоти зодруз ба бародар,табрикоти зодрузи барои хохар, зодруз муборак дустам, суханхо дар васфи зодруз, табрикоти ба зодрузи модар, зодруз муборак бародари азиз, табрикоти зодрузи барои дустдошта,Табрикот шеърхо барои ба дӯст ошно бародар додар брат Зодрӯз муборак!


Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»
Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад, эй дӯст.
Дилат эй дӯст ҷои меҳрубонист,
Ки саршори шароби арғавонист.
****
Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!
Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»
****
Толеъи накӯи бемисолат хоҳем,
Иқболу хушӣ дар ҳама ҳолат хоҳем.
Хушбахтиву фирӯзиву ҳам барноӣ,
Эй дӯсти азиз дар ҳама ҳолат хоҳем.
***
Рӯзи мавлудат муборак бод, гӯён ин дуо,
Аз Худои меҳрубони хеш кардем илтиҷо.
Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,
Ишқ бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
***
Эй дӯсти азиз ҷашни зодрӯз муборак,
Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дӯст.
***
Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дӯстон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.
*****
Мегӯянд барои инсон ҳазор дӯст кам аст. Аммо баъзан як дӯст метавонад ҷои даҳҳо дӯстро бигирад. (номи дустатон) аз ҳамин қабил дӯстон аст. Дӯсти ҳақиқӣ, самимӣ ва ҷонӣ… Мавлуд муборак, дӯстам! Ҳазорсола шаведу мо ҳам бинем
****
Салому дуруди бепоён дӯстам ______ Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшани бахшад, имонатон бузургтар гардад.
Хамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед, аз даргоҳи Худованд: тансиҳатӣ, хаонаободӣ, осмони соф, хушбахтӣ, умри дароз ба Шумо хоҳонам.
Мавлуд Муборак Бошад дӯстам ____ !!!
****
Рӯзгорат бар мурод , Рӯзҳоят шод шод,
Осмонат бе ғубор, саҳми чашмонат баҳор,
Калбат аз ҳар ғусса дур, базми ишқат пурсурур,
Бахту тақдират қашанг, умри ширинат баланд,
Сарнавиштат тобнок, ҷисму руҳат пок пок.
Дидагонат аз ҳамеша шодтар , шаҳри қалбат зиндаву ободтар,
Ғуссахоят дам ба дам эй мехрубон,
Дар гузаргоҳи замон барбодтар.
****
Дӯсти азизам! Ин рӯзи неки зиндагиро бароятон аз номи худ, аз номи ахли байту хонаводаи худ таҳният мегӯям! Бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ, умри дарози пурбаракату бенуқсон амалигардии тамоми орзуву ниятҳои неки диниву дунявӣ ва осмони софу дар зиндагӣ роҳи сафедро аз даргохи Худованди бузург талаб дорам!
Илоҳо ҳамеша ба бахти падару модаратон сиҳат саломат бошед ва номбардори эшон бошед! Рӯзи зодрӯз муборак бародари гиромиқадр!
*****
Муборак рӯзи тавлидат, муборак!
Муборак шодиву идат, муборак!
Шуда ҳалка ба даврат дӯстонат,
Муборак базми ҷамшедат, муборак!
****
Ман туро табрик гӯям додарам,
Ман дуогӯи туям то зиндаям.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
****
Муборак, зодрӯзат ҳар сари сол,
Ало эй марди дурандешу Хушфол.
Пас аз чил ҳам натарс аз ҳеҷ сахтӣ,
Ба гардун мисли уқобон бизан бол.
Латифаҳо
Рӯзе марду зан оинаи нилгунро тамошо мекарданд, онҳо филми ужас медиданд. Вақте ки ужас ваҳ-ваҳ гуён аз наздик намуд.
Зан гуфт:
Вах модарҷон
Мард гуфт:
Ҳа монанд модаратба.
(Дилноза Мирзоева)
***
Марде як илоҷ карда ба донишгоҳ дохил шуд. Вале бахташ омад намекарду ҳамасола дар курсаш мемонд. Ҳамин тариқ, дар курси якум 1 сол, дуюм 5 сол, сеюм 7, чорум 8 ва дар курси панҷум 12 сол таҳсил карда, то синни 59 хатм карда натавонист. Устодон як сол қабл аз ба нафақа баромаданаш гузашт карда, баҳо мемонанд. Ва сипас аз ў хоҳиш мекунанд, ки дар давоми 33 соли таҳсил ақалан байтеро азёд хонад.
Мард мегўяд:
«Ман калон мешавам,
Қаҳрамон мешавам!»
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Муаллими забон:
- Калимаи сар кадом намуди исм аст?
Донишҷў:
- Исми махфӣ.
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Муаллим:
- Мавзўи вазифаи хонагиро гап зан.
Хонанда:
-Гап намезанам.
Муаллим:
- Чаро?
Хонанда:
- Худатон дирўз гуфта будед, ки «Даҳони пўшида сад тилло».
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Профессор аз нодонии шогирдаш бадқаҳр шуда мегўяд:
- Дар каллаат ягон чиз ҳаст? Гап зан!
- Устод, дар каллаи ман аз каллаи шумо дида мўй бисёртар, дар ҷавоб мегўяд донишҷў.
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Донишҷўе ҳангоми таътил ба деҳа рафт.
- Пўст болои устухон шидай…-ўро дидан замон гуфт модар нороҳат шуда.
- Ҳеҷ чиз намехўрдӣ, ки ин қадар лоғарӣ? пурсид падар низ ҳайрон монда.
- Аз хўрдана ҳамин хел шудам, ҷавоб дод писар.
- Чӣ мехўрдӣ, ки?…
Шаб то саҳар дар хобгоҳу саҳар то нимрўз дар синфхона хунук мехўрдаму нимрўз то бегоҳ ғам. Аз бегоҳ то вақти хоб бошад, афсўс…
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Довталабе ба Донишгоҳи омўзгорӣ занг зада пурсид:
- Алло, факултаи забонҳои хориҷӣ?
- Не, шумо нодуруст… афтодед.
- Ҳанўз ҳуҷҷат насупорида?!
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Донишҷўе аз ғояти дарди шикам печутобхўрон ба беморхона меравад.
-Чӣ хўрда будӣ?- мепурсад духтур.
- Ду табақ оши палав.
- Танҳо хўрӣ, ҳамин хел мешавад.
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
- Духтари зебо, шуморо дар куҷое дидаам, вале ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.
- Ман ёд дорам, дар Боғи ҳайвонот, бо хашм гуфт духтар.
- Ҳа, ёдам омад. Дар катаки рў ба рў худат меистодӣ!
(Умар Шеров хонандаи мактаби №17)
***
Як студент бе сумай, ба як мардак мега биё дар клеткаи маймун як руз бест сумут метем, «проверка» мебиёя выручатмон ку братан. Студент 200 сомонида розӣ меша. Студенти мединститут пусти маймуна мепуша медроя клеткада мешина. Ба «проверка» мебиёя мебина, мега ҳо ина маймунам бдай кани маймуна дар клеткаи шер дрорен ҳардуш ҷанг мекнан? Медроран клеткаи шерда студент гиря мекна мега акаи шер ма маймун нестм мара нахр гиря дора, шер мега ғамша нахр марам студенти славянскиюм
(Юнусов Парвиз – хонанда)
***
- Алло, Шумо роҳбари синфи панҷи «Б»? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.
- Кӣ гап мезанад?
- Падари ман.
***
- Муаллимаҷон, оё одамро барои ҳеҷ кор накарданаш ҷазо додан мумкин аст?
- Не, ҳеҷ гоҳ!
- Муаллимаҷон, ман вазифаи хонагиро иҷро накардам!
***
Муаллима мепурсад:
- Ту барои чӣ дер кардӣ?
- Дар роҳ ба ман роҳзанҳо ҳуҷум карданд!
- Ягон чизатро гирифтанд?
- Ҳа, дафтари вазифаи хонагии иҷро кардаамро!
***
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 3

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017