Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Табрикот
1 2 >>

Паёми табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Тэги:накши президенти чумхурии точикистон дар тахкими сулху вахдат иншо | мактуб ба президенти чумхурии точикистон | асосгузори сулху вахдат пешвои миллат иншо шеърхо дар васфи эмомали рахмон | эмомали рахмон пешвои миллат реферат шеъри эй пешвои миллат эмомали рахмон пешвои миллат иншои озод иншо дар бораи эмомали рахмон | табрикнома табрикот барои бо иди зодрузи муаллим муаллима устод | бузургон дар васфи муаллим | шеър дар бораи устод муаллим | табрикот зодрӯз | сахнача дар бораи муаллим | табрикот барои зодрузи | иншо дар бораи устод | скачати шеър дар бораи муаллим | табрикоти зодруз ба дуст ҳамватанони азиз
Добавил:Admin (09.04.2018 / 12:26)
Рейтинг:rating 87 article (0)
Прочтений:821
Комментарии:0
накши президенти чумхурии точикистон дар тахкими сулху вахдат иншо, мактуб ба президенти чумхурии точикистон, асосгузори сулху вахдат пешвои миллат иншо шеърхо дар васфи эмомали рахмон , эмомали рахмон пешвои миллат реферат шеъри "эй пешвои миллат эмомали рахмон пешвои миллат иншои озод иншо дар бораи эмомали рахмон,Табрикнома табрикот барои бо иди зодрузи муаллим муаллима устод, бузургон дар васфи муаллим ,шеър дар бораи устод муаллим ,табрикот зодрӯз ,сахнача дар бораи муаллим ,табрикот барои зодрузи ,иншо дар бораи устод ,скачати шеър дар бораи муаллим, табрикоти зодруз ба дуст
Ҳамватанони азиз!

Ҳабдаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.
Дар ин рӯзи саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад.
Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем.
Қабул намудани андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд.
Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.
Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.
Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Бори дигар таъкид месозам, ки дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем.
Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд.
Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад.
Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медодем, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созем.
Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.
Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем.
Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад.
Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад.
Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад.
Борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад.
Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад.
Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида- миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд.
Бешак, барои ҳифзу ҳимояи он бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад.
Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем.
Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.
Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем.
Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017