Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои Хоҳар бародар додар дуст

Табрикот барои ҷура рафик бародар дуст дугона зодруз

Тэги:зодрӯз | рафиқ | табрикот | 2020 | табрикот | табрикнома | табрикот барои дуст | табрикот зодруз | табрикнома барои зодруз | табрикнома | табрикнома барои зодруз
Добавил:Admin (19.02.2019 / 21:26)
Рейтинг:rating 90 article (0)
Прочтений:698
Комментарии:0
Табрикоти зодрӯзи – ҷура, рафиқ ё дӯст х

Ай дусти азизам

Имрӯз ки ба 25 қадам ранҷа намудӣ, ба тӯ зодрӯзро табрик гуфта бароят умри зиёди пурбаракат, тансиҳатии бардавом, таъби болида ва як ҷаҳон неъмати Худовандро таманно дорам!

Бигузор дӯстии мо то абад поянда бошад ва илоҳо қомати ту хамиро набинад!

Табрикот ба зодрӯзӣ ба дугона!
Шабнамхон ту ки имрӯз ба 18 соли ҳаёти ҷавонӣ ноил шудӣ, мехоҳам бароят рӯзи зодрӯзатро тарбрик гуфта аз номи худ ва аз номи ҳаммаи аъзои оилаамон ба шумо таманиёти беҳамто, саломатии комил, саодати беҳтарин ва орзуҳои амалишавандаро таманно намоям.

Табрикот ба ҷураи кӯдакӣ!
Рустамҷонро имруз туро ба рӯзи зодрузат табрик меккунам ва мехоҳам, ки як нафари бузург дар ҳаёт шавӣ ва обрӯи оилаатону дустон шавӣ. Ба ту инчунин ҷисми бедард, киссаи пур аз пул ва лабони пур аз табассумро орзумандам. Ҳар хоҳише, ки дар дил мепарварӣ бигузор ҷомаи амал пӯшад! Муборак зодрӯз!

Бо эҳтиром,

Дустонат: Алишер, Фарҳод, Хуршед, Камол, Суҳроб ва Диловар.

Табрикоти шиноси дерина!
Дусти (дугонаи) деринаву азизи худро имрӯз бо зодрузаш табрик мегуям ва орзумандам, ки чашмонат доимо пурнур, дилат гарму нарм, чеҳраат ширину зебо, хонаат доимо обод бошад! Ҳеҷ вақт дар зиндагиаш камиро набинӣ ва Парвардигор дар паноҳи худ нигоҳ дорад. Хушбахту сарбаланд боши!

Бо эҳтиром,

Табрикот барои Шинос ва ҳамсояи шумо

Табрикоти дӯсти нав !
Эй дӯсти нави манн! Ба шумо рӯзи зодрӯзро табрик гуфта бароятон танҳо некиҳои ин дунёро таманно менамоям. Ҳеҷ вақт дар зиндагиатон душвориҳои ҳалнашванда наздатон набошад, қади афрохтаи шумо шуълавару ободии ҳар ҷамъият бошад. Мехоҳам ки дӯстии мо беохир ва беназир бошад. Ҳар куҷое қадам гузоред, сарсабзу поянда гардад! Муборак ба шумо зодрӯз дусти гиромиқадр
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 3

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017