Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Мавзуъхо Барномаҳо
1 2 3 >>

Парчам ва Нишони давлатӣ аз муқаддасоти миллист

Тэги:маълумотхо дар бораи парчам | маънои ранги парчами точикистон | сухан дар бораи парчами милли | сухан дар васфи парчам | парчами нангу номи мо иншо | шеъри парчами точикистон се ранг карда дар бар | парчами точикистон парчами ному нанги мо | эссе дар бораи парчам | нишони давлатии тоҷикистон | маълумот дар бораи нишони давлатии точикистон | шеър дар бораи нишони давлати | рузи нишони давлатии чт | нишони давлати чумхурии точикистон | шеьр дар бораи нишони давлати | нишони ҷумҳурии тоҷикистон | маънои ранги парчами точикистон
Добавил:Admin (13.01.2020 / 14:42)
Рейтинг:rating 96 article (0)
Прочтений:29
Комментарии:0
screen"Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд"
Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчам яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикон дар тӯли таърих дирафшҳои гуногун доштанд, ки намунаи барҷастаи онҳо дирафши Ковиён аст. Пас аз фурӯпошии Аморати Бухоро соли 1921 Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъсис ёфт. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг - сабзу сурх ва тасвири моҳу ситора, ҳамчунин дар канори чапи рӯйи хати сабз навиштаҷот бо хати арабиасос: "Султон сояи Оллоҳ дар замин аст" иборат буд. Баъд ба ҷои он навишта БНСР, яъне "Бухарская Народная Советская Республика" пайдо шуд. Бо таъсиси ҷумҳурии автономӣ (1924) ва сипас Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ранги парчам сурх шуд ва дар канори чапи он акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ "Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!" ҷой гирифт. Парчам соли 1953 тағйир ёфт. Он аз боло то поён сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз ва дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача дошт.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибисти қ лол 24 ноябри 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора қабул шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, 24 ноябрро рӯзи Парчами миллӣ эълон кард. Ин ид дар шароити корӣ таҷлил мегардад. Ма қ сад аз ин ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун му қ аддасот ва рамзи давлат мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маъракаҳои идона баргузор мегарданд. Дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳамчунин дар биноҳои идораву корхонаҳо парчами миллӣ барафрохта мешавад.
Боиси ифтихор аст, рӯзи 30 август дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки тӯли сутуни он ба 165 метр мерасад, барафрохта шуд. Дарозии парчам 60 ва бари он 30 метр буда, аз тамоми гӯшаву канори пойтахт намудор аст. То кунун баландтарин сутуни парчам дар Озарбойҷон буд, ки дарозиаш ба 162 метр мерасад. Қабл аз он баландтарин сутуни парчам дар Кореяи Шимолӣ 160 метр, дар Туркманистон 133 метр, дар Урдун 127 метр, дар Амороти Муттаҳидаи Араб 123 метр, дар Малайзия ва Бразилия 100 метр мавҷуд буд. Хушбахтона, Тоҷикистон дар байни ҳамаи онҳо ма қ оми аввалро ишғол кард. Сохтмони сутуни Парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз гардид. Сохтусози онро кормандони ширкати "Алюминбинокор" ва ширкати байналмилалии "Tzldent Support" ба ӯҳда доштанд. Сутуни Парчам аслан аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад ва аз масофаи дур дида мешавад. Бешубҳа, шукӯҳи шаҳомати Парчам дар зеҳни мардум ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, муҳаббати ҳар тоҷику тоҷикистониро нисбат ба Ватан афзун мегардонад.
Нишони давлатӣ низ аз му қ аддасоти миллат ва ифодагари давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ҳуҷҷати расмии давлатӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз моҳи феврали соли 1929 нахустин нишони Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистони Шӯравӣ бо акси досу болғаи зарҳалӣ, офтоби нурафшон, хӯшаи гандум, шохаи шукуфони пахта қабул гардид, ки дар рӯи он шиори "Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!" бо ҳуруфи лотинӣ ба забонҳои русиву тоҷикӣ сабт гардида буд. Сипас моҳи феврали соли 1931 тарҳи нави Нишони давлатӣ дар анҷумани 4-уми Шӯроҳои Тоҷикистон бо тасвирҳои ситораи панҷгӯша, досу болға, роҳи оҳан ва ҳамон шиори мазкур пазируфта шуд. Соли 1940 бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рассоми рус Александр Яковлев тарҳи нави Нишони Тоҷикистонро таҳия намуд. Ҳамон сол раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ матни таркиби Нишонро аз лотинӣ ба русӣ иваз кард.
Соли 1978 ҳангоми қабули Конститутсияи Тоҷикистон Нишони ҷумҳурӣ иваз ва дар он хӯшаи гандум, пахта, офтоб, кӯҳ, ситораи панҷгӯша, досу болға тасвир ёфта, боз ҳамон шиори даврони Шӯравӣ ҳифз карда шуд. Дар замони исти қ лолият дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҳангоми қабули Нишони давлатӣ, ки акси шер дошт, баҳсҳои зиёд сурат гирифт. Онро вакилон пазируфтанд, вале дар моҳи декабри соли 1993 он акс аз Нишон бардошта шуда, ба ҷои он Нишони кунунии давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хуршеди тобон, кӯҳҳои сарбаланд, китоби бозшуда дар болои курсӣ, хӯшаҳои гандум ва шохаҳои шукуфтаи пахта қабул гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ муҷассамаи Нишони давлатӣ дар паҳлӯи рости Қасри миллат ифтитоҳ ёфт. Баландии Нишон 5 метр буда, дар болои пояи баландиаш 40 метр насб карда шудааст, ки ба маҷмааи иншооту биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар шукӯҳу шаҳомати хос зам намудааст. Бо пешниҳоди Сарвари давлат ин мавзеъҳо яке майдони Парчами давлатӣ ва дигаре майдони Нишони давлатӣ номгузорӣ шуданд.

Љашни Рӯзи Парчами давлатӣ эњтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми хал қ и тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳа қ қ и давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост. Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишваророӣ будани онҳо аст. Парчам аз аҳди қ адим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Хал қ и тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳу қ у қ и башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфтани он соҳаи ҳарбӣ на қ ши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мав қ еи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирузӣ будааст. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд ва ин анъана то ба имрӯз бо қ ист. Бино ба достони «Заҳҳок ва Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор шӯрида, пешбанди чармии худро ба сари найза кашида, хал қ ро ба шӯриш даъват кардааст ва ба пирӯзӣ расидааст. Ба ин васила, шоҳ Фаридун ба тахт омада, он пешбанди Коваи музаффарро «Ковиёнӣ дирафш» (дурафш) хондааст. Дирафш аз муродифҳои бостонии парчам аст. Фирдавсӣ ин ҳикоятро ба риштаи назм кашидаст. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва баъд ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки дирафш аз муродифҳои бостонии парчам аст. Таърихнигорон овардаанд, ки дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору гурӯҳ ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст. Тиб қ и Энсиклопедияи советии тоҷик парчам рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ,
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017