Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Мавзуъхо Барномаҳо

Барномаи таёр барои гузаронидани рузи Муаллим устод

Тэги:рубои дар бораи муаллим | табрикот барои рузи омузгорон | бузургон дар бораи муаллим | чумла дар бораи муаллим | суруд дар васфи устод | эссе дар бораи устод | муаллим эссе | рубои дар бораи муаллим | бузургон дар бораи муаллим | табрикнома барои муаллима | байт дар бораи устод муаллим | чумла дар бораи муаллим | суруд дар васфи устод | скачати шеър дар бораи муаллим | эссе дар бораи устод | хикоя дар бораи устод | 2020
Добавил:Admin (13.01.2020 / 14:51)
Рейтинг:rating 97 article (0)
Прочтений:113
Комментарии:0
Мақсади дарс:Ба талабагон маълумот додан оид ба касби омӯзгорӣ.
Мафҳумҳои асосии мавзӯъ:Тасаввуроти талаба оид ба касби омӯзгорӣ,дониш,ақида, эътиқоди талаба оид ба ин касб.
Васоити таълим:аёниятҳо,газетаҳои деворӣ,воситаҳои техникии таълимӣ,слайдҳо
Ассалому алайкум меҳмонони олиқадру гиромӣ талабагони азиз ҳамаи шумоёнро ба ин кошонаи илму маърифат нури дида тоҷ бар сар мегӯям.
Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим ҷамъи ахбори парешон.
Муаллим,омӯзгор –воҷаҳое ки барои фарзанди инсон ошное муқаддас.Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш,
фарҳангу адаб ва оинаи миллат таҷассум меёбад.Инак суханро ба барандаҳои ширинсухан медиҳам .

Барандаи1
Ҳар субҳи фирӯз,хурсанду хандон,
Ба сӯйи мактаб,равем шитобон.
Қабул намояд,бо меҳри тоза,
Дар саҳни мактаб,моро ҳамеша.
Муаллими мо,муаллими мо!
Барандаи 2
Соҳиби дониш бинмудӣ моро,
Бахшиди бар дил файзу сафоро.
Сарсабзии мо аз меҳнати туст,
Чун модари дорем мо дӯст!
Муаллими мо,муаллими мо!
Барандаи 1
Ассалому алайкум меҳмонони гиромиқадр,меҳрубон,хонандагони азиз!Мо имрӯз дар арафаи ҷашни касбии яке аз шахсиятҳои арзандатарини ҷамъият –омӯзгорон қарор дорем.Аз фурсат истифода бурда мо, бо шогирдони Шумоён,устодони азизамонро бо фарорасии иди касбиашон табрику муборакбод намуда,ба ҳамаи шумоён пеш аз ҳама тансиҳатӣ умри дароз хонаободӣ,бахту иқболи накӯ,дар тарбияи насли наврас бошад,арин комёбиҳои назаррасро таманно дорем.Идатон муборак муаллимони азиз!
Барандаи 2
Устод! Дар баробари ба забон гирифтани ин калима дар назари мо шахси азизу мӯътабар парваришгори маънавиёти инсонӣ таҷассум меёбад. + ягона шахсест, ки барои илмро аз худ кардани шогирдан щам мехӯрад, ба ақидаи ибни Ямин гуфтаам, ки
То он ки тифл хонаду соҳибназар шавад, Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад, Лаънат ба он касе, ки пасаз хатми хонданам Аз меҳнати муаллими худ бехабар шавад.
Барандаи 1
Муаллим машъали роҳи ҷамоат,
Бувад сайқалдеҳи ақлу заковат,
Ҳар инсон назди ӯ ёбад такомул.
Муаллим шаҳгуле дар бощи миллат.

Барандаи 2
Ало эй ҳофизи хушхон,
Ато кун дар дилу рагҳои мо тущёни шодмонӣ.
Суруди Муаллим дар иҷрои хонандагон
Барандаи 1
Муаллим касби инсонсоз дорад,
Калиди қулфҳои роз дорад.
Хамири хом созад нони пухта,
Дар ин роҳ санъати эъҷод дорад.
Барандаи 2
Эй гули садбарг биё рақс кун,
Бо лаби пурханда биё рақс кун.
То бикунад рақс дилу ҷони ман,
Бо дили пурмеҳру вафо биё рақс кун.
Барои табрикоти муаллимони олиқадр рақс дар иҷрои гулдухтарон.
Барандаи 1
Сухан дар бораи муаллим дар иҷрои Файзиева Нигина.Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст.Яъне омӯзгор ибратомӯзест,ки
Ҳар калому ҳар нигоҳи қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.Омӯзгор касест,ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист.Устод касест,ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш,кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст.
Барандаи 2
Муаллим фахри даврон буду бошад,
Азизи ҳар як инсон буду бошад.
Ба қадри равшанӣ кас мерасад шаб,
Чарощи нурафшон буду бошад .
Барандаи 1
Бувад ҳар кор бе устод душвор,
Нахуст устод бояд в-он гаҳе кор.
Барандаи 2
Ташаккур бар ту бодо устодам,
Ман аз щамхорият бисёр шодам.
Туро як умр хоҳам кард таъзим,
Ки бар ман додаи бо сидқ таълим.
Барандаи 1
Бале, омӯзгор он аст,ки инсонро ба кӯи донишу саодат роҳбарӣ менамояд.+ст,ки месӯзаду месозад,меомӯзад ва меомӯзонад.Аз ин рӯ, устодро ҳурмат мекунанд,ба мақомаш дар ҷомеа арҷ мегузоранд.
Барандаи 2
Омӯзгор шамъро мемонад,ки худро месӯзаду роҳи дигаронро равшан менамояд.Бале муаллим шахсе ҳаст,ки ба ситоиш арзанда сазовори ниё ва ифтихори ҳар як шогирди бовафо.Ҳама ҳарфи накӯе дар сифати омӯзгор гӯем ҳам кам аст.Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем,нуре гӯем ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад.
Барандаи 1
Сарҳалқаи зерини пайвандгари имрӯзу фардост,омӯзгор!Маънибахши ҳастии мо,шаҳду талошҳои мост!Ҳастии ӯ,азму талоши ӯ,кафолат ва дурахшонтару шарарезтар аст.Аз ҳиммати ӯ ки мо «Аз хуб ба хубтар мешитобем!»
Барандаи 2
Сано бар қалбиҷӯшони муаллим ,
Ба эҳсону ба паймони муаллим .
Чу субҳи босафо бинам ҳамеша,
Рухи хандону тобони муаллим.
Барандаи 1
Таълим диҳад дарси накӯкории даврон,
Дар тарбияташ нури ҳаёт аст дурахшон.
Пайваста нишинад ба саробонии хурдон,
Ҳар лаҳза бувад сарвари щамхор муаллим.
Оре устод…ҳар инсоне ки дар ин дунё умр ба сар бурдааст,зиндагӣ дорад,албатта дар ягон соҳа устоди худро дорад.Дар зиндагӣ устоди аввалин ҳаёт аст,ки Худои таъоло баҳри мо ато намудааст.
Барандаи 2
Аё устод чашмам во ту кардӣ,
Ҷаҳони нав ба ман эҳё ту кардӣ.
Зи асрори сухан воқиф набудам,
Сухандонам дар ин дунё ту кардӣ.
Муаллим чӣ калимаест,ки дар дилу забони мо садо медиҳад.Муаллим шахсест,ки тамоми ҳастияшро ба шогирдонаш мебахшад ва барои тарбия намудани насли наврас ҳамеша кӯшиш мекунад.Орзуи доимиаш фарзанди солиму бомаърифат тарбия намудан ба ҷамъият аст.Оре,муаллим мисли чашмаест,ки щубор надорад ва оби шифобахши он лаззате дорад такрорнашаванда.Мақоми муаллим дар ҳама давру замон баланд буда,ҳамеша маҳбубу гиромидошти инсон ба ҳисоб меравад.Муаллим инсонест,ки тамоми вуҷудашро ба меҳнат дода даст аз хомаву дафтар ва китоб дур намекунад.Муаллим дар ҳамаи давру замон пешво ва доно аст.Устод монанди маҳтоби шаб нурҳои зарҳалии худро,донишҳои худро барои ситорагони осмонӣ пош медиҳад.
Барандаи 1
Щурури ман зи гардунҳо баланд аст,
Баландии тавозуям дучанд аст.
Щурури ман ба аҳли кибр тозад,
Тавозуям ба халқи мустаманд аст.
Барандаи 2
Бо ҳамин ба чорабинии имрӯза ҳусни хотима мебахшем.Омӯзгорони нотакрор,суханварони боиродаву пурибтикор,бонуҳои хушсалиқаву пуртакрор тавонистаанд,дар маҳаллаи нахустин бо қувваю тавонои хастагинопазирашон ба майдони маориф ворид гардида,барои боло бурдани табъу завқи шогирдон мақоми арзандаро сазовор гардидаанд.Мо мехоҳем ҳамеша омӯзгори арҷманди мо бо ҳамон назофати рӯҳонӣ,бо ҳамон як хирмани гули адаби тоҷикона бар сари минбарҳои баланди сухан биёянд ва баҳри шогирдони худ бигӯянд.
Биёед, эй рафиқон ҷамъ бошем.
Барои зиндагӣ чун шамъ бошем,
Ватан обод бошад чун баҳораш.
Вафодору ба ному нанг бошем!
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 7

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017