Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои Ватан Тоҷикистон

Шеър дар васфи ватан КӮҲИСТОН

Тэги:шеърхо дар бораи ватан лоик шерали | ватан точикистон | суруд дар васфи ватан mp3 | ватанам точикистон шеърхо | сурудхои точики дар бораи ватан | шеър дар бораи точикистон бо забони англиси | шеърхои мирзо турсунзода дар бораи ватан | иншо дар бораи точикистонватан точикистон | шеър дар бораи точикистон бо забони точики | скачат шеър дар бораи ватан | шеър дар бораи точикистон бо забони англиси | шеърхо дар бораи ватан лоик шерали | суруд дар васфи ватан mp3 | сурудхои точики дар бораи ватан | шеър дар васфи ватан мирзо турсунзода
Добавил:Admin (14.01.2020 / 08:57)
Рейтинг:rating 98 article (0)
Прочтений:26
Комментарии:0
КӮҲИСТОН

На масҷид монда, на минбар, ҳама вайронаву абтар
Намеояд дигар бар гӯш овози азонхоне.
Ба тоқу бар равоқи хонақоҳи бехудо холӣ
Кабӯтарҳои саҳро мекунанд акнун парафшонӣ.

Зи меҳробаш биёяд хониши гунҷишкҳо бар гӯш,
На овози кашишдори муаззин – ҳайкали фанде.
Дигар бар печи дастори сафеди мӯсафедон ҳам
Малоикҳо намешинанд чун файзи худовандӣ.

Ҷавонон пои маҳсӣ хонда оятҳои “Қуръон”-ро,
Дигар бар сӯи масҷидҳо худокобӣ намеоянд.
Саҳар ё шом пирони батоат рӯи ҷойандоз
Саропо гӯшу ҳуш бонги муаззинро намепоянд.

Паямбарҳо муаллақ мондаю ночор
дар байни худою бандагони ӯ,
Ба мисли содадузде, ки ба даст афтад шаби маҳтоб.
Замин аммо, агар коранд, ҳосил медиҳад ҳар сол
Ба деҳқони сабукдасти ба айёми дарав бехоб...

Дигар расму таомулҳои аҷдодӣ фурӯ мурданд,
Ки баҳри пойдорӣ ҳар яке муҳри худоӣ дошт.
Ба чашми мардумони хоксору содаи куҳсор
Чу мероси азизи модарон қадру сафое дошт.

Вале ман зинда хоҳам кард он расму таомулро,
Ки бар он муҳри дасти рӯзгорон пахш гардида.
Ҳамон расму таомулро, ки бо он мардумони пок
Чашида пухтаю хоми ҳаёту умр варзида.

Ман омухтам аз он расму таомул дилшиносиро,
Ба тору пуди одамҳо бипечидан, напечидан.
Нахустин панди қадру эътибори дӯст донистан,
Нахустин панди кайфароварӣ бар фитнаи душман.

Дар ин ҷо гар биёяд меҳмони хушдилу нийят
Шарофатманд меҳмоне, ки хушпою қадам бошад.
Пас аз ӯ чанд муддат хонаро ҳаргиз намерӯбанд,
Пас аз ӯ хонарӯбӣ як гуноҳи пурситам бошад.

Намерӯбанд, то файзи қадамҳояш, дуою нийяти покаш,
Шарофатҳои дидораш нагардад чангу бод алъон.
Агар меҳмони бепою қадам, бехосият бошад,
Пас аз ӯ нақши пояшро зи рӯи хок мерӯбанд,
Фиканда аз пасаш лахча, “Раҳат бодо сияҳ!”-гӯён.
Ҳамин аст, эй бародар,
Ҷумлаи мероси ман аз санги кӯҳистон!

5.04.1966 – Новороссийск

БАҲОРИ КӮҲИСТОН

Лола – раққосаи машъалдоре,
Бойчечак – шафақи субҳона.
Сабзаҳо – кокули нобофтае,
Мезанад бод ба нармӣ шона.

Кӯҳ монанди манор аст баланд,
Ҳама дам сокиту пурасрорест.
Обшор аз бари ӯ пош шуда,
Ҷониби дашту биёбон ҷорист.

Гули бодом шукуфад ба нахуст,
Ҳамчу пайѓамбари оѓози баҳор.
Бод ҳар сӯй давад мастомаст,
Талабад аз ҳама “Тӯёна биёр!”

Даштҳо ҷомаи атлас пӯшанд,
Духтарон махзани дил боз кунанд.
Остин барзада то соидгоҳ
Паи сӯзондани мо ноз кунанд.

Аз нафасҳои баҳории замин
Нафаси гарми муҳаббат ёбанд.
Ошиқон чун гули камёби баҳор
Дар чаман гӯшаи хилват ёбанд.

Теппаҳо гунбази зангорӣ шаванд,
Чашм ҳайрон шаваду дил вола.
Шавад ороста ин хоки қадим
Ҳамчу як духтари ҳаждаҳсола.

Нони хом аст ба ҳар зарраи хок,
Даштҳо гӯӣ чу дастархонанд.
Сарфарозанд зи хуршеди мунир,
Розӣ аз дасту дили деҳқонанд.

Аѓбаву рахнаю водию дара
Чун арӯсе, ки ба сур омодаст,
Пойандоз ба раҳ густурда,
Мунтазир бар қадами домод аст.

Мон, дар ин гӯшаи зебои замин
Тӯи инсону табиат бошад.
Мон, ки поянда чу кӯҳи тоҷик
Шодию бахту саодат бошад.

Ҳар куҷое биравам чун фарзанд,
Барам аз хоки диёрам пайѓом.
Зиндагии ман аз ин ҷо сар шуд,
Ҳеҷ гаҳ кош наёбад анҷом!
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017