Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Аз Муаллиф ва МУҚАДДИМА
1 2 3 >>

МУҚАДДИМА Мо инро аз рӯйи мазмун ба фаслҳо тақсим намуда, баён месозем. ФАСЛИ ЯКУМ ДАР БАЁНИ БАЪЗЕ Ҳ

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (18.04.2017 / 09:34)
Рейтинг:rating 2 article (0)
Прочтений:544
Комментарии:0
МУҚАДДИМА
Мо инро аз рӯйи мазмун ба фаслҳо тақсим намуда, баён месозем.
ФАСЛИ ЯКУМ
ДАР БАЁНИ БАЪЗЕ ҲОЛАТҲО ДОИР БА СИТОРА ВА САЙЁРАҲО ВА ТАБИИЁТ
Тамоми мавҷудоти сегонаи Замин, ки иборат аз ҷамод (ҷисмҳои беҷон), набот (растанӣ) ва ҳайвон ҳастанд - ҳама аз унсурҳои чоргона, ки оташ, ҳаво, об ва хок мебошанд, бо ҳам таркиб ёфта ва омехта гаштаанд. (Ин унсурҳои чоргонаро аркон ҳам меноманд). Ин ҳама ҳастӣ аз таъсири ситораҳо ва сайёраҳои ҳафтгона: 1. Зуҳал (Сатурн); 2. Муштарй (Юпитер); 3. Миррих (Марс); 4. Шамс (Офтоб); 5. Зӯҳра (Венера); 6. Уторид (Меркурий); 7. Қамар (Моҳ) бо мадади ситорагони собит пайдо шудаанд, инкишоф меёбанд ва инқироз мегиранд. Ҳар яки ин ҷирмҳои фалакӣ ба ҳамдигар назорат, яъне муносибатҳои хоси табиӣ доранд. (Ин рӯйхат аз рӯйи ҷойгиршавии онҳо нисбат ба Офтоб набуда, балки мавқеъҳои онҳо аз ҷиҳати таъсирнокӣ ба Замин мебошад).
Барои равшан гардонидани моҳияти мавзӯъамон каме тавзеҳ медиҳем.
«Даври Қамар - аз замони Одам то ин замон - ҳама даври Қамар аст. Даври ҳар як кавкаби сайёра ҳафт ҳазор сол мебошад. Даври Қамар даври охир аз ҷумлаи адвори ҳафт ситорагон. Одам алайҳиссалом дар ибтидои даври Қамар пайдо шудаанд. Аз «Бурҳон» ва «Сироҷ-ул-луғот». Муаллиф гӯяд: чун аз «Оини
акбарӣ» дарёфта мешавад, ки то имсол, ки соли 1242 ҳиҷрии қамарист (гақрибан 1825 милодист), Одам
4

алайҳиссаломро 7170 соли шамсӣ гузашта. Аз ин маълум мешавад, ки билфеъл (ҳоло) даври Қамар нест, балки даври Зуҳал бошад ва аз он то ҳол 170 соли шамсй гузаштааст» («Ғиёс-ул-луғот»).
Мо ҳоло тартиби шартии кавкабҳои сайёраро, ки дар боло рӯйхаташонро додем, медонем. Ҳар яке аз онҳо дар фазои кайҳон ба худ муайян мақом ва мадори ҳаракат доранд. Ҳар яки онҳо нисбат ба Замин давраи муайяни ҳокимй доранд, ки ҳар як аз он даврҳо 7000 солро дарбар мекардааст. Инро гузаштагони бостони мо муайян кардаанд. Ҳар як аз ин ҷирмҳои фалакӣ дар даври худ бо хосиятҳои хеш ба мавҷудоти ҷисмонӣ, ҳаёт, ҳодисоти қаъризаминӣ ва ҳаво таъсири худро додаанд ва медиҳанд.
Ҳар як сайёра ба худ хос қуввати мизоҷбахш дорад. Қуввати Зуҳал сард ва хушки бисёр, қуввати Муштарй гарм ва тари мӯътадил, қуввати Миррих гарм ва хушки бисёр, қуввати Офтоб гарм ва хушки мӯътадил, қуввати Зӯҳра сард ва тари мӯътадил, қуввати Уторид иборат аз сардӣ ва хушкии бо ҳам омехта, вале хушкиаш зиёдтар аст; инчунин ӯ ба ҳар як сайёра, ки наздик шавад, мизоҷи онро ба худ қабул мекунад; қуввати Моҳ сард ва тар, тариаш мӯътадил аст.
Аркон, яъне чор унсурҳои заминй ҳар яке ду табиатро (мизоҷро) дорост монанди Офтоб ва ҳаммартабаҳои он, ки онҳо ҳам ду кувват доранд: яке қувваги фоила, ки қуввати таъсирбахшанда ва дигаре қуввати мунфаила, ки таъсирро ба худ қабулкунанда мебошад. Қувваги фоила (таъсиркунанда) ҳарорат (гармӣ) ва бурудат (сардӣ), вале қуввати мунфаила (таъсиргиранда) рутубат (тарӣ) ва юбусат (хушкӣ) аст.
Се сайёра тобеъ ва ҳамамали се сайёраи дигари болоӣ мебошанд: Зӯҳра ҳамамали Муштарӣ, Уторид ҳамамали Зуҳал, Моҳ ҳамамали Офтоб ҳастанд. Ва ҳар он чӣ дар назари ҷаҳониён намоён ва воқеъ мегарданд, аз таъсири ҳамон ҷирмҳои осмонй ба амал меоянд, хоҳ
5

дар қаъри Замин, хоҳ дар рӯйи Замин. Кӯҳҳо, соҳилҳо, уқёнусу баҳрҳо, хоҳ дар қабатҳои ҳаво бошанд, хоҳ хислати сабукӣ, вазнинӣ, риққат (суюқӣ), ғафсӣ, сахтӣ, софй, тирагӣ ва ғайра сохт, намуд, ҳолат дошта бошанд, дар натиҷаи омезиши аркон (об, ҳаво, оташ, хок) сурат мегиранд.
Ҳамаи ҳодисот ва рӯйдодҳои маҳз ва рӯйи Замин ба ихтиёри инсон вобаста нестанд, балки аз иродаи он берун мебошанд. Масалан, агар борон набораду хок набошад ва таъсири ҷирмҳои фалакй, аз ҷумла асари нурҳои Офтоб набошад, ҳеҷ гиёҳе дар Замин намерӯяд; инчунин таъсири ҷирмҳои осмонӣ амал накунанд, пастию баландиҳо, чуқурию тарқиш, баҳру бар ва ғайраҳо пайдо намегарданд. Истиқрори ҳамаи он ҷирмҳои кайҳонӣ аз қувватҳои ҷозиб-ул-марказ (кашиш ба марказ) ва торик-ул-марказ (аз марказ гурезиш) устувор мебошад, на аз сабабҳои дигар. Инчунин ҷонварони гуногун ва набототи рангбарангро бо ҳамҷинси онҳо ҷуфтӣ дода, насли навашонро ҳосил гардонидани инсон ҳам бидуни таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба зуҳур намепайванданд. Аз ҳамин боис калон ва хурд омадани ҳаҷм ва ҷуссаи насли ҷонварону самарҳои наботот низ холӣ аз ин гуна таъсирот нестанд. Аз ин амалиёти таъсири боло ва ҳодисоти заминӣ хулосаи мантиқй зоҳир мегардад, ки ин ва он намудҳои наботот ва ҷонварони дигар барои қувватҳои ҳафтгона, ки ҷозиба (кашиш), мосика (нигоҳдорандагӣ), ҳозима (ҳазмкунй), дофиа (дафъкунанда), гозия (ғизогирй), номия (нашъунамоёбӣ) ва муваллида (ҷинси худро офаридан) мебошанд, аз саховати ҷирмҳои осмонй баҳра мегиранд.
Азбаски ин гуна қувватҳо дар ҷисмҳои беҷон бисёр заифанд ва ба қадри кофӣ баназар намоён намегарданд, мо онҳоро ҳамчун қувваи мавҷуда намеписандем. Вале дар наботот он ҳафт қувват мавҷуданд ва ба шуури мо
6

мерасанд. ки инро қувваи наботия меноманд. Ғизои наботот аз қисмҳои обӣ ва хокӣ иборат буда, онро аз замин ба воситаи об ва ҳаво аз худ мегардонанд. Инашро ҳам бигӯем, ки чор дараҷаи ҳазми ғизо дар наботот бисёр заиф аст, бинобар ҳамин ба онҳо аз ин ҷиҳат кам эътибор дода мешавад, вале онҳо низ дорои ин чор марҳалаи ҳазм мебошанд. Инро як андоза тафсилот дихем, ки ғудцаҳо (гиреҳҳо) дар тана ва решаи дарахтон пайдо шуда зиёдатиҳои (нодаркориҳои ) ҳазми якум ва дувуми ҷисми онҳо мебошанд; шилм ва ширҳои баъзе растаниҳои ширдор, кафке, ки дар бехи баргҳо ва баргҳои баъзе наботот ба ҳам мерасанд - ин чизҳои зиёдатиест, ки аз ҳазми дараҷаи севуми онҳо ба амал меоянд, чунонки дар бадани ҳайвонот пешоб, саргин ва арақ чизҳои зиёдатӣ мебошанд, зоҳир мегарданд. Ин ҳодиса, яъне ба амал омадани чизҳои зиёдатӣ дар наботот монанди моддаҳои зиёдатии бадани инсон аст, ки вақти аз ҳад зиёда гаштани хун ба воситаи хуни бинӣ, хун қай кардан, дар пешоб хун омадан, бавосир, ҳайз, ҷамра (карбункул), варамҳо, доначаҳои дар пӯст дамида, пучакҳо, қӯтур ва ғайраҳо; хуни мурдор, сафро, савдо, балғам ҳангоми ҳодис гаштани бемориҳои ба ин моддаҳо хос моддаҳои зиёдатй, яъне моддаҳои нодаркор дафъ мегарданд. Дар ҳамаи ин рӯйдодҳо дахли ҷирмҳои осмонӣ иштирок дорад. Сахтӣ, сабукӣ, ковокӣ, риққаг (нармӣ), гафсӣ, вазнинӣ ва ҳамчунин хусусиятҳои қисмҳои Замин аз таъсири сайёра ва ситораҳо берун нестанд, хоҳ он чизҳои соҳиби ҳаёт дар об бошанд, хоҳ берун аз об дар хок ва ё дар сангистон рӯянд. Инчунин шакли набототро гирифтани ҳайвонот ва шакли ҳайвонот доштани наботот - хуллас, тамоми намудҳо ва сохти чизҳои ҷондор аз таъсири ҷирмҳои осмонӣ сурат мегиранд.
Ҳамаи узвҳои ҳайвонот, ки вазифаи хоси ҳаётии худро иҷро менамоянд, ин қабил узвҳо дар наботот ҳам
7

мавҷуданд, вале дар сохт ва намудҳои дигар офариниш ёфтаанд. Тафсилоти онро бинобар ба илми растанишиносй мансуб буданаш мо ин ҷо зикр намекунем.
Инак, дар пайдо шудани ҷисмҳои гуногуни беҷон, наботот ва ҷондор, инчунин дар гуногунии офариниши хислатҳои шифобахш, заҳрнокӣ ва ғайраҳо таъсири мухталифи ҷирмҳои осмонӣ бечуну чаро мерасанд ва ранг, хислат, бӯ, хусусиятҳои гуногуни ҷисмонӣ, кайфият ва мизоҷи хоси онҳоро ба амал меоваранд. Масалан, пиёз аз ҷиҳати гармии мизоҷи
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017