Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Аз Муаллиф ва МУҚАДДИМА
1 2 3 >>

ФАСЛИ ДУЮМ ДАР БАЁНИ ҒИЗО, ДАВОИ ЗУЛХОСИЯТА АЗ ПОДЗАҲР ВА ЗАҲР, ДАВОИМУСҲИЛ ВА МУЛАЙЙИН ВА ҚИСМҲОИ Ҳ

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (18.04.2017 / 09:41)
Рейтинг:rating 3 article (0)
Прочтений:540
Комментарии:0
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ҒИЗО, ДАВОИ ЗУЛХОСИЯТА
АЗ ПОДЗАҲР ВА ЗАҲР, ДАВОИМУСҲИЛ ВА
МУЛАЙЙИН ВА ҚИСМҲОИ ҲАР ЯК АЗ ОНҲО
Бояд донист, ки гизо ва даво ҳар яке аз модда иборатанд, кайфият ва сурат низ доранд. Модда ва сурат - ин ҳар ду ҷавҳар мебошанд, вале кайфият (гармй, сардй, тарй, хушкй) - ин хусусияти онҳост, ба таври дигар гӯем, сифат аст. Сифати гармӣ ва сардй инҳо кайфияти фоила, яъне таъсиркунанда мебошанд, вале тарӣ ва хушкӣ - ин ҳар ду ҳодисшавандагии модда, яъне кайфияти ҷавҳар аст, ки мунфаила, яъне таъсирро қабулкунанда мебошанд. Ғизо аз модда ҳосил мешавад ва даво дар аксар ҳолатҳо ба воситаи кайфият таъсир мекунад; ин таъсир гоҳ бо сурат ва гоҳ бо кайфияг - ҳар ду асар мекунад. Хосияти даво, албатта, аз сурат (симо) ба вуҷуд меояд, ки инро сурати навъия меноманд — ин чигунагии он аст. Ғалаба ва таъсири даво ё ғизо фақат бо яктои аз он ва ё бо дутои онҳо ё ин ки бо ҳар се хосиятҳои бо ҳам мусовй дар якборагй ё дар гайримусовй фароҳам гашта, таъсир мерасонад. Масалан, дар давои мутлақ кайфият қавӣ, голиб ва зоид мебошад. Вале ду амри дигар, яъне сурат ва модда дар ин маглуб ва заиф. ба ибораи дигар гӯем, аз ҷиҳати микдор каманд. Вале дар давои зулхосията сурат қавӣ, ғолиб ‘ва зоид аст. Ана ҳамин тавр нисбат дар гизои давоӣ ва гизои зулхосията ва ғайраҳо, яъне дар ғизои давоӣ қайдияг қавӣ, ғолиб ва зоид аст, аммо дар гизои зулхосията сурат ва модда дар ин мағлуб ва заифанд ва ғайра. Бинобар мавҷуд будани ҳамин маънй, яъне ҳамин таносуб ҳамчунин чизи содиршуда намудҳои онҳоро гизои давой, давои ғизой, давои подзаҳрй, давои саммй (заҳрнок) ва монанди инҳо меноманд.
15

Зулхосията (хосиятдор) ё мувофиқ, муқаввӣ (қувватбахш), мунақиӣ (поккунанда) ва ҳифзкунанда (нигохдоранда)-и мизоҷи аслй, ҳарорати табиии бадан ва қувватҳои он бошад, тарёқ меноманд. Агар зулхосията акси ин хислатҳоро дошта бошад, яъне мизоҷи аслй, ҳарорати табиии бадан ва қувваҳои онро мурдор, вайрон ва маҳвкунанда бошад, онро самм (заҳр) меноманд. Пас, ҳарчиро, ки инсон ба дарун истеъмол намояд, вай агар фақат бо модда таъсир кунад, онро гизои мутлақ мегӯянд ва агар фақат бо кайфияти худ таъсир бахшад, онро давои мутлақ меноманд, вале агар бо кайфият ва модда - ҳар ду таъсир расонад, онро давои ғизой, агар танҳо бо сурати худ таъсир намояд, онро зулхосият меноманд. Ин ё мувофиқ, писанд ва дафъкунандаи нохушихо аст, ё мухолиф, нописанд ва ба амаловарандаи зарарҳо ва вайронкунандаи низоми мӯътадили бадан аст. Ҳар яке аз инҳо чанд қисмат мешаванд: 1. Аммо он чй мувофиқ ва писанди бадан аст, пас фақат бо сурат таъсир мекунад, ки онро подзаҳр, яъне аз заҳр наҷотдиҳанда меноманд. 2. Агар таъсираш бо модда ва сурат, яъне бо ҳар ду бошад, онро ғизои подзаҳрӣ меноманд. 3. Агар чизи ба дарун истеъмолшуда бо кайфият ва сурат - ҳар ду таъсир бахшад, онро давои подзаҳрӣ мехонанд. 4. Агар бо ҳар се, яъне бо модда, кайфият ва сурат асар зоҳир намояд, онро давои ғизоии подзаҳрй меноманд.
Агар таъсири он чизи ба бадани инсон дохилшуда бо мухолафат ва зиддият бошад, низ ба чанд навъ қисмат меёбад. 1. Агар фақат бо сурат таъсир кунад, онро самми мутлақ меноманд. 2. Агар бо кайфият ва сурат - ҳар ду таъсир дошта бошад, ин ҳам мартабаҳои худро дорад: а) агар он чизи ба дарун истеъмолшаванда дар камоли қувват бошад, онро давои саммй мегӯянд ва
б) агар дар камоли кувват набошад, он ҳам ба ду қисмат мешавад: ё он қуввати исҳоловарандагӣ дорад,
16

ки ин ба се навъ ҷудо мешавад - ё қавӣ аст ё миёнаҳол ва ё заиф. Аммо қисми қавии он бо сурат ва кайфият бо ҳам якҷо таъсир мекунад, онро давои мусҳили зулхосията меноманд; аммо қисми миёнаҳол бо кайфият ва сурат - ҳар ду таъсир мебахшад, инро давои мусҳил мегӯянд; вале навъи заиф аксар ҳол бо кайфият, модда ва сурат - бо ҳар се таъсир мекунад, вале ҳамаи қисмҳои таъсиркунанда заиф ва ноқис, ки мебошанд, хусусан сурати он дар ин ҳолат бошад, инро давои мулаййин (сабук ва мулоимкунанда) меноманд.
Маъно ва тафсилоти гуфтаҳои боло мухтасаран он аст, ки: ғизои мутлақ онро мегӯянд, ки таъсир ва таъсирнокии он дар бадан фақат бо модда мебошад, на бо кайфият ва сурат, ба ин тариқ, ки чун дар бадан норидшуда, дар он бо воситаи кайфияти худ таъсир намояд, вале бадан аз он дар худ дигаргуние наёбад, аз мизоҷи аслии худ нагардад, балки барои чизи воридшуда дастболо гашта, қобилияти онро ба феъл овараду онро аз сурати ғизой ба сурати хилтй табдил диҳад ва ба узви бадан ҳамроҳ гардонад ва он чиз ақтори (ҷиҳатҳои ) сегонаи баданро, яъне ба бар, ба қад ва ба гафсӣ биафзояд ва фоидабахш гардонад, онро гизои мутлақ меноманд. Масалан, инҳо: обгӯштҳои сабуки форам (шӯрбои гӯштдори бо нахӯд, лӯбиё, наск ва ғайра пухташуда), тухми мурғи нимпухта, гандум ва дигар тухмии зироатҳо, ки кайфияти ҳосилшуда аз онҳо хилти бефоида буда ва ба кайфияти аслии бадан ва аъзо голиб намебошанд, балки бадан онҳоро ба осонӣ аз худ менамояд.
Давои мутлақ он аст, ки дар вақти ворид шудан фақат бо кайфияти худ таъсир мерасонад ва моддаи он гизо ва қобилияти ҷузъи бадан шудан надорад. Ҳангоми ба дарун истеъмол карда шуданаш, ҳарорати табиии (модарзодии) бадан ба он таъсир кунад, аз он хислаташ дигаргун намегардад, балки сониян он дар бадан амал намуда, бо кайфияти худ гармй, сардӣ, тарй
17

ва хушкиаш баданро дигаргун месозад ба танҳоӣ ё дар ҳолати мураккаб будани худ. Як қисм аз давоҳои мутлақ инҳоанд: мурч, занҷабил, нилуфар, кофур, арпабодиён ва монанди инҳо.
Ғизои давоӣ он аст, ки дар бадан бо модда ва кайфияти худ - бо ҳар ду таъсир мекунад ва бо ҳамон галабаи модда, ки баъди таъсир бахшидан аз он ягон хилт ҳосил менамояд ва он хилт ҷузъи бадан шуда тавонад. Дар он андак кайфият ва мизоҷе мебошад, ки он ҳар ду ба кайфият ва мизоҷи аслии бадан голиб меояд ва бо кайфияти худ дар бадан қисми обиятро тағйир медиҳад, монанди коҳу, оби ҷав, ангур, бодиринг, каду, тарбуз, чилмангӯштак (семизут), исфанох, бобуна, шибит, шалғам, сабзӣ, лаблабу, карам, мош, наск, нахӯд, лӯбиё ва ғайраҳо.
Давои гизоӣ он аст, ки баъд аз истеъмол кардан дар бадан бо кайфият ва модда - ҳар ду таъсир мекунад, вале бо кайфият зиёдтар асар менамояд; қисми обияти баданро дигаргун месозад, баъд аз он бадан ба он ғолиб омада, онро аз худ мекунад ва аз он хилти бисёр кам ҳосил мегардад, ки он хилти баамаломада қобилияти ғизо шудан ва ҷавҳари бадан гаштан дорад, инчунин мувофиқи хислати худ кайфияти баданро ғолиб менамояд, монанди гандано, наъноъ, барги коснй, сагангур, сир (чеснок), пиёз, тут, олу ва аксари меваҳо, тухмиҳо, монанди тухми бодиринг, тухми харбуза, тухми тарбуз ва ғайра.
Маълум бод, ки давоҳо ва гизоҳо феълҳои умумй доранд, монанди: тасхин (гарм кардан), тафриқи хорр (гармиро ҷудо кардан), табрид (хунук кардан), таксифи борид (гафскунандаи хунукй), талйин ва саялони ратб (мулоим ва равон кардани чизи тар), тайбис (хушк кардан). Ҳар яке аз он давоҳо сифатҳои хосе доранд, ки монанди феълҳои умумии онҳо мебошанд, масалан: тафтеҳ (кушодани гиреҳҳо), тасдид (банд кардани маҷроҳо), радъ (манъ кардан аз равиш), таҳлил (ҳал
18

кардан, гардонидани варамҳо) ва монанди инҳо.
Ҳар давоҳо хислати махсусро соҳибанд, ки ҳаждаҳ
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017