Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Аз Муаллиф ва МУҚАДДИМА
1 2 >>

ФАСЛИ СЕЮМ ДАР БАЁНИ МУРАККАБ-УЛ-ҚУВО, ЗУЛХОСИЯТА ВА ТАЪСИРИ ҲАР ЯКИ ОНҲО

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (18.04.2017 / 09:50)
Рейтинг:rating 4 article (0)
Прочтений:402
Комментарии:0
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ
МУРАККАБ-УЛ-ҚУВО, ЗУЛХОСИЯТА
ВА ТАЪСИРИ ҲАР ЯКИ ОНҲО
Маълум бод, ки қувватҳои давоҳо аз се мартаба иборатанд: Мартабаи якум ҳолати махсус шудани давоҳо мебошад, ки бинобар ба ҳам мушобаҳат доштани таъсири онҳо аз таркиби унсурҳои чоргона (об, оташ, бод ва хок) ва ба якдигар омезиш ёфтани онҳо иборат аст. Инро мизоҷи якум меноманд. Мартабаи дувум феъли махсусшавии дигари ашёи соҳибмизоҷи дуюминдараҷа, яъне дарк ёфтани мизоҷи дувум ҳангоми ба ҳам вохӯрдани чизҳои мизоҷи дувуминдараҷадошта, ки аз омезиши мизоҷи мартабаи якум ба амал меояд. Он чй ашёи дорои мизоҷи дуюминдараҷа аз чанд чизҳое, ки ҳар якеро кайфият ва мизоҷи хос буда, ба таври гуногун таъсир кунад, онҳо
24

мураккаб мебошанд, монанди гарм кардани баъзе ва хунук кардани баъзеи дигар. Аз муттахдц шудани таъсири кайфиятҳои аввал кайфияти дувумин ҳосил мегардад ва таъсири он ба асарҳои чизҳои пешина монанд нест, монанди рад (манъ кардан), қабз (банд кардан) ва масалан, аз ин ҷумла: тасхин (гарм кардан) ва табрид (хунук кардан). Ва ҳар чӣ мизоҷи дувумини табиӣ дошта бошад, мураккаб-ул-қуво меноманд. Он чиз, ки дорои мизоҷи сунъӣ бошад, агар мизоҷи дувум ба қисмҳои танҳои ӯ мувофақат кунад, он чизи мураккабро мутавофиқат-ул-қувват (қувватҳои бо ҳам мос) мегӯянд. Агар мухолифинҳо бошад, масалан, ҳам гарм кунад, ҳам хунук гардонад, онро мутазоддат-ул- қувват (қуввати зиддиятнокдошта) мегӯянд. Ҳар як даворо агар ба он ҳеҷ як монеа набошад, дар чойи муносибаш истеъмол менамоянд. Мартабаи севум аз ҳамон мартабаҳои якум ва дувум таркиб меёбад, ки бо воситаи феълҳои сурати навъия зоҳир мешавад, монанди ҳаҷар-ул-яҳуд (санги яҳудӣ) дар амали реза кардани сангҳои гурда ва хичак (пешобдон), ки ин таъсир аз кайфияти мизоҷи ин даво сурат мегирад, ки он ахлотро пора-пора мегардонад. Ва хусусияти таъсири давои устухудус ба майна бошад, аз гармии хоси мизоҷи он ба амал меояд, ки ахлоти дар майна бударо бо сурати навъияти худ рақиқ (суюқ) мегардонад. Инчунин тарёқ ҳам заҳрро бо ҳамин таъсир аз бадан дафъ мекунад бо мизоҷи дувумин ва бо воситаи сурати навъияи худ ин амал ба судур мерасад.
Маълум бод, бинобар қавл ва тариқи Абӯалӣ ибни Сино, ки ӯ пешвои ҳакимон аст ва дигарон ба он, ки пойдории суратҳои унсурия аз мураккабот иборат мебошанд, қоиланд, ки мартабаҳои қувватҳо чор намуд дорад. Онҳо равшан гардониданд, ки мизоҷи аввалй аз кайфиятхои ба унсурҳо ва аз он, ки бо ҳам соида мешаванд, ҳосил мегардад. Таъсири аввалии онҳо мартабаи якум аз мартабаҳо мебошад, ҳамчунин
25

таъсири мизоҷи дувумин низ дигар аст, монанди шир, ки аз обият, равған ва панир таркиб ёфтааст. Яъне шир аз мартабаҳо бо мартабаи дигари худ таъсир мекунад ва ба ин қиёс карда мешавад, сурати навъии таркибиро асараш аз таъсирҳои зикрёфта дигархела мебошад. Таъсири қисмҳои чизҳои мураккабро, ки феъл надошта бошанд, мартабае аз мартабаҳо ҳисоб намекарданд.
Инро ҳам бояд гӯем, ки баъзе чизҳои мураккаб су- рати навъия надоранд, монанди хоки бо об омехташуда ва кафке, ки мураккаб аст аз обу ҳаво, инчунин бухоре, ки аз обу оташ ҷамъ омадааст. Вале ҳар он чӣ сурати навъия дошта бошад, ё маҳкам-ут-таркиб (таркибаш мустаҳкам) аст ё ғайри он.
Мураккаб-ул-қуво давоест, ки ҷавҳари он аз чанд чиз таркиб ёфтааст, ки ҳар як қисми он ҳангоми бо дигарон таркиб ёфтан ба мизоҷи хос соҳиб мегардад. Агар да- воҳое, ки дар сурати унсурҳои чоргона таркиб ёфта бошанду пурра омезиши ягона наёфта бошанд ва баъд аз дар бадан ворид шудан аз ҳамдигар ҷудо гашта, яклухт таъсир бахшида наметавонанд ва ҳар яке ба та- ври танҳоӣ таъсир менамоянд, ки ҳар яке аз онҳо ба як мизоҷ ва як сурат соҳиб мебошанд ва онҳо замони дуру дароз сурати навъияи худро нигоҳ медоранд - инҳоро том-ут-таркиб меноманд. Агар баъд аз ворид шудан дар бадан қисмҳои онҳо аз ҳамдигар ҷудо гашта, ҳар яке ба таври ҷудогона таъсир ва кайфият зоҳир намояд, онҳоро давоҳои ноқис-ут-таркиб мегӯянд. Зеро ҳар яки онҳо ба якдигар зид ва гуногун буда, мувофиқи хи- слати худ баъзе ба зудӣ, баъзе ба дерӣ таъсир мебах- шанд, монанди ҳаҷар-ул-яҳуд, ҷадвор, чӯби чинӣ, гу- лисурх, гулоб ва аксари давоҳои подзаҳрияву тарёқия, инчунин ҳамаи давоҳои боҳафзо, мисли сабзии саҳроӣ, ҷавзи бавво, баҳманҳо, занҷабил ва монанди инҳо. Дар ин гуна давоҳои растанигӣ аксар рутубати фузлия ба рутубати аслияи он ғолиб мебошад.
26

Бояд дар ин ҷо равшантар баён намоем, ки рутубати фузлия аз рутубати аслия дигар буда, ин иборат аз он, ки дар қисмҳои тамоми он чиз омезиш наёфта ва дар андак замоне баъзе қисми он ба таҳлил мераваду ҷирми онро таркида месозад, ки баъзе бо воситаи бадбӯ шудан дар худ кирм пайдо карда, ҷирмашро мехӯрад ва рафта- рафта тамоми онро нобуд мегардонад.
Ё ки давои зулхосията. Дар ин ҷо аввал маънои ка- лимаи хосиятро бифаҳмонем, ки хосият бо табдилёбии феълҳо якҷоя таъсирҳои дувумини давоҳоро мено- манд. Инак, кайфияти аввалии давоҳо аз гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкй иборат буда, аз инҳо латофат (нозукӣ), суръати таъсир, кушодани гиреҳҳо, рақиқ гардонидан, гудохтан, таҳлил додан ва монанди инҳо зоҳир мегар- данд: инчунин таъсирҳои сеюминдараҷаро низ ҳамчу- нин меноманд, монанди реза-реза кардани сангҳои гурда ва хичак, кушодани гиреҳҳо, қувват бахшидан ба рӯҳҳо, ба бадан, инчунин дафъ кардани заҳрнокшавӣ. Агар ин даво ба мизоҷи бадан, рӯҳҳо ва ҳаёти одамӣ мувофақат кунад, подзаҳр ё тарёқ меноманд. Вале агар ба онҳо зид ва муносабат надошта бошад, онро заҳр меноманд, зеро аз он мухолифи феълҳои қувватҳо, ар- воҳ ва мизоҷи бадан зоҳир мегардад. Бо ифодаи дигар гӯем, зулхосията он аст, ки таъсираш на бо кайфият, балки бо сурат мебошад. Аз ин ҷиҳат ин суратро сурати навъия меноманд, ки аз он ба навъҳои гуногун аз якдигар ҷудо гаштаанд ва ҳар яке ба худаш хос таъсир мебахшад. Хуллас, таъсири давои соддаи бокайфият нисбатан ҷузъист, вале таъсири давои мураккаб-ул- қуво аз он зиёда буда соҳиби ҷиҳагҳои бисёр аст.
Таъсири подзаҳр ва тарёқ. Пас, бояд донист, ки таъсири подзаҳр бинобар мураккаб-ул-қуво будани он пойдор аст ва ҳам аз ҷиҳати муносибат ва ба сӯйи худ кашидани он захрро мебошад, инчунин заҳр ҳам дар навбати худ ба сӯйи подзаҳр майл мекунад, агар ҳардуи инҳо бо ҳам вохӯранд. Дар ин амал подзаҳр баробари
27

муҳофизат кардани арвоҳ, мизоҷ ва қувватҳои бадан, боз маҷроҳои баданро мекушояд, бо суръат нуфуз мекунад ва ба ҷоҳои чуқури бадан фурӯ мераваду заҳрро ба худ мекашад. Ҳангоми он навъ - навъҳо, тарӣ, қувватҳо ва арвоҳи бадан ҳама бо ҳам алоқадор, инчунин муттаҳиданд ва иттиҳоди ягона ва табиати парваришдиҳандаи бадан, инчунин нафси ҳайвонии зудҳаракаткунандаю нигоҳдоранда - ҳама муттаҳид бошанд, инак, дар бадан ворид гаштани даво таъсири он ба тамоми бадан мерасад. Чунончӣ, ҳангоми сустӣ ва гуруснагии шадид баробари дар бадан дохил шудани давои қувватбахш ва гизои сара (хусусан агар сабук бошад), ҳамон замон бадан қувват мегирад. Аммо таъсири ғизо баробари дар меъда ворид гаштан ба ду сабаб молик мегардад: 1. Он ки қисмҳои латифи (нозуки) он бо воситаи рутубати аввала, ҳарорат, қувватҳо, рӯҳҳо ва пайвасташавии онҳо бо ҳам дафъатан ба тамоми бадан мерасаду боиси афзоиш ёфтани қувватҳо ва
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017