Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Абу Али ибни Сино
1 2 3 ... 50 >>

Абӯалӣ ибни Сино Қонуни тнб: Иборат аз 5 китоб - Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии То

Тэги:абӯали ибни сино қонуни тиб | тиб конун китоби | tib qonunlari 1 jild | тиб конунлари скачать | тиб қонун точики | китоби абу али ибн сино тиб қонун читать | китоб абу али ибни сино скачать | китоби ибни сино читат онлайн | китоби сино точики | китоби тиби | абу али ибни сино | книга ибни сина скачат | ибни сино таджикский философ врач
Добавил:Admin (04.05.2017 / 09:37)
Рейтинг:rating 48 article (0)
Прочтений:3599
Комментарии:0
«Қонуни тиб»-и Абӯалй ибни Сино маҷмӯи донишҳоро оиди тибби қадим ва асримиёнагӣ фаро гирифта, бо мушоҳидаҳои шахсӣ ва кашфиёти худи муаллиф такмилу инкишоф 'дода шудааст. Дар муддати карнҳо ин китоб ҳамчун дастури ҳатмии роҳнамои табибони Аврупо (то асри 18) ва Шарқ (то асри 20) хизмат карда, ба забонҳои лотинӣ, яҳудй, англисӣ, олмонӣ, русӣ, ӯзбекӣ тарҷима гардидааст.
ББК 5+5 Г+51/52 А 20
Китоби панҷуми «Қонуни тиб»-и Абӯалй ибни Сино дар баёни доруҳои мураккаб буда, одатан ин бахши тибро «Қарободин» (Фармакопея) меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободин»-и Ал-Қонун низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се қисм иборат аст. Дар қисми якум назарияи умумй оид ба доруҳои мураккаб, дар қисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъй, таркибу тариқаи сохтан ва тарзи истифодабарии онҳо ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯи тақсимоти функционалй, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд. Дар охир анвоъи ченакҳои вазнии дар дорусозии он замон маъмул ва муодилоти онҳо ёд шудааст.


4103540101
и
Бе эълон
ББК 5+5 Г+51/52
505 - 2004
5 - 89870 -080-3
© Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2005 
Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон! Мо ба Ӯ таваккал кардаем ва ёрӣ аз Ӯ ҳамеҷӯем
Мо андар чаҳор китоб аз зикри бахши бештари илми назарию амалии нигоҳдории тандурустӣ ва амалии бозоварандаи он фориғ шудем ва акнун ҳангоми он аст, ки китоби Ал-Қонунро бо таснифи Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб ба анҷом бирасонем, то ин ҳамчун бахши Қарободини1 ин китоб бошад.
Мо ин китобро бар як мақолаи илмӣ, ки андар он ба аслҳои илми дорусозӣ ишора хоҳем кард ва бар ду ҷумла бахш кардаем: як ҷумла андар баёни доруҳои мураккаби андар Қарободинҳо ба тартиб оянда; ва ҷумлаи [дигар] андар баёни доруҳои мураккаби ба ҳасби ҳар як беморӣ санҷида шуда. Ҳар гоҳ мо ин се матлабро овардем, китобро ба анҷом хоҳем расонд.
МАҚОЛАИ ИЛМИ
АНДАР БАЕНИ НИЕЗМАНДИ БА ДОРУҲОИ МУРАККАБ


Бошад, ки мо аз миёни доруҳои сода на барои ҳар як иллат, хусусан иллати мурак- каб, доруе ёфтан битавонем, ки баробари он ояд ва ҳатто агар ёбем ҳам, бартараш наҳисобем. Балки гузашта аз ин бошад, ки ягон доруи мураккабе наёбем, ки ягон [ил- лати] мураккаб бо он баробар ояд ва ё агар биёбем ҳам, вале моро ба афзудани қувваи яке аз ду бахши содаи он эҳтиёҷ бошад ва бинобар он лозим ояд, ки ба [чунин дору] як бахши содае биафзоем, то қувваташ қавй бигардад. Чунончи бобунаро қувваи ҳалку- нандагӣ бештар ва қувваи қабзоварй камтар аст ва қувваи қабзкунандагии онро бо афзу- дани ягон доруи содаи қабзкунанда бад-он шиддатнок созем. Гоҳе мумкин аст моро до- руи содаи гармиоваранда ёфт шавад, лекин ба гармии аз ин камтаре сахт ниёзманд бошем ва бинобар ин моро лозим ояд, ки бад- он ягон чизи сардиоваранда биафзоем. Ё мумкин аст ба гармии бештар аз он эҳтиёҷ дошта бошем ва моро лозим ояд, ки ба он ягон чизи гармиоварандаи дигаре биафзоем. Гоҳе моро ба доруи чаҳор бахш гармиди- ҳанда эҳтиёҷ бошад, вале ҷуз як доруи се бахш гармидиҳанда ва яки дигар панҷ бахш гармидиҳанда чизе ёфтан натавонем. Андар ин ҳолат мо ин дуро бад-он умед бо ҳам ҷамъ созем, ки то аз маҷмӯи он доруи чаҳор бахш гармидиҳанда ҳосил шавад.
Гоҳе доруи дилхоҳи мо аз ҷиҳати хостаи мо ба гоят хуб бошад, вале аз ҷиҳати дигар зиёнвар ва бинобар ин мо бояд онро бо ягон чизе биомезем, ки зиёни онро бишканад.
Бошад, ки дору бадмаза ва ба наздики табъ номақбул буда, меъдаро бад ояд ва онро бигардонад ва бинобар ин мо андар он чизе биафзоем, ки онро форам созад. Гоҳе муроди мо аз дору андар ҷои дур таъсир расондан бошад, вале моро бими он бошад, ки гувориши якум ва гувориши дуввум қуввати он бишкананд. Бинобар ин мо онро бо ягон доруи муҳофазаткунандае ҷуфт созем, ки худ шикаста нашавад ва зиёни ҳарду гуворишро аз сӯи ӯ бигардонад, то он ба ҳоли дурустӣ ба андоми дилхоҳ рафта бирасад, чунонки андар доруҳои тарёкӣ афюн биафзоянд.
Гоҳе мурод аз [таркиб] бадрақаи доруст, чунонки андар қурсҳои кофур заъфарон биафкананд, то заъфарон онҳоро ба дил бурда бирасонад, лекин чун ба дил раси- данд, қувваи ҷудосозанда ба кор дарояд, заъфаронро аз онҳо ҷудо карда, нест кунад ва доруҳои сардсозандаи тафсхомӯшкунан- даро андар дил ба кор бидарорад. Чунонки қувваи ҷудокунанда ба ҳангоми ҷудо сохтани қувваҳои ҳалкунанда ва қабз- созанда, хоҳ дору табий бошад ва хоҳ сунъӣ, ҳамингуна амал кунад ва ҳалкунандаро андар худи андоми дардманд бигузорад, то модцаро ҳал кунад ва [қувваи] пасгардо- нандаро ба сӯи маҷроҳои модда [равон кунад], то роҳи модцаро боздорад.
Гоҳе мо доруеро бихоҳем, ки андар гузаргоҳи худ андаке таваққуф кунад, то андар он ҷой ҳарчи бештар таъсир карда бошад, вале ин дору зудгузар бошад. Андар ин ҳол мо онро бо ягон доруи нигохдоранда мураккаб созем. Масалан, бисёре аз дору- ҳои судцакушой аз ҷигар зуд бигузаранд, вале агар ба таваққуфи онҳо андар ҷигар эҳтиёҷи сахт бошад, мо бо онҳо доруҳои бархилофи ҷиҳати ҷигар кашанда ҳамроҳ кунем, чунонки тухми турб ба сӯи даҳони меъда кашанда буда, аз ин дору ба қадре ҳайрон бимонад, ки судаш ба ҷигар бирасад ва сипас гузашта биравад. Гоҳе доруе, ки мо дорем, барои ду роҳ анбозй дорад, вале ғарази мо аз он як роҳ бувад. Бинобар ин мо онро бо доруе ҷуфт созем, ки ӯро бад-он сӯ бибарад. Чунончи мо андар доруҳои пешобтозонандаи суддакушой когнаҳо ҳамроҳ кунем, то онҳоро аз сӯи рагҳо ба сӯи гурдаву обгаҳ равона кунанд.
Бидон, ки бисёре аз (310) доруҳо дорои таъсиргоҳ ва афтидангоҳанд. Вале мумкин аст мурод аз онҳо таъсиргоҳи дуртар аз афтидангоҳ бошад, ки андар ин ҳол ба доруи роҳбалад эҳтиёҷ биафтад ва ё мумкин аст мурод аз онҳо таъсиргоҳи наздиктар аз афтидангоҳ буда, андар ин хол ба василаи нигохдоранда эҳтиёҷ биафтад.
Бидон, ки доруи санҷида беҳтар аз носан- ҷида аст ва аз барои як гараз ба кор бур- дани [доруи] камтаркиб беҳтар аз [доруи] бисёртаркиб бувад. Сабаби беҳтар будани [доруи] камтаркиб аз [доруи] бисёртаркиб бошад, андар оғози Китоби дуввум шарҳ дода шуда аст, вале сабаби беҳтар будани доруи санҷидашуда бошад чунин аст: Ҳар як доруи мураккаб дорои як ҳукмест, ки аз бахшҳои содаи он гирифта шавад ва [низ] дорои ҳукми [дигарест], ки аз маҷмӯи сурати он гирифта шавад. Доруи носанҷида танҳо ба эътибори бахшҳои содаи худ суд бахшад, вале аз мӯҷиби чи чиз гардидани омехтаи аз онҳо падидомада мо [бехабар буда], надонем, ки оё омехтагй афзункунан- даи хусусияти онҳост ва ё гайриафзунку- нанда ва ин ки нақиз бувад. Ба ҳангоми до- руи санҷидашуда бошад, ки ҳардуи ин ҷиҳат ба таҳқиқ бирасад ва бошад, ки суди [дору] ба сурати таркибй беш аз андозае бувад, ки аз бахшҳои содаи он чашмдоранд.


Андар баёни чигунагии таркиб


Бидон, ки ҳаргоҳ туро чаҳор ҳоҷат пеш ояд ва аз барои онҳо ба ҷуз доруи сохта ягон доруи табиие ёфт нашавад, масалан агар туро ба истифрог овардани маҳмуда, дилаи ҳанзал, сабр ва турбид ҳоҷат афтода, барои ҳосил кардани он дору ин чизҳоро ба ҳам ҷамъ кардан бихоҳӣ, авдар ин ҳангом бубин, ки агар ҳоҷат ба ҳар чаҳор дору ва таъсири онҳо баробар бошад, аз ҳар кадоми онҳо ба қадри чаҳоряки як ошомиданй бигир ва мураккаб соз,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 50 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017