Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои устод муаллим сардор

Табрикот шеърхо зодруз барои устод муаллим

Тэги:табрикоти зодруз ба дуст | скачати шеър дар бораи муаллим | бузургон дар васфи муаллим | шеър дар бораи устод муаллим | сахнача дар бораи муаллим | табрикот зодрӯз | табрикот барои зодрузи | иншо дар бораи устод | шеъ дар васфи муаллим | шеърхо барои муаллим | шеърхо дар васфи устод муаллим
Добавил:Admin (09.04.2018 / 12:06)
Рейтинг:rating 83 article (0)
Прочтений:1337
Комментарии:0
Табрикот бахшида ба устодам!
Саломам аз муҳаббат гирад оғоз,
Паёмам аз садоқат гирад оғоз.
Устоди меҳрӯбон, дилсӯзи шогирдон, омӯзонандаи дарси ҳаёту зиндагии имрӯзу фардоямон муҳтарама мммммм ман шуморо бо иди “МОДАРОН” самимонаву сидқдилона аз замири дили пурталаби шогирди шодбош менамоям! Бигзор ҳамеша киштии орзуҳоятон равон, кабӯтари иқболатон парафшон, биёбони меҳру муҳаббататон пур аз якдигарфаҳми, хонаи хушбахтиатон тинҷу ором ва меҳри модаронаатон беитмом бошад! Ҳеҷ гоҳ саратон дардро, дилатон ғамро, рухсораатон ранги зардро, хонаатон нотинҷиро набинад!
Устоди азиз шумо ба мо чу модар меҳрӯбон, чун устод маслиҳатгар, мисоли фариштаи нуронӣ роҳбару раҳнамои мо ҳастед аҳсан бар шумо устоди баландқадртаринам мо аз шумо сабақ омӯхта истодаем, медонед устод он маслиҳату донишҳое, мо имрӯз аз шумо меомӯзем дар ҳаёти имрӯзу фардоямон дастгиру ёварӣ мо хоҳад гашт!


Шеър аз забони шоир баҳри шумо
Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро
Бигзор ки дар рӯи ту бубинем Худоро
То накҳати ҷон бахши ту ҳамроҳи сабо шуд
Хосияти Исист дами боди саборо
Ҳарчанд ки дар роҳи ту хубон ҳама хоканд
Ҳайф аст ки бар хок ниҳи он кафи поро
Пеши ту дуо гуфтаму дашном шунидам
Ҳаргиз асари беҳтар аз ин нест дуоро
Мехостам осуда ба кунҷе биншинам
Болои ту ногоҳ барангехт балоро
Он рӯз ки таълими ту мекард муаллим
Бар лавҳи ту нанвишт магар ҳарфи вафоро?
Гар ёр кунад майл, Ҳилоле,аҷабе нест
Шоҳон чи аҷаб гар бинавозанд гадоро?
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 3

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017