Привет, Гость!
На главную
Вход
Новости ресурса

1Tjk.ru Сомонаи китобхои тибби мисли Канзи шифо ва ғайра

Автор: Admin (11.05.2017 / 14:11)
Дар китоб беҳтарин намунаҳо ва китобҳои қадимии тиббии тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳое ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое,ки дар ин китоб тавсия мешаванд, қариб ба тамоми бемориҳо даво шуда метавонанд.
Китоб барои хонандагони умум пешниҳод мегардад.

Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои тибби қадими «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Ихтиёроти бадей», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ ҳамчун унсурҳои иловагй ва мададрасон аз «Кашф-ул- луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул- луғот»,«Суроҳ ва қуроҳ», «Фарҳанги форсӣ ба русй», «Қомуси арабӣ-русй», «Энциклопедический словарь лекарственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъҳои тибби қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар номбар нагаштани унвони онҳо.
Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш китоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода донгга, аз саҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест, зеро ҳамаи онҳо ба саҳни корӣ намеғунҷид. Барои хайрият аз ҳар яки китобҳои мазкур давоҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ соли пурмашаққат ба поён расид.
Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки дар диёрҳои мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд, ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд.
Ҳанғоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем.
Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо мебахшанд.
Всего: 1
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru мобильный wap сайт Бесплатный Медицинский портал Канзи шифо народный медицина

Statok.net Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017