Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

1.Тӯкумшуллук 2.3.Кабӯтар Хари аҳлӣ 4.Кирми лойхӯрак 5.Фароштурук

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (18.04.2017 / 11:00)
Рейтинг:rating 10 article (0)
Прочтений:2826
Комментарии:0
1. Тӯкумшуллук
Ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи са- дафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор, ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги нозуки гиёҳҳоро мехӯрад.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро агар бихӯранд. дар бадан зуд ба хуни солим мубаддал мегардад; барои ил- латҳои махав, қӯтур, хориши бадан, девонагӣ ва ба бе- мориҳои гуногуни савдовй нафъ мебахшад.
Гӯшти ҳамаи навъҳои тӯқумшуллуқ ҳангоми хӯрдан дар бадан балғам ва гиреҳҳоро пайдо мекунад, аммо ташнагӣ ва тафси аъзоро, ки сабабаш моддаи сафро бошад, таскин медиҳад.
Ҳамаи қисмҳой тӯқумшуллуқро сӯхта, маҳин ос кар- да, бо асал даромехта, ба чашм кашанд, доғи даруни чашмро, ки аз пайдо шудани захм боқӣ монда бошад, дур мекунад.
Гӯшти ин ҷонварро сӯхта, бо қатрон (дёготь) хамир карда, баъд аз кандани мӯйи чаппарӯйида ба он ҷо би- моланд, дигар мӯй намерӯяд.
Оби садафаки майдаи наҳриро дар вақти баромада- ни обила дар чашм чаконанд, зуҳури онро дар он манъ мекунад, вале агар баъд аз баромадан бичаконанд,
98

обилаи нағзакро таҳлил медиҳад, дафъ мекунад; шид- дати сӯзиш ва тафсидани чашмро таскин медиҳад. Са- дафаки зиндаи наҳриро бо сӯзан сӯрох кунанд ва оби онро ба мӯйи дар чашм чаппарӯйида бичаконанд, онро нест мекунад. Агар ин обро ба пешонӣ бимоланд, мод- даҳои зарарнокро аз рехтан ба чашм манъ менамояд. Агар инро ба атрофи гӯш бимоланд, барои дафъ карда- ни рутубатҳои аз даруни гӯш равоншаванда даво ме- бошад.
Тӯқумшуллуқро сӯхта, бо сирко хамир карда, ба пе- шонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад.
Гӯшти хоми онро фурӯ баранд, дарди меъдаро сиҳат мебахшад. Гӯшти хушккардаи онро кӯфта бихӯранд, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд.
Гӯшти ин ҷонварро гузошта банданд, варами ниқри- сро, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, таҳлил медиҳад; аз рӯ ба ҷигар гузошта банданд, суулқиня ном иллатро, ки суст ва заиф гаштани ҷигар аст, шифо мебахшад. Агар ба ягон ҷойи бадан тир ё хор даромада ва дар ҳамон ҷо монда бошад, аз болои он ин гӯштро гузошта банданд, он чизи бегонаро аз бадан хориҷ мекунад; инчунин заҳри саги девона газидаро ҳам кашида мегирад.
2. Хари аҳлӣ
Ин ҳайвони маълум аст.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар ав- вали дараҷаи севум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва га- ронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Сумашро сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм би- хӯранд, иллатҳои кузоз (столбняк) ва саръро дафъ ме- кунад.
99

Саргинашро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимо- ланд, хуни биниро қатъ мекунад.
Оби саргини тарашро ҳар рӯз дар бинӣ бичаконанд ё хушкашро ос карда, ба он сирко пошида, дар бинй ка- шанд, барои саръ фоида дорад.
Пешобашро бинӯшанд, дарди гурдаро дафъ мекунад.
Саргинашро фишурда, обашро гирифта бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёра- ки) бачаро зуд хориҷ мегардонад.
Сумашро сӯхта, занҳои ҳомила дар вақти таваллуд кардан худро ба дудаш бидоранд, зоиданро осон меку- над. Агар сумашро бо сӯҳон тароша (реза) карда би- хӯранд, заҳрро аз бадан дафъ мекунад, иллати махавро шифо мебахшад.
Ин сумашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, пӯсти тарқида ва кафидаи баданро, ки кӯҳна шуда бошад, ба ибро меоварад; агар инро бо равғани зайтун хамир карда, гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад; иллатҳои буғумҳо ва носурро дафъ мена- мояд.
Ҷигарашро сӯхта, бо равғани зайтун хамир карда, муттасил гузошта банданд, ханозерро таҳлил медиҳад; агар бо шароб хамир карда гузошта банданд, каҷии нохун ва доғҳои сафеди рӯйи нохунро дафъ мекунад.
Равганашро гузошта банданд, доғи аз захм ва реш боқимондаро барҳам медиҳад, ҷароҳатҳои узвҳои да- руни шикамро сиҳат мебахшад.
Саргини хари гиёҳхӯрро дар шароб як шабонарӯз тар карда, онро соф намуда биёшоманд, каждумгазида- ро даво мешавад.
Агар мағзи сарашро бо равгани зайтун сиришта би- моланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.
Дандони онро ба зери болишт бигузоранд, одамони бехобро хоб меоварад.
100

Сипурзашро занҳо бихӯранд, шири онҳоро зиёда ме- гардонад.
Хуни онро бимоланд, бавосирро дафъ мекунад.
Ширашро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар инро биёшоманд, сурфаи гарми кӯҳна, сил ва иллати диқро, ки баданро багоят логар мегардонад, фоида дорад.
Мӯйи думи онро дар шароб андохта, баъд он шароб- ро бинӯшанд, арбада меоварад.
Пешоби онро бар ҳар заврақ, ки бимоланд, ба он ҷо моҳиён бисёр ҷамъ мешаванд.
Пӯсти пешонии онро ба гардани тифлони тарсончак биёвезанд, онҳо аз ин беморӣ наҷот меёбанд.
Ним грам чирки гӯши онро ба тифлони гирёнчак би- хӯронанд, онҳоро аз гиря манъ мекунад.
Хдкими асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки равғани онро се бор то чор маротиба бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.
Агар каси каждумгазида назди хар рафта. ба гӯшаш бигӯяд, ки маро каждум газид, ҳар фукҳояшро ба ҳара- кат меоварад, гӯё ки кавша мекарда бошад, дардаш со- кин мегардад - ин аҷиб аст.
Агар закари онро дар кӯзаи обнадида андохта, ба оташ гузоранд, ки қариб ба сӯхтан расад, баъд онро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.
3. Кабӯтар
Ин мургест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам саҳроӣ дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизоҷи саҳроияш гармтар ва хушктар мебо- шад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро ба ҳар та- риқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ (шал
101

шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, ларзак, суст ва нотавон шудани узвҳоро шифо мебах- шад. Хуни солим аз хӯрдани он ҳосил мешавад; ис- тисқои (водянкаи) обдор ва бодиро дафъ мекунад; ба- данро фарбеҳ мегардонад; гурда ва боҳро қавӣ месозад, манӣ ҳосил мекунад.
Сангдони нав кушташудаи онро аз олоиши дарунаш пок карда, кӯфта бихӯранд, таъсири заҳри морро аз ба- дан дур мекунад, агар газида бошад.
Бачаи кабӯтарро бе обу намак дар равгани кунҷид пухта бихӯранд, санги гурда ва хичакро ҳамон соат майда карда мерезонад.
Хунашро ба пешонй бимоланд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад. Аз хуни хушки он ба андозаи боқило бихӯранд, инчунин хуни гармогарми онро ба ҷароҳати сар бимоланд ё би- резанд, агар ҷароҳат ба устухони сар расида бошад, до- ру мешавад.
Аз бачаи кабӯтари нав пар бароварда парашро би- кананд, аз ҷойи парканда хун таровиш мекунад. Ҳамон хунро дар чашм чаконанд, барои ҷароҳатҳои чашм, хун хоб рафтан, пардаеро, ки чашмро торик мегардо- над, пардаи дудмонанди чашм ва шабкӯриро дору ме- бошад.
Мизоҷи саргинаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Инро аз 3,5 то 10,5 грамм дар як рӯз бихӯранд, барои ҳама навъҳои истисқо (водянка), ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад. 10,5 грамми онро ба 7 грамм дорчинӣ бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Саргинашро сӯхта ба атрофи бинй бимоланд, дар манъ кардани
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 1

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017