Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Барои Тӯйю маъракаҳо Иду айём

Шеърхо табрикнома барои туй арусу домод

Тэги:табрикнома барои туй арусу домод | сухан барои арус | шеърҳои туёна | табрикоти туёна 2019 | сухан барои арусу домод | суханхои табрикоти наврузи | дуо барои арусу домод | шеърхои арусу домодтабрикнома барои туй бародар | табрикнома барои арусу домод | шеърхои арусу домод | табрикоти туёна 2019 | сухан барои арус | шеърҳои туёна | табрикнома барои туйи дугона | суханхои табрикоти наврузи
Добавил:Admin (17.01.2020 / 11:08)
Рейтинг:rating 103 article (0)
Прочтений:707
Комментарии:0
Хуш бош эй ҷавони ошиқ,
Домоди ба наварус лоиқ.
Эй соҳиби гул муборакат бод,
Ин базми вислоу ҷашни ошиқ.
Хоҳам ки ситораат ҳамеша,
Ояд ба аруси ту мувофиқ.
Онгуна зиҳӣ ки панд гиранд.
Аз силқи ту ошиқони содиқ.
***
Эй номи ту бехтарин сарогоз
Бе номи ту нома кай кунам боз
Эй номи ту муниси равонам
Чуз номи ту нест бар забонам.
***
Арусу домод муборак шавад
Манзили обод муборак шавад
Нури Худое дар ин хонадон
Хонаи обод муборак шавад
Арусу домод ду гулбоги тар
Аз хама гулхои чахон тозатар
Гул ба раху гулбасару гул ба бабар
Гулгуни навзод муборак шавад
***
Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!
***
Домомду арус хона муборак бодо!
Пероҳани туёна муборак бодо!
Дунёи дигар паси тори чимилиқ,
Шоҳонаю фарзона муборак бодо.
***
Ту имшаб мешавӣ келин
Ту имшаб мешавӣ домод
Ҳамин бахти худододат
Ба ҳардуят муборка бод.
**
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 5

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017