Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

11.Хирс 12.Мурги хонаги 13.Кирмак 14.Магас 15.Алокузанг

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (18.04.2017 / 11:31)
Рейтинг:rating 12 article (0)
Прочтений:2154
Комментарии:0
11. Хирс
Ин ҳайвони маълум аст.
Мизоҷаш тарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи хирси пир хушк мебошад.
Хислатҳои щифобахши он: заҳраи он гиреҳҳои ба- данро ба шиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихӯранд, щшати саръро шифо мебахшад; бо сир- коасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди ҷигареро, ки аз сардӣ бошад, сихат мекунад; истисқои лаҳмй ва обиро ба ибро меоварад; ду грамашро бихӯранд, қулинҷи ҷунбандаро (пс.движной колитро) шифо мебахшад. Агар заҳраи хщкфо бо асал ва оби бодён (арпабодиён) даромехта, ба ^гашм кашанд, чашмро қавӣ ва гули дар он афтодаро д.чфъ мекунад, мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад.
Агар инро бю асал ва мурчи кӯфтагй даромехта, ҳар рӯз як мартабг* то шанҷ рӯз бимоланд, решҳои хӯранда ва сабӯсаки с арро дафъ мекунад, инчунин ба сар мӯй мерӯёнад.
Ширдони бача* хирсро, ки ҳанӯз ба ғайр аз шир
116

чизи дигар нахӯрда бошад, панирмояи хирс меноманд. Агар инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад. 4,5 грамм аз он бихӯранд, саръро, ки сабабаш ҷамь шудани балғам дар мағзи сар бошад, шифо мебахшад. Агар дар милки чашм мӯйи чаппа рӯйида бошад ва дар чашм би- халад, онро баъд аз кандан инро ба чашм кашанд, ди- гар мӯй намерӯяд. Агар инро ба ҳар ҷойи бадан бимо- ланд, рӯйидани мӯйро дар он ҷо манъ мекунад; бар пу- чак бимоланд, ба зудӣ онро мепазонад.
Мизоҷи равғанаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Агар инро гузошта банданд, дарди кӯҳнаи буғумҳоро бартараф мекунад, асабҳо ва узвҳои шах- шударо мулоим мегардонад, агар ягон устухон беҷо шуда шикаста бошад, беҷоро баҷо меоварад ва шика- старо пайваст мекунад, латхӯрдаи узвҳоро ислоҳ мена- мояд; ба сина гузошта банданд, сурфаеро, ки аз хушкӣ бошад, шифо мебахшад. Ба доғи пес ва гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, шифо мебах- шад.
Равгани хирсро дар вақти зоида шуданашон бар ба- дани тифлон бимоланд, онҳо аз ҳамаи ҳодисоти зарар- ноки табиат эмин мешаванд.
Чун даруни анорро тамоман холӣ карда, равгани хирс ва равгани зайтун баробарвазн дар он андохта, ба оташ гузошта гарм намуда бимоланд, барои рӯёнидани мӯйи абрӯ доруи хубест; ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, бавосир, носур ва саъфа (ширинча) дору мешавад.
Мизоҷи пӯсташ бисёр хушк аст. Агар бар он барда- вом бишинанд, фолиҷ, ниқриси тармизоҷон ва бемории аъзошиканиро шифо мебахшад.
Чун хояи онро чок карда, кӯфтаи мозу ва татум ба он пур намуда, хушк кунанд, баъд соида бихӯранд, исҳолро ба суръат манъ мекунад.
Саргинашро гузошта банданд, варамҳо ва дарди
117

гулӯи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун сар зада бошад, таҳлил медиҳад. Агар инро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. '
Мӯяшро бисӯзанд, аз дуд ва бӯйи он ҷонварони зарар- нок мегурезанд.
Чашми рости онро ба худ биёвезанд, ҷонварони ваҳшӣ аз он кас мегурезанд. Агар ҳар ду чашми онро дар латта баста, ба гардани бемор биёвезанд, таби дурӯздармиён- ро шифо мебахшад.
12. Мурги хонаги
Ин маълум аст.
Мизоҷи мурғи ҷавони фарбеҳ дар дараҷаи якум гарм ва дар тарй мӯътадил, вале дар мурғчӯҷа тарӣ бисёртар аст. Ҳарорат, яъне гармии мизоҷи хурӯс нисбат ба мо-киён камтар ва хушкии он зиёдтар аст, вале хурӯсчӯҷа дар ми- зоҷ мӯътадили моил ба тарӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: Гушти инро муҳарро пухта бихӯранд, ғизоияташ бисёр, хӯроки сабуктар назар ба ди- гар мурғон ва хуни солим аз он пайдо мешавад; ақл ва маниро зиёда мегардонад; агар муҳарро пухта нашавад, зидди хислатҳои номбурдаро дорад.
Гӯшти хурӯси солхӯрдаро бо нахӯду лӯбиё пухта би- хӯранд, моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, дарунро муло- им мекунад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ менамояд, барои иллати кулинҷ, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, шифо мебахшад. Беҳтараш он, ки хурӯси пирро кушта, дар об бисёр биҷӯшонанд, то он ки муҳарро гар- дад, баъд онро нимгарм бихӯранд, моддаҳои савдовиро ихроҷ мекунад.
Чӯҷамургро шӯрбо карда бихӯранд, барои одамони заифбадан ва нимҷон, инчунин меъдаашон тафс дошта бошад ва ба табҳои сафровӣ мувофиқ аст; барои мӯъта- дил гардонидани микдори моддаҳои нодаркор, мулоим кардани дарун, бо мудовамат бихӯранд, ғизои бисёр хуб мебошад.
118

Қавле мавҷуд аст, ки гӯшти чӯҷаи мокиён моддаҳои нодаркори баданро ронда хориҷ мегардонад, вале гӯшти мурғи мокиён онҳоро нигоҳ медорад.
Хурӯси пирро бисёр давонида, хаста гардонида, кушта, чизҳои даруни шикамашро дур сохта, намак карда, аз гиёҳи шибит пур намуда, бо оби бисёр биҷӯшонанд, то он ки обаш ба миқдори даркорӣ бимо- над. Баъд шаб дар зери осмон гузоранд, субҳ онро би- хӯранд, модцаҳои нави даруни ҷигарро, ки гафс гашта бошанд, бо исҳол дафъ мегардонад; барои табҳо, дарди шуш, ки кӯҳна шуда бошад, барои ларзак, дамкӯтаҳӣ, дарди буғумҳо, бардамидани меъда, беҳад нармии узвҳо ва кулинҷ даво мебошад ва заҳрҳои хӯрдашударо дафъ мегардонад. Баъзеҳо ҳангоми пухтани ин карами тоҷикӣ ё тухми маҳсар, ё шибит ва ё ҳар серо изофа ме- намоянд - ин қавитар аст дар бобати давои мазкура, инчунин барои дафъ кардани балғам пурзӯртар мебо- шад.
Гӯшти хурӯси ҷавон маниро зиёда ва соф мекунад, ранги рухсор ва овозро соф ва равшан мегардонад. Аз они хурӯсчӯҷа барои одамони камқуввати нав аз бе- морӣ хеста, инчунин барои бемориҳои гарммизоҷ мувофиқ аст дар бобати фарбеҳ кардани бадан, дур намудани лоғарӣ, соф кардани ранги рӯй ва овоз, зиёда гардонидани чавҳари майна, фаҳм ва манӣ, дафъ кар- дани хаёлҳои вайрон ва фикрҳои бад давои хуб мебо- шад. Агар инро бо равгани нав пухта бихӯранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Гӯшти инро шӯрбо пухта, ҳар рӯз як порчаи онро то як ҳафта бо нонреза бихӯранд, зардии рухсораро, ки сабабаш маълум набошад, ислоҳ мекунад. Агар инро кабоб карда бихӯранд, одати гил, хок ва дигар чизҳои ради хӯрданро ислоҳ менамояд, барои меъдаи тармизоҷ мувофиқ аст.
Ҷигари мурғ серғизост, дерҳазм ва агар ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мекунад.
Мизоҷи мағзи сараш дар гармӣ мӯътадил ва рутуба-
119

ти часпак дорад. Инро хом бо шароб бихӯранд, заҳри ҷонварон, хун қай кардан ва хуни биниро, ки аз пар- даҳои майна меомада бошад, дафъ мекунад. Агар пух- та бихӯранд, ҷавҳари майнаро зиёд мегардонад, қувва- ти тафаккурро афзун месозад, зеҳнро тез ва овозро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихӯранд, касро аҳмақ мегардонад.
Равғанашро бихӯранд, сахтиҳои баданро мулоим мекунад, моддаи савдоро ихроҷ менамояд. Ва агар инро нимгарм ба сар бимоланд, молихулиё (меланхолия)-ро шифо мебахшад; ширинча, кафидагй ва барои ҳамаи бемориҳои аз хушкӣ ба амаломада нафъи аҷиб дорад, хусусан се мартаба паси ҳам бимоланд, билкулл шифо мебахшад.
Мурги мокиёнро камаш 12 рӯз бо тухми маҳсар па- расторӣ намуда, баъд кушта, пухта бихӯранд, барои махави нав дору мешавад.
Чун пардаи миёни сангдони хурӯсро хушк карда, со- ида бо шароб бихӯранд, дарди меъда ва сустӣ, яъне по- ён фуромадани меъда ва вайрон шудани феъли онро дафъ мекунад.
Хояи хурӯсро хушк карда, кӯфта, бо зардии тухми мурғи нимпухта бихӯранд, барои қавӣ гардонидани пушти камар (боҳ) бисёр пуртаъсир аст. Агар онро бо равгани савсан ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта ба зе- ри ноф, кунҷи рон гузошта банданд, олати мардиро серҳаракат мегардонад.
Хурӯсро дар фасли баҳор кушта, ҳама чизҳои дару- нашро ба ғайр аз
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 5

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017