Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

16.Гург 17.Занбури сурх ва сиёҳ 18.Калтакалос 19.Мор 20.Сангпушт

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:08)
Рейтинг:rating 13 article (0)
Прочтений:1978
Комментарии:0
16. Гург
Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад: навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯрад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар намепе- чад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин наму- даш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи худ ме- гардонад. Қисми дувумаш барои даво шоям нест.
Мизоҷи гург дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
125

Хислатҳои шифобахши он: ҷигарашро бихӯранд, барои беморихои ҷигар бағоят фоидабахш аст. Миқдори ним грами онро соида, агар табнок бошад, бо об ва агар таб надошта бошад, бо шароб бихӯрад, ба- рои истисқо (водянка) ва табҳои сардмизоҷ дору меша- вад; бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯрад, зардпарвинро шифо мебахшад ва бо оби барф биёшомад, барои бемо- риҳои сипурз нафъ дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷигари он дар як рӯз 0,5 грамм аст.
0, 5 грамм заҳраи онро бо шароби мусаллас ё бо асал биошоманд, таби дурӯздармиёни кӯҳна, қулинҷ ва ис- тисқоро дафъ месозад. Микдори як нахӯди онро бо обе, ки дар он нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дар бобати қавӣ гардонидани боҳ (қуввати пушти камар) давои бемисл аст ва агар инро молида истанд, низ ҳамин асарро дорад.
Хоҳ инро бихӯранд ва хоҳ бимоланд, дар бобати дафъ кардани ҷингакшавии узвҳо, саръ (припадка), ку- зоз (столбняк), кашида шудани асаб, хусусан, ки аз сардӣ бошад, давои аҷибест. Агар инро ос карда, дар бинӣ бирезанд, назлаҳои шадидро дафъ мекунад; бо оби лаблабу даромехта дар бинӣ бирезанд, сурхии чашмро ҳамон дам ба ислоҳ меоварад; бо сиканҷабин даромехта, дар бинӣ андозанд, саръро ба ибро меова- рад.
Заҳраи хушкашро ос карда, чун сурма ба чашм ка- шанд, торикии чашм, фуромадани об дар гавҳарак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик мегардонад, дар як рӯз шифо мебахшад. Инро бо гиёҳи испарак якҷо кӯфта, гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад; бо оби пиёз ё оби барги лаблабу даро- мехта банданд, иллати пӯстпартоиро ба ибро меоварад, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро мерӯёнад; ба- рои дарди буғумҳо дору мешавад.
Мегӯянд, ки чун заҳраи онро ба закар молида, бо зан
126

муҷомаат кунанд, марди дигар ба он зан қодир наме- гардад.
Агар ин заҳраро занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шу- данро манъ мекунад.
Дандони озахи онро хушк карда, кӯфта, ним грами онро бо шири навдӯшида бихӯранд, барои таби дурӯздармиён ва бемориҳои шуш бағоят доруи хуб ме- бошад.
Чарбиашро бимоланд ё гузошта банданд, мӯйи гир- дак-гирдак рехтаи сар ва ришро мерӯёнад: варамҳои кӯҳнаро мегардонад.
Мағзи сарашро ба микдори 0,19 грамм бо шири навдӯшида бихӯранд, саръро манъ месозад. Инро дар оби судоб ва равғани зайтун гудохта, бар бадан бимо- ланд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ба амаломадаи беру- ни бадан ва дохили онро шифо мебахшад.
Мӯяшро сӯхта дуд кунанд, ҷонварони зиёнкор аз он ҷо меғурезанд. Агар инро дар навшодир маҳлул карда бимоланд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва дигар ранҷҳои ҷигарро дафъ мекунад.
Устухони соқи пояшро бо закари он якҷо сӯхта, кӯф- та, гузошта банданд, барои бавосир дору мебошад.
Чун думи онро дар зироат, алафзор ва чарогоҳи гов биёвезанд, ҳарчанд ки гов гурусна бошад, аз он ҷо алаф намехӯрад, ҳатто ба он майдон дохил намегардад.
Агар пешоб ё хуни онро занҳо бихӯранд, ҳомила шу- дани онҳоро қатъ мегардонад. Агар инро аз таг бардо- ранд ҳам, хамин асарро дорад.
Хояашро бирён карда бихӯранд, қуввати боҳро афзун мегардонад.
Чун хояи рости онро кӯфта, бо равғани зайтун бирён карда, ба порчаи пашмин олуда, зан ба худ бардорад, шаҳваташ нест мегардад.
Арасту фармудааст, ки 4,5 грамм аз хояи хушки он бо оби индов биёшоманд, дарди узвҳои даруни сина, дарди паҳлу ва бо кокутй бихӯранд, дарди тиҳигоҳ (хо-
127

лияки паҳлу)-ро дафъ мекунад.
Агар зан бар болои пешоби он бишошад, ҳаргиз ҳомила намешавад.
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва башидцат таҳлил- диҳанда аст. Беҳтарин саргинаш он аст, ки гург устухон хӯрда бошад. Аломати он бисёр сафед будани саргин аст, ки шахшӯл мебошад. 4,5 грамми инро бо оби гарм ё бо шароби сафед ва ё бардавом бо мурч ва намак би- хӯранд, иллати қулинҷро ба зудӣ шифо мебахшад.
Саргинашро бо асал даромехта, дар об ҳал карда, бо ин таркиб ғарғара кунанд, дарди гулӯи балғамиро шифо мебахшад. Агар инро сӯхта дуд кунанд, ба он мавзеъ мушон ҷамъ мешаванд.
Устухони буҷулаки пои онро ба зону бибанданд, дарди зонуро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод дар он ҷо бошад, инчунин аз заҳмати ҳаракат ва нотавон гаштан аз бисёр рафтан бошад, дафъ менамояд.
Бар пӯсти он бихобанд, қулинҷро (колитро) дафъ ме- кунад.
17. Занбури сурх ва сиёҳ
Ин ба ҳама маълум аст, ки занбӯрҳои калон вақти зимистон дар хонаашон ҷо шуда, берун намеоянд ва ҳангоме ки ҳаво гарм гардад, берун меоянд, парвоз ме- кунанд. Агар ба вай равған бирезанд, мемирад, вале боз сирко аз болояш бирезанд, аз нав зинда шуда, ба ҳара- кат меояд. Ин ҷонвар неши заҳрафкан дорад, мегазад.
Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, бо асал ва намак сиришта бимоланд, доги песро дафъ мекунад, варамҳои сарди нармро таҳлил медиҳад.
Агар ба ин занбӯр одамони гирифтори иллатҳои сардмизоҷи кӯҳнаи асабониро, ки монанди, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), сусту нотавон шудани аъзо ва ғайраро бигазонанд, бағоят фоида дорад.
128

Баъзе табибон мегӯянд, ки бачаи онро хушк намуда, соида, бо полуда (атолаи аз нишоиста пухташуда) би- хӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.
Занбӯри сиёҳи кабудтобро чун дар равғани зайтун пухта, бимоланд, доғи пес, доғи сафеди пӯст ва доғҳои дигари чуқур бошанд, аз пӯст дафъ мекунад.
18. Калтакалос
Инро дар як қатор маҳалҳо ба таври гуногун: келас, калпеса, калписа низ меноманд. Ин даштӣ ва ҳам ғайри- даштӣ мешавад. Беҳтарини он дар бӯстонҳо будааш ме- бошад.
Мизоҷи ҳар ду навъи он дар дараҷаи севум гарм ва хушк асг.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта, гузошта банданд, тири дар бадан даромадаро кашида берун меоварад, инчунин хорро ҳам; озахҳоро хушк карда ме- афтонад, мӯрчагазакро шифо мебахшад.
Ҷигари хушккардаашро ба дандони кирмхӯрда бигузо- ранд, дардашро таскин медиҳад.
Калтакалоси хушкро кӯфта, бо равғани зайтун си- ришта, ба сар ва ғайри он бимоланд, мӯй мерӯёнад; ба зе- ри ноф бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд.
Шиками онро чок карда, ҳамон тавр ба ҷои газидаи каждум бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Саргинаш ё пешобаш ва ё хуни онро бо равғани зайтун даромехта, дар сӯрохи чуки тифлон бичаконанд, чурраи онҳоро шифо мебахшад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, тифлро дар он об бишинонанд, низ ҳамин асарро дорад.
Вале хӯрдани калтакалос иллати сил ва бемориҳои шушро пайдо мекунад. Агар хӯрда бошанду зарар ёбанд, шарбати ревоҷ (чукрӣ) биёшоманд, ислоҳи зарар мекунад.
Он чӣ дар баъзе мардум ривоят ҳаст, ки агар инро би- хӯранд, пес мешудаанд - беасос аст.
129

19. Мор
<
Қисмҳои ин гуногун аст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра.
Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст бо қув- вати хушккунандагӣ.
Хислатҳои шифобахши он: равганашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавҳараки чашм манъ мекунад.
Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро ним- гарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро дар сирко ҷӯшонида,
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017