Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

21.Бедона 22.Моҳй 23.Гурба г 24.Садаф 25.Гӯсфанд

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:10)
Рейтинг:rating 14 article (0)
Прочтений:1752
Комментарии:0
21. Бедона
Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксолӣ ояд, шу- мораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бисёр мегардад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хушкии он зиёда мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯнгги он яке аз беҳта- рин гӯштҳои парандаҳо мебошад, зуд аз меъда мегуза- рад, боҳро ба ҳаракат меоварад, бинобар гармии ми- зоҷаш ташна мекунад, дар бадан хориш пайдо менамо- яд, дар пӯст доначаҳо медамонад. Агар бисёр бихӯранд, ба андӯҳи нафасгир мубтало месозад - дар ин ҳолат бо чизҳои турш ва равған бипазанд, зарараш ислоҳ ме- ёбад. Ҷӯшонида пухтаи он беҳтар аз кабоби он аст. Зе- ро ки кабоби онро агар ба зудӣ пухта бошанд, аз меъда дер мефурояд.
135

22. Моҳй
Ин ҷонвари обии маълум йст. Беҳтарини он дар наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷоҳои дур ва башиддат ҷорӣ мешуда бошад, ба ҳам мерасад. Беҳтарини наҳрии он шоҳмоҳй, ки ба тоҷикӣ гулмоҳй меноманд ва баъд аз он ширмоҳист. Барои хӯрдан беҳтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як рӯз ва зи- ёда аз он гузашта бошад, бинобар нозукии таркибаш вайрон мегардад. Вале намак кунанд, вайрон намегар- дад. Дар ҷойи дувум моҳиёне, ки дар баҳрҳо ва дигар обҳои шӯр наздики соҳили сангдор зиндагӣ ба сар ба- ранд, мебошанд.
Мизоҷи ҳамаи моҳиён сард дар дараҷаи якум ва тар дар дувум аст. Дар обҳои шӯр, яъне дар баҳр ва уқёнусҳо зиндагй ба сар баранд, инчунин моҳии шӯр дар мизоҷ гарм дар дараҷаи якум ва моил ба хушкӣ ме- бошад.
Хислатҳои шифобахши он: дар оташ кабоб кардаи он беҳтар аз он, ки дар равган бирён карда бошанд, зу- дҳазм аст ва дар ҷигар хуштар ҳазм меёбад - ин барои бадан мувофиқтар мебошад; ба бадан об медавонад, фарбеҳ мекунад, манӣ, шир ва чарбии гурдаро пайдо ва зиёда мекунад. Агар инро одамони гарммизоч би- хӯранд, боҳи онҳоро бармеангезад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад, моддаҳои гарммизоҷро ислоҳ меку- над, касабаи шушро соф ва нарм мегардонад, захми шуш, сил ва бемории диқ (лоғаркунанда)-ро даво ме- шавад, инчунин сурфаи хушкро шифо мебахшад; сустии ҷигар ва гурдаи гарммизоҷонро мувофиқ аст.
Агар моҳиро бо оби ангур гӯра ва татум кабоб карда бихӯранд, исҳоли сафровй ва хуниро манъ мекунад.
Моҳиро бирён карда, дар навиаш бо пиёзи сабзи тар бихӯранд ва баъд аз он шароби мӯътадил биёшоманд, манй пайдо мекунад ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
136

Моҳишӯрборо биёшоманд, барои заҳрҳои хӯрда шуда ва аз неш дар бадан ворид гашта даво мебошад. Шӯрбои моҳиро бо мудовамат бихӯранд, заҳрхои мори шохдор ва саги девона газидаро дафъ мекунад. Гӯшти моҳиро бе масолеҳ шӯрбо карда бихӯранд, дар бадан об медавонад. Баъд аз он дар ҷойи дувум дар дег ё дар оташ бирён кардашудаи ин меистад; вале дар оташ ка- боб кардаи он сабуктар аст ба меъда назар ба он чӣ дар равған бирён карда бошанд. Он чӣ гушти моҳиро дар орд лат карда, бо равған бирён намуда бошанд, бисёр ташна мекунад ва аз меъда дер мегузарад.
Моҳии бисёрро бе нон хӯрда, аз болояш оби гарм, асал ва сиркоасал ва инчунин оберо, ки дар он турб ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, баъд қай кунанд, баданро аз моддаҳои нодаркори ғафс ва ахлоти мурдор пок мегардонад ва барои дарди буғумҳо, ирқуннасо (радикулит), доғи сафед ва сиёҳи пӯст даво мешавад ва дигар доғҳоро низ аз пӯст дафъ мекунад.
Хӯрдани моҳӣ ба одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ зарар дорад, инчунин ба майнаи тар, асаб ва меъдаи балғамй зиён мекунад. Барои он ки зарар наоварад, бо равғани гов, равғани кунҷид ё бо равғани бодом пухта бихӯранд, безарар мегардад. Ва бо занҷабил, кокутӣ, асал ва гулқанд низ бихӯранд, ислоҳи зарари он мена- мояд. Гарммизоҷонро хӯрдани он ташна мекунад. Дар ин ҳолат сирко ва обкома биёшоманд, ислоҳи зарар ме- намояд.
Вале барои баъзе мизоҷҳои одамон моҳии намакин мувофиқтар асг ва назар ба дигар намудҳои моҳиён онҳоро камтар ташна мекунад, вале ба баъзе мизоҷҳо навъи бенамаки он форамтар мебошад.
Баъд аз хӯрдани моҳӣ ошомидани оби хунук бағоят зарарнок аст ба ҳадце, ки гӯё онро зинда ва худро мур- да гардонидан аст ва боиси бемориҳои давомнок ме- шавад. Аммо баъд аз он, ки аз меъда фуромада равад, шароб биёшоманд, фоида дорад, вале пеш аз он шароб
137

бинӯшанд, бинобар кисмҳои ҳазмнашудаи он дар рагҳо ва пӯст гиреҳҳо пайдо карданаш бемориҳои рад- диро ба амал меоварад, моцанди: қӯтур, хориш, шу- куфаи пӯст ва ғайра.
Агар моҳиро бо шир ё бо тухми мург, ё бо гӯшти ҳайвоноти даштӣ бихӯранд, бисёр зарарнок аст ва ба бемориҳои кашолёбанда мубтало мегардонад.
Моҳии намакин, ки аз намак карда шудани он пон- здаҳ ва зиёда рӯз гузашта бошад, мизоҷаш моил ба гармӣ ва хушкӣ аст. Инро бихӯранд, балғамро меканад, ба таом иштиҳо пайдо мекунад, барои одамони сардми- зо ҷ мувофиқ аст, балғами шаффоф ва ширин пайдо ме- кунад, зарарҳои дигарашон, ки баданро ба хориш меоварад, ба қӯтур ва шукуфаи пӯст гирифтор мекунад, пӯст мепартононад, бедорӣ меоварад ва ғайра.
Моҳиро, ки муддати дароз намак хӯрда бошад, би- хӯранд, дар бадан гиреҳҳоро ба амал меоварад, ахлоти мурдор пайдо мекунад, аз ҷумла, савдои сӯхтаи мурдор ҳосил менамояд. Дар ин маврид давояш сирко, сирко- асал ва обкома ошомида, қай кардан аст. Моҳии на- максуди хушк бадтарини қисмҳои моҳиён аст, га- ронҳазм мебошад, вале балғами ғафсро таҳлил медиҳад, патҳои (пашмакҳои ) меъдаро қавӣ мегардо- над, бо вуҷуди ин бемориҳои номбурдаро ба амал меоварад, инчунин бедорӣ пайдо мекунад. Агар инро бардавом бихӯранд, ба иллати шабкӯрӣ мубтало ме- гардонад. Ин зарари онро низ ба воситаи истеъмол кардани чизҳои дар боло зикрёфта ислоҳ метавон кард.
Моҳии шӯрро, ки дар сирко парварда бошанд, яъне як шабонарӯз дар он тар карда бошанд, мизоҷаш сард ва хушк аст, хушккунандаи рутубатҳо ва дерҳазм, дар бадан қувватҳои дар худ нигохдорандагиро зиёда ме- гардонад, ба меъда рехта шудани моддаи сафровиро манъ мекунад, вале хориш ва қӯтур пайдо мекунад, бар пӯсти бадан доначаҳои савдовиро медамонад.
Агар бо оби моҳии шӯри намакин узвро бишӯянд,
138

решҳои бадбӯй ва қӯтури навро шифо мебахшад.
Моҳии навқапидаро бирён намоянд ва то хунук шу- данаш бигузоранд ва хусусан, ки як шаб ба он бигуза- рад ва ё муддати зиёд дар ҷои намнок монда бошад, раддӣ ва заҳрнок мегардад ва агар ба хӯрдани он мудо- вамат намоянд, ба иллати пес ва истисқо (водянка) ги- рифтор месозад ва ҳолати занбӯруғи заҳрнок хӯрдаро ба амал меоварад. Тадбири наҷоти он қай кардан ва чизҳои исҳоловар хӯрдан аст. Агар ба касони сардми- зоҷ зарар кунад, гуворишҳои гарммизоҷ бояд бихӯранд ва чизҳои гарммизоҷи номбаршуда истеъмол намоянд. Ва агар ба касони гарммизоҷ зиён кунад, сиркоасали турш, сирко ва обкома бояд истеъмол намоянд.
Касеро, ки аз хӯрдани моҳӣ дилаш беҳузур (беҷо) шавад, бояд ки оби биҳиро дар оташ гафс гардонда би- лесад ва зираи сиёҳро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро биёшомад.
Моҳиро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада ни- шинанд, захми рӯдаҳоро , ки дар ҳолати ибтидо бошад, шифо мебахшад ва моддаҳоро ба рӯйи пӯст мекашад. Агар бо ин ҳуқна (клизма) кунанд, барои ирқуннасо (радикулиг) дору мебошад.
Тухми моҳиро бихӯранд, барои қавӣ гардонидани боҳ пуртаъсир аст, манӣ пайдо мекунад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои сурфа, исҳол,
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 3

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017