Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

Қурбоққа 27. Товус . Гунҷишк 29.Уқоб 30.Каждум

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:12)
Рейтинг:rating 15 article (0)
Прочтений:1851
Комментарии:0
. Қурбоққа
Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои намнок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад, хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қотил аст.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум сард ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди ин аслан аз ҳарорати қавӣ холй нест.
Хислатҳои шифобахши он: курбоққаи обиро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандо- нро таскин медиҳад.
Шиками онро чок карда бо ҳамон ҷойи чокшудааш гузошта банданд, тир, хор ва ғайраи дар бадан дарома- даро берун мекашад ва заҳри ҷонварони газандаро бо- шиддат берун месозад, инчунин хуни рафтаистодаро қать мекунад.
Гӯшти онро сӯхта, ос карда бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Сӯхтаи онро бо зифт даромехта, гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Гӯшти қурбокқаро ба дандон бимоланд, дандонро бе ҳеч гуна дард аз милкаш берун меоварад, ба ҷоҳои ди- гари бадан бимоланд, аз сӯхтани оташ нигоҳ медорад.
Мағзи сарашро сӯхта бимоланд ё бипошанд, хуни равонро мебандад. Агар инро ба воситаи найча дар бинй пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин магзи сари онро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мегардонад.
Мегӯянд, ки чун рони онро бо ресмон баста, касе, ки алмос хӯрда бошад, фурӯ барад, пораҳои алмос ба он мечаспанд ва ҳамин тавр берун кашида мешаванд.
Чун дасту по ва даруни шиками онро дур карда, бо чарбуи гурдаи буз муҳарро пухта, равгани онро ҷамъ
146

кунанду бимоланд, бавосири хуниро дафъ мекунад.
Қисме аз қурбоққа, ки дар пойи дарахтон зиндагӣ ба сар мебарад, сабзи бисёр майда мебошад. Чун онро бо ҳамвазнаш чигити пахта бисӯзонанду маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, оби дар гавҳараки чашм фуромадаро дафъ мекунад.
Агар ҳамон қурбоққаи майдаи сабзро дар об ҷӯшо- нида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Қурбоққаи сабзи обиро, ки қурбоққаи қашқа мено- манд, сарашро бурида дур намуда, шикамашро низ чок карда, он чӣ дар он ҳаст, гирифта партофта, пӯсташро канда, баъд як миқдори кам, гӯшт бо устухонаш, ки монда бошад, дар як ошомидани об то муҳарро шудани он ҷӯшонида, он обро хоҳ нон тар карда, хоҳ бе нон биошоманд, ҳафтаи дувум ва ҳафтаи севум низ ҳамин амалро такрор намоянд, гӯё дар се ҳафта се қурбоққаи қашқаро муҳарро пухта бихӯранд, аз иллати сил, ки захми шуш аст, наҷот меёбанд.
27. Товус
Ин парандаест, машҳур ба зебой ва хушранг бо рангҳои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардорад, чатрӣ мегардад, хусусан думи нари он бисёр дароз ва парҳои зебодорад.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯпггаш бисёр сахт ва бадҳазм, хӯрдани он хилти (моддаи ) гализ дар бадан пайдо мекунад, вале ба меъда қувват мебахшад.
Гӯшташро бе масолеҳи дигар шӯрбо карда бихӯранд, дарди паҳлу ва зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина)-ро шифо мебахшад.
Хӯрдани гӯшт ва чарбуи он боҳро қавӣ мегардонад. Гӯшташро бо судоб шӯрбо пухта бихӯранд, дарди меъдаро, ки аз хунукӣ ҳодис шуда, қулинҷ (колит),
147

бодҳои гализ ва дарди бугумҳоро дору мешавад.
Равгани онро бар камар, закар ва мақъад (махраҷгоҳ) бимоланд, боҳро қувват мебахшад.
Чарбуашро об карда, бо об, судоб ё бо асал даро- мехта бимоланд, қулинҷ ва дарди меъдаро ба ибро меоварад.
Хунашро бо анзарут ва намак даромехта бимоланд, решҳои бадфиоли радциро, ки хӯрандаи узв гашта бошанд, шифо мебахшад.
Саргинашро бимоланд. доғҳои пӯстро пок мекунад, озахҳоро хушк карда мерезонад.
Устухонашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ менамояд, ранги песро дигар месозад.
Заҳраашро ба қадри як грам ба танҳоӣ ё бо си- канҷабину (сиркоасалу) оби гарм биёшоманд, барои боздоштани пешоб ва манъ кардани исҳоли хунини кӯҳна давои хубест. Агар инро бо сирко даромехта би- моланд, газидани ҷонварони заҳрнок ва захмҳоро шифо мебахшад, догҳои пӯстро дафъ мекунад; бо анза- рут сиришта ба чашм бимоланд, гули чашмро дур месо- зад. Агар заҳраашро сӯхта бипошанд, даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Ин сӯхтаи онро ба дандон бимоланд, онро сахт ва мустаҳкам ме- ғардонад ва аз чирк пок месозад.
Мегӯянд, ки чун дунболаи онро дар кӯза андохта, бисӯзонанд, аз 450 грамми он қариб 4,5 грамм фулуззе монанди тилло ҳосил мешаванд. Ҳамин фулузро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва ҳамаи бемориҳои чашмро дафъ мекунад.
Мизоҷи гӯшташ бисёр гарм аст ва инро бо ҳазмку- нандаи таом занҷабил, мурч, зира ва ғайра бихӯранд, ислоҳ мегардад.
148

28. Гунҷишк
Ин парандаест машҳур ба зебой ва хушранг бо андак калонтар аз аҳлй ва нӯлаш борику дарозтар аст.
Беҳтарини навъҳои он фарбеҳи даштиаш мебошад, ки дар фасли зимистон гирифта шуда бошад. Вале хо- нагиаш агарчй фарбеҳ ҳам, ки бошад, барои давоӣ би- сёр заиф аст, ҳатто намешояд.
Мизоҷи гунҷишки аҳлӣ дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи даштиаш дар хушкӣ зиёдтар ме- бошад.
Хислатҳои шифобахши он: гунҷишкро пухта би- хӯранд, баданро гарм ва фарбеҳ мекунад, барои одамо- ни тармизоҷе, ки дар бадани онҳо бодҳо пайдо мешуда бошанд, мувофиқ аст ва боҳи онҳоро ба ҳаракат меоварад, маниро зиёда менамояд ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Гӯшташро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, вале қисмҳои дигараш дарунро мебандад.
Қавлҳо зикр шудаанд, ки гунҷишк аз парандаи сара аст барои иллатҳои гуногун: фолиҷ, каҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо, карахтӣ, сустии ҷигар, ис- тисқо (водянка), зардпарвин, сустии гурда ва боҳ, ин- чунин монанди инҳо дору мешавад; беҳтарин давоест барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба- рои касе. ки аз бисёрии боди шиками худ шикоят намо- яд, дору мебошад.
Мағзи сари нари онро дар вақти ҳаяҷонй буданаш гирифга, дар равғани бодоми ширин бирён карда, бо хӯришҳои хушбӯйи таоми пурқувват бихӯранд, багоят боҳро меангезад ва маниро зиёда мекунад, инчунин олоти мардиро ба ҷунбиш меоварад. Бачаи он барои ҳаракат додани боҳ ва шиддати ба ҷунбиш овардани закар қавитар аст, хусусан аз чизҳои дарунашу парҳо- яш пок карда, бо зардии тухми мурғ ва равғани зайтун бирён кунанду бихӯранд, низ тухми гунҷишк дар ин бо-
149

бат қавӣ мебошад.
Ин дар беҳ кардани бадан давои бемисл аст.
Майнаашро бо зардии тухми мурғ бихӯранд. боҳро бармеангезад ва агар бо шароб бихӯранд, низ ҳамин хосиятро дорад.
Майнаашро занони назоянда аз таг бардоранд, бои- си зуд ҳомила шудани онҳо мегардад.
Вале хӯрдани гунҷишк ба касони гарммизоҷ зарар дорад. Давояш анор, ғӯраи ангур ва сиканҷабини турш ошомидан аст.
Беҳтар мешавад агар гӯшти онро оби анор ё гӯра пошида, бихӯранд, то ки зудҳазм гардад, зеро ки гӯшти он сахт ва гарммизоҷ аст.
Чун гунҷишкро сар бурида, хуни онро дар орди наск бичаконанд ва хамирашро кулӯла созанду хушк наму- да, дар вақти мубошарат як кулӯлаи онро бо асал сои- да, ба закар бимоланд ва пойро ба замин нагузошта, мубошарат намоянд, боҳро бармеангезад.
Хуни гунҷишкро дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро пок менамояд.
Саргини он бисёр гарм ва хушк аст, гули чашмро пок мекунад, доги кунҷидакро дафъ менамояд, инчунин доғҳои дигари дар рухсора пайдошударо нест мекунад. Саргинашро
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017