Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 >>

31.Зулук 32.Тортанак 33 .Зоғ 34.35.КабкФохтак

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:14)
Рейтинг:rating 16 article (0)
Прочтений:1514
Комментарии:0
31. Зулук
Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон шуллук ҳам ме- номанд. Ин чонвар дар чашмаҳои гуногун ва баъзан дар кӯлҳо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он чӣ дар обҳои чашма зиндагй ба сар барад, сиёҳи камранг ва дар калониву хурдӣ миёна мебошад, сараш сиёҳи кулӯла ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб аст. Ин- чунин гуфтаанд, ки он чй зери шикамаш сурхранг ва бар пушти он ду хати сабз ва бо суратҳои номбурда бошад, некӯст. Вале он чӣ бисёр сиёҳ, ало ва калон бошад, бад аст - ин дар тиб истеъмол намегардад, ин- чунин майдааш ҳам заиф аст.
Мизоҷаш сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: зулукро хушк намуда, кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, варам ва дарди гулӯро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
155

Кӯфтаи зулукро бо сабир (алоэ) сиришта гузошта банданд, донаи бавосирро хушк мекунад. Агар онро бимоланд, доғҳои пӯстро пок месозад.
Зулукро дар равғани зайтун пухта, ба закар бимо- лаяд, багоят онро калон мегардонад ва қавӣ месозад. Инчунин зулукро дар равгани зайтун сӯхта, батакрор ба закар гузошта банданд, онро калон ва қавӣ мегардо- над.
Зулукҳои майдаро сӯхта бо сирко ё оби банг (кирмрезонак) сиришта, мижаи зоид ва чаппа рӯидаро канда, ба он ҷо гузошта банданд, дигар намерӯяд.
Сӯхтаи зулукҳои майдаро бо равгани бунафша да- ромехта, дар сӯрохи закар ё дар фарҷ чаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва захми хичакро (пешобдонро) шифо мебахшад.
Чун понздаҳ адад зулуки калони зиндаро ба 90 грамм кирми лойхӯраки шустагӣ, хушк карда, дар 420 грамм равгани кунҷиди тоза хуб ҷӯшонида, баъд соф карда, дар шиша нигоҳ доранд. Дар вақти ҳоҷат ин равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, онро қавӣ ва серҳаракат мегардонад. Чунин равғанро ба хояе, ки дар он об фуромада, сахт ва кӯҳнашуда бошад, чанд рӯз паиҳам гарм карда бимоланд, он обро дур мекунад - шифо мебахшад.
Зулуки навъи аъло, яъне тиббиро ба мавзеъе, ки хуни мурдор, яъне хуни ҳаром дошта бошад, монанди: ши- ринча, решҳои радции бадфиъол, шукуфаи пӯст, дона- чаҳои раддӣ, ба ҷоҳои нозук ва заиф монанди пилкҳои чашм, гӯшаҳои чашм, рухсораҳо, ба тифлон ё занони заифбунёд (нимҷон), ки хун гирондан нахоҳанд, би- часпонанд, хуни ҳаромро бе азият мекашад, лекин шар- таш ҳамин, ки бадан аз ахлоти мурдор пур набуда, бал- ки аз онҳо пок бошад. Баъд аз зулук мондан аз нӯшида- ни оби хунук, баромадан ба ҳавои сард ва аз ошомида- ни чизҳои турш парҳез намоянд. Агар рӯзи дигар ба узве, ки зулук часпонида бошанд, боз бичаспонанд,
156

бақияи хуни ҳаромеро, ки дар он узв мондааст, мека- шад - ин бад нест, вале адади зулукҳои часпонидаша- ванда аз пешина камтар бояд бошад, масалан, рӯзи якум даҳ адад зулук часпонида бошанд, рӯзи дувум панҷ ё се адад бимонанд. Шартҳои зулукмонӣ чунин аст, ки бояд ба як дафъа хуни бисёр нагиранд, ки сустй меоварад; инчунин ба рӯйи раг ҳам начаспонанд. Беҳтар он аст, ки зулуки хуб ва сараро пеш аз ба бадан часпонидан муддате нигоҳ доранд, то ки хӯрдаи худро қай карда партояд, пок гардад. Узви шахси беморро чандон бимоланд, ки сурх гардад ва агар мумкии бошад, баъд зулук бичаспонанд. Баъд аз пур шудани он аз хун зулукро маҷбуран аз бадан ҷудо накунанд, балки бигузоранд, то аз хун пур шуда ва сер худ ба худ ҷудо гардад. Дндак хокистар ё намак бар даҳани он бипо- шанд, ки ба ин тадбир худ ба худ ҷудо мегардад. Баъд ҷойи даҳонаш газидаи онро дам ба дам бо порчаи кар- боси кӯҳна мулоим пок намоянд, то хунаш аз рафтан бимонад. Агар хун бисёр ояд, бо ин тадбир банд наме- гардад. Дар ин маврид бо қадре хокистар ва ғайра, ки манъкунандаи хун бошад, банд намоянд. Агар он мавзеъ ба сабаби расидани об ё ҳаво дард ва варам ку- над ва бисёр ба хориш ояд, он ҷойро бо зардчӯбаи кӯфтагӣ ва бехтагӣ, ки дар латта баста бошанд, гарм- бандй намоянд ё зардчӯбаро бо об хамир карда, ба- такрор гузошта банданду аз об ва ҳавои хунук эҳтиёт намоянд. Чун баъд аз ҷудо шудани зулук қадаре намак бар даҳани он бипошанд, ҳамаи хунҳои хӯрдаашро қай мекунад ва мемирад.
32. Тортанак
Ин ҷонвар навъҳои бисёр дорад. Вале дар тиб он чӣ дар гӯшахои хонаҳо торҳо метанад ва хона месозад, дар назар дошта мешавад.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он сард ва хушк аст.
157

Хислатҳои шифобахши он: тортанаки калони боф- тааш сафедро бо равғани зайтун даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад.
Тори танидаи тортанакро ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо ҷорӣ бошад, бигузоранд, хунро манъ мекунад ва ҷароҳатро низ ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Чун тори танидаи онро бо шилми пӯхтагии санавбар ба латтаи зағирпоягй молида, бар пешонй ва чаккаҳои сар бичаспонанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебах- шад. Инчунин танидаи тортанаки сафеди фарбеҳро дар пӯсте баста, ба сар ё ба бозу, ё ба гардани бемори таби рӯздармиёнгиранда банданд, табро дафъ мекунад.
Дар зери шиками тортанак ҳангоми бача додани он пардаи ғафсе мебошад, ки тухмҳояш дар он ҷой дода шудаанд. Чун бачаҳояшон болиғ гарданд, аз он парда берун мераванд. Ҳамон пардаро бар бозуи бемори таби дурӯздармиёнгиранда бибанданд, табро дафъ мекунад; чун ба узвҳое, ки хун аз онҳо равон бошад, банданд, хунро бозмедорад.
Агар тортанак ба узве молида шавад, обила мекунад, хориш меоварад, маҷрӯҳ мегардонад. Бинобар ҳамин онро на ба дарун истеъмолаш раво ва на бар бадан мо- лиданаш ҷоиз аст.
33. Зоғ
Зоғ ду навъ аст: зоғи ало ва зоғи сиёҳ. Беҳтарини он бачааш мебошад.
Мизоҷаш умуман дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин барои одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба пирон форам аст, маниро зиёда мегардонад. Аз он ҳалиса тайёр карда, яъне бо гандуми кӯфта, намак ва равған муҳарро пухта бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қувват мебахшад. Дар ин бобат бояд аввал гӯшти онро дар об ҷӯшонида,
158

он обро рехта партоянду баъд бо сирко бипазанд, дар ин ҳолат барои одамони гарммизоҷ низ форам мегар- дад.
а) Зоги ало. Беҳтарини он бачааш мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дерҳазм аст,
гизоияташ раддй, яъне ҳангоми хӯрдан бадӣ меоварад. Беҳтараш он аст, ки аз хӯрдани гӯшти он худдорӣ намоянд. Вале агар бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Ва агар чашмашро ба худ овезанд, бехобй меоварад.
б) Зоғи сиёҳ ва зоғча.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он дар бадан хуни солим пайдо мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Вале барои одамони гарммизоҷ зарарнок аст. Давои ин зарараш сирко хӯрдан аст.
Заҳраи ҳамаи навъҳои зоғ поккунанда ва тунд аст. Агар онро ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки он- ро дафъ мекунад; бо заҳраи хурӯс ва асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро ба ибро меоварад.
Саргини ҳамаи зоғон низ тунд аст ва поккунанда ме- бошад. Агар инро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро нест мекунад.
Гӯшти хушки онро ҳар рӯз 0,6 грамм то се рӯз пай- дарҳам бихӯранд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.
Хуни хушккардаи онро бимоланд, бавосирро шифо мебахшад.
Парашро сӯхта бимоланд, мӯйро мерӯёнад.
34. Фохтак
Ин парандаест машҳур, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳрой майдатар,
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 2

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017