36.Хорпушт 37.Ҷайра 39.Саг 38.Панирмоя 40.Шир
Тэги: | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо |
Добавил: | Admin (03.05.2017 / 09:17) |
Рейтинг: | ![]() |
Прочтений: | 2287 |
Комментарии: | 0 |
36. Хорпушт
Ин ҷонварест рӯйи шикамаш мӯй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорҳои пушташ, ки бо он печида мешавад, ҷо мекунад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст дар аввали дараҷаи дувум.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти хорпуштро би- хӯранд, рутубатҳои нодаркор ва зиёдатии баданро, ин- чунин захмҳоро хушк мекунад, моддаҳои ғализро ба- шиддат таҳлил медиҳад ва рехта шудани моддаҳои но- матлубро ба узвҳои даруни шикам ва сина манъ меку- над.
Ҷигари хушки он ва хокистари сӯхтаи он поккунан- да, таҳлилдиҳанда ва хушккунанда мебошад.
Гӯшти намакхӯрдаи онро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди сарро таскин медиҳад; бо обе, ки дар он юнучқаи зардак ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, фолиҷ, ҷингак шудани аъзо, бемориҳои асаб, филпо ва агар таб намегирифта бошад, истисқо (водянка) ва дар- ди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гӯшти бенама- ки онро бихӯранд, вайрон шудани мизоҷ, сил, ҳангоми хоб ба чогаҳ шошидани кӯдакон ва ғайри кӯдаконро дафъ мекунад, ҳатто агар дар хӯрдани он мудовамат намоянд, ҳоли шошиданро душвор мегардонад; аммо боҳи тармизоҷ ва сардмизоҷонро қувват мебахшад.
Ҷигарашро дар офтоб хушк карда бихӯранд, ис- тисқоро шифо мебахшад.
Пӯсташро сӯхта, бо шароб биёшоманд, фолиҷро ба ибро меоварад ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, ҳар гу- на варамҳои гӯшти баданро мегардонад.
Гӯшташро пухта бихӯранд, барои ханозер (ҳукгар- дан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта бан- данд, ғуддаҳо ва гиреҳҳои сахти дар узвҳо пайдошуда- ро мегудозад — таҳлил медиҳад.
162
Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, решҳои римнокро ба ибро меоварад ва агар он решҳо гӯшти ҳаром дошта бошанд, онро мехӯрад; захмҳоро хушк мекунад, зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.
Гӯшти хушккардаи онро соида як муддат бихӯранд, иллати махавро шифо мёбахшад. Хокистари онро би- моланд, доғи кунҷидаки тунукро дафъ мекунад; инро бо заф (қатрон) даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак- гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад ва қӯтурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он бишӯянд, решҳои сарро нест мекунад.
Хӯрдани гӯшти он табҳои кӯҳна ва заҳри ҷонварон- ро аз бадан дафъ мекунад.
1,75 грамм аз пӯсти сӯхтаи он бихӯранд, таби дурӯздармиёнро нест месозад.
Вале агар хорпушт ва маҳсулоти онро аз ҳад бисёр би- хӯранд, мизоҷи меъда ва ҷигарро вайрон мекунад ва ран- ги рухсорро паст мегардонад. Давои ин зарарҳояш гӯшти онро дар об муҳарро пухта хӯрдан ва бо равган пухта, бо равгани бодоми ширин ва сиркою коснӣ хӯрдан аст.
Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст, хислати пок ва хушккунанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар инро бимоланд, паҳн гаштани захм ва решҳоро дар бадан манъ месозад, ба- рои махав ҳам фоида дорад.
Заҳраи онро бо муми занбӯри асал даромехта, зани ҳомила бихӯрад ё аз таг бардорад, бачаашро аз шикам меафтонад.
37. Ҷайра
Ин ҷонвари маълум аст, ки дар баданаш хорҳое до- рад ба дарозии як ваҷаб ва аз он кӯтоҳтар, ки барои ҳимояи худ ба кор мебарад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
163
Хислатҳои шифобахши он: Ҷобир бинни Ҷаббон-ус- Сӯфӣ дар «Китоби хавосси кабир», гуфтааст, ки гӯшти ҷайра барои кушодани пешоби баста шифо мебахшад ба ин усул, ки онро бо корд гулӯ бурида, пӯсташро кан- да, гӯшташро дар офтоб чандон хушк намоянд, ки қобили кӯфтан ё бо сӯҳон тарошидан гардад. Баъд кӯф- та ё бо сӯҳон тарошида, аз 9 ё 13,5 грамми онро дар шароб ҳал карда, биёшоманд, пешоб ба зудӣ кушода мегардад ва бо ҳамин аз он иллат шифо меёбад.
Гӯшташро бихӯранд, барои дафъ кардани иллати ниқрис (подагра) нафъи азим дорад. Агар инро ба- такрор гузошта банданд ва молидани хуни он доғи кунҷидак ва чиркҳои баданро дафъ мекунад.
Гӯши онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро ра- вон мекунад.
Аз хори он мор ва ҷонварони дигари заҳрнок мегу- резанд, ҳатто ба он наздик намеоянд. Хорпушт ва ҷайра ба мор хусумат доранд, онро мекушанд. Бино бар ҳамин морҳо аз онҳо гурезон мебошанд.
Чун ҷайраро бисӯзонанд ва бо навшодир то ба ҳадде бикӯбанд, ки қариб ҳал гардад, баъд бо асали кафкги- рифта сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ба зудӣ. Ҷоҳои ин қабил мӯйрехтаи сарро бо танакори арманӣ то сурх шуданаш бимоланд, баъд саргини ҷайраро бо равғани зайтун даромехта бимоланд, ба зудӣ мӯй мерӯёнад.
Саргини сӯхтаи онро бо равғани мӯрд ё бо дигар равғанҳо даромехта, ба ҳар ҷойи бадан, ки хоҳанд, би- моланд, мӯй мерӯёнад.
Пӯсти ҷайраро сӯхта, бо ҳардал (горчица) ва асали сурхи кафкгирифта сиришта, ба сар бимоланд, мӯйро дароз мекунад ва аз тарқидану рехтан нигоҳ медорад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш батакрор бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Сипурзи хушккардаи онро кӯфта, бо шароб биё- шоманд, барои гудохташавии сипурз дору мебошад;
164
чунончӣ, шахсе иллати шадиди сипурз дошт, сипурзи ҷайраро бирён карда бихӯрд ва баъди се соат арақи бисёр кард, дар дарунаш дарди сахт пайдо шуд ва баъди як соат пешоби бисёре кард, ба қадри 200 грамм ва зиёда аз он шошиду шифо ёфт.
Заҳраашро бароварда, бо сурмаи аълосифат ос ку- нанду онро ба чашм кашанд, гули чашмро ба зудӣ дафъ мекунад. Заҳраи хушккардаи онро чанд маротиба би- моланд, песи навро дафъ мекунад; бо гӯгирд даромехта бимоланд, песи кӯҳнаро дафъ мекунад.
Заҳраи ҷайраро хушк карда, кӯфта, бо шароб хамир карда, қурсҳо сохта, хушк намуда, вақти хоҷат бо сирко соида, ба бавосири кӯҳна бимоланд, онро сиҳат мебах- шад ва ҳамон дам хунашро қатъ менамояд.
38. Панирмоя
Ин меъдаи, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шиками ба- чааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви онро панирмоя меноманд ва аз он, ки коҳ ё алаф бихӯранд, онро панирмоя намено- манд. Панирмояи ҳар як ҳайвон хислати ба худ хосеро дорад. Инро ҳам дар тариаш ва ҳам хушк намуда ис- теъмол мекунанд.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мувофиқи як қатор қавлҳо гарм дар аввали дараҷаи севум аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ба- рои саръ (припадка) дору мебошад; агар бо сирко ё бо маска, ё бо асал бихӯранд, саръро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар майна бошад, шифо мебахшад, хусусан па- нирмояи заргӯш дар ин бобат қавитар аст, ки 1,75 грамми онро дар сиркои ангурй ҳал намуда бинӯшанд.
165
Чун кӯдаконро камтар аз он бихӯронанд, аз иллати саръ эмин мегарданд.
Ошомидани ҳамаи навъҳои панирмоя барои та- маддуд (беҳаракат мондани узв), кузоз (столбняк)-и балгамӣ ва хафа (бӯгма) шудани бачадон шифо мебах- шад, зеро ки ин гудозандаи ҳамаи ахлоти шахшуда аст ва баръакс шах ва ғафскунандаи ахлоти гудохта мебо- шад. Хуллас, онро дар сирко ҳал карда бихӯранд, хуни дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад. Хоҳ ба танҳоӣ бихӯранд ва ё бо давоҳои муносиб инро биёшоманд, хун ва ширро, ки дар меъда, хичак (пешобдон) ва дигар узвҳо шах шуда бошад, тахдил менамояд, хуни биниро мебандад, ҳомила шуданро манъ мекунад, исҳолро ме- бандад; умуман агар инро бихӯранд, дилро қавӣ мегар- донад,