41.Марворид 42.Буз 43.Каргас 44.Мӯрча 45.Эчкиэмар
Тэги: | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо |
Добавил: | Admin (03.05.2017 / 09:19) |
Рейтинг: | ![]() |
Прочтений: | 1952 |
Комментарии: | 0 |
41. Марворид
Ин гавҳари машҳур аст, ки аз шиками навъе аз садаф бармеоваранд. Марворид дар ҳаҷм гуногун аст: майдаи он аз тухми кӯкнор резатар ва калони он то миқдори тухми гунҷишк ва банудрат ба андозаи тухми кабӯтар низ ёфт мешавад ва то алҳол ба вазни то 14 граммаш мавҷуд ва маълум мебошад. Гуфтаанд: беҳтарини он сафеди обдори софи ялаққосии кулӯлаи ғалтони баҳрайнӣ, ҳурмузӣ ва уммонии он аст. Баъд аз он су- роҳӣ (шишарангӣ), ки бо сифатҳои номбурда аст; ва шаклҳои дигари обдори сафеди ялаққосии он аз он пасттар аст; зард ва сиёҳи беоб ва бисёр резаи он беко- ра мебошад. Дар баҳри ҷазираи Сейлон ва ҷазираҳои дигари монанди Биразил аз арзи ҷадид (нав кашфшуда)-и арзи ҷанубй, ки на саро ба наздикӣ ба даст овардаанд ва ғайри он ҷо низ ба ҳам мерасад.
Дар Муршидобод ва Ҳавзаи Об ва дигар баҳрҳо низ марворид ба ҳам мерасад, лекин бисёр резаи зардранги носара аст. Аҳёнан донаҳои бузург ба андозаи нахӯд ва ниҳоят то 1,4 грамм дар вазн ва моил ба сурхй бармео- яд.
Он дар ҳақиқат мобайни ҳайвон, растанӣ ва санг аст. Сангияти он бар ҳама ғолиб монанди подзаҳри ҳайвонй ва садафи он ҳайвонот аст, ки дар зери баҳр зиндагӣ ба сар мебарад, монанди растанӣ реша дорад ва сиёҳранг, ки дар байни сангҳо ва сангрезаҳои қаъри баҳр банд менамоянд ва батадриҷ калон мешавад.
Ҳангоми гуруснагӣ даҳан, яъне ду садафи худро мекушояд; моҳиёни реза, кирмҳо ва чизҳои шилмаки зери баҳрро, ки он чй дар даруни он меоянд, гизои худ
178
месозад. Ҳарчанд ин махлуқ бузургтар гардад, решаи он қавитар ва садафаш калонтар, сафед ва ялақкосӣ ме- гардад. Марворид дар миёни он қариб ба дили он пай- до мешавад. Ва мегӯянд, ки вай то ҳадди муайян калон мегардад ва агар гаввосон он марворидро аз даруни он барнаоваранд, бо мурури вақт боз гудохта шуда, барҳам мехӯрад. Дар ҷойҳое, ки зери дарё аз хоки соф иборат бошад, марвориди хуб ба камол мерасад ва ҳар- чанд санглохтар бошад, беҳтар мешавад.
Он чӣ ривоят аст, ки гӯё вақти боридани борони най- сон садаф рӯйи об омада, даҳани худро мекушояд ва катраи борон дар он бичакад, аз он марворид ҳосил мешавад - тамоман беасос аст.
Мизоҷи марворид дар охири дараҷаи дувум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он: фараҳбахшанда, рақиқкунанда (суюқ), қувватбахши узвҳои ботин, афзункунандаи қувватҳои нафсонӣ, ки манбааш майна аст; қуввати ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва қуввати табиӣ, ки манбааш ҷигар аст, инчунин, қувватбахш ба рӯҳҳои бадан, ки манбаъи инҳо низ ҳар се узвҳои номбаршуда мебошанд. Марворид дар хи- слати фараҳбаҳшӣ қавитар аз тилло аст ва ба тамоми узв ва қисмҳои бадан нуфузкунанда мебошад.
Агар соидаи инро бихӯранд, хун қай кардан ва ҳар гуна хунравиҳоро манъ мекунад; васвос, девонагиҳои гуногун, бадбӯии даҳан, дамкӯтаҳӣ, ҳамаи навъҳои ди- лтапак (дилбозӣ), хавф, ҳузн ва тарс аз бисёр гапггани моддаи савдо дар майна, бемориҳои дил, сустии меъдаи гарммизоҷон, инчунин, сустии ҷигар ва гурдаро дафъ мекунад; гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; за- рдпарвин за сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро дафъ менамояд; исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад, инчунин, хуни бавосир ва ҳайзро ҳам манъ месозад.
Оберо, ки дар он марворид ҳал карда шуда бошад,
179
дар бинй бирезанд, дарди сарро, ки аз рехтани миж- гонҳои чашм ба амал омада бошад, дар мартабаи ав- вали нӯшидан шифо мебахшад.
Марворидро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм ка- шанд, дарди чашм, шилпуқӣ, торикии чашм, гули чашм, пардаи дудмонанди ба чашм афтода, тирагӣ ва захми онро шифо мебахшад.
Маҳлули марворидро ба чашм бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад, ба чашм қувват мебахшад, сиҳати чашмро нигоҳ медорад. Агар инро ба дандонҳо бимоланд, милки дандонро қавй мегардонад ва дандо- нро аз чирк пок мосозад.
Маҳлули марворидро занҳо аз таг бардоранд, ҳоми- ла шуданро манъ мекунад.
Марвориди ғайримаҳлулро бимоланд, доғҳои кунҷидак, доғи сафеди пӯст, доғи махав ва ғайраро пок мекунад. Вале маҳлули онро бимоланд, песро дафъ ме- созад - ин ба қавли Арасту аст.
Кӯфтаи онро бипошанд, аз узвҳои берунӣ хун равон бошад, қатъ мегардонад; ба захмҳо бипошанд, онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Инро бихӯранд ва бимоланд, заҳрҳои хӯрдашуда ва аз газидани мору каждум бошанд, дафъ мекунад.
Марворидро ба худ биёвезанд, дилро қувват мебах- шад. Дар даҳан нигоҳ доштани он барои махав фоида дорад, ғам ва сустии дилро барҳам медиҳад.
Истеъмоли марворид ба дарун ба қавле барои хичак зарарнок аст, давои ин марҷон хӯрдан аст.
Микдори як бор хӯрдан аз марворид дар як рӯз то 2,25 грамм аст. Ба ҷойи ин садафи сафедро истеъмол намоянд, равост.
Огоҳ намоем, ки марворид аз расидани равған, бӯйи бад, чирк ва дуд бадранг ва бекора мегардад.
Шустани он дар обе, ки биринҷ пухта бошанд, ним- гарм ё оби биринҷ тар карда шударо бимоланд, онро соф мекунад. Ва ё агар ранг ва хислати марворид вай-
180
рон шуда бошад, ба кабӯтар ва мурғ бихӯронанду баъди каме фурсат онро кушта, аз шикамаш берун ова- ранд, низ соф мегардад.
Тариқи ҳал (махдул) кардани марворид чунин аст. Инро соида, дар шиша андохта, аз болояш то пурра пӯшонидан оби турунҷ бирезанд, даҳани шишаро маҳкам намуда, дар зарфе, ки дар он сирко бошад, муа- ллақ биёвезанд, баъд он зарфро дар саргини асп то 14 рӯз гӯр кунанд, инак ҳал хоҳад шуд. Баъзе мутахассисон гуфтаанд, ки бар болои сирко овехтан шарт нест, балки худи ҳамин дар саргин гӯр кардан кифоя мебошад.
42. Буз
Ин ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳлӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд ҷойи дувумро ишғол мекунад.
Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш аз ахдӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти буз барои одамо- ни гарммизоҷ, беморон, барои одамони сарзаминҳои гарм форам ва мувофиқ аст, аз он дар ҷигар моддаи со- лим, инчунин, хуни сара пайдо мешаванд. Вале хӯрдани гӯшти буз барои одамони савдовимизоҷ зарар дорад - дар ин маврид бодом, хурмо хӯрдан даркор аст, ки ис- лоҳи зарари он намояд. Бо гӯпгги буз меваҳои тар, туршиҳо ва чаккаи ҷурғот ё дӯғ хӯрдан багоят зарарнок аст.
Гӯшти бузғола, ки аз шашмоҳагӣ гузашта бошад, ру- тубаташ афзун ва беҳтарини гӯштҳо буда, фишори ба- ланди хунро паст мекунад, сабукҳазм ва барои бемо- рон, инчунин барои касони нав аз беморӣ хеста форам ва мувофиқ аст.
Гӯшти бузро гармогарм ба узви зарба ва латхӯрда,
181
инчунин, ба пӯсти гармогарми он печонидан дардашро таскин медиҳад, намегузорад, ки он ҷо варам оварад. Пӯсти сари бузғоларо дар вақти гарм буданаш ба сар гузошта банданд, варами пардаҳои майна ва худи май- на, инчунин, зеҳни беҷошударо ба ибро меоварад. Майнаашро ба сар гузошта банданд, майна ва узвҳои сахтро мулоим ва аз ругубат таъмин мегардонад.
Заҳраи хушкшудаашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик ме- гардонад, дафъ месозад.
Ҷигари бузи сиёҳро чун реза-реза намуда, он резаҳои ҷигарро як ҷо карда, ба он мурч ва занҷабили кӯфтаро пошида, кабоб кунанд, оби аз он ҷудошударо гирифта, дар чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад.
Саргини