46.Пӯпишак 47.Заргуш . Ғоз
Тэги: | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо |
Добавил: | Admin (03.05.2017 / 09:21) |
Рейтинг: | ![]() |
Прочтений: | 1519 |
Комментарии: | 0 |
45. Эчкиэмар
Ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмача, ба арабӣ варал ва ба русй варан мегӯянд. Ин ҷонвари саҳрозамин ва даштӣ мебошад, ки маълум аст.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дувум гуфтаанд. Мизоҷи сар- гинаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро бихӯранд, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, кузоз (столб- няк), ниқрис (подагра), дарди буғумҳо ва бемориҳои сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад; баданро гарм мекунад; боҳро қувват медиҳад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад. Хусусан инро бо асал, бо обе, ки наск дар он пухта бошанд, бо шароби хурмо ва бо ша- роби мавизи ангур, бо зардии тухми мурғи нимпухта тановул намоянд, маниро ба он дараҷа ба ҳаракат меоварад, ки ҳатто ба ҳалокат мерасонад (шояд ин муболага ҳам бошад ва шояд дар баъзе мизоҷҳо ва минтақаҳои гарм чунин бошад.
Чун гӯшти намакини онро кӯфта, бо зардии тухми мурги нимпухта ё тухми индовро соида, бар он пошида бихӯранд, ҳамчунин намакини онро, хусусан, намак- чарб ва сараи онро бо дорчинй суда, ба зардии тухми мурғ пошида бихӯранд, барои қуввати боҳ кори калон аст ва дар ин бобат зиёда аз гӯшт ва равғани он мебо- шад.
187
Ҳамон Маҳрёрис гуфтааст: «Хуни онро бо ҳалила даромехта бимоланд, ранги доги сафеди пӯст ва песро тағйир медиҳад».
Гӯшти эчкиэмарро гузошта бДнданд, тир ва хор, ин- чунин захрҳои ҷонваронро аз бадан ба худ мекашад.
Чун онро чок карда, ба беруни пӯст банданд, боиси фарбеҳии он узв мегардад.
Гӯшти онро дар равғани зайтун то муҳарро шудан ҷӯшонида, баъд он равганробимоланд, доғҳои пӯст, каляра (качалӣ) ва хоришро дафъ мекунад; ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Он равганро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Ин равғанро бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва шукуфаҳои пӯстро шифо мебахшад, ба- данро фарбеҳ мегардонад.
Агар равғани эчкиэмарро бо қувват ба закар бимо- ланд, онро калон мекунад.
Хокистарашро бимоланд, узвро беҳис мегардонад.
Гӯшти эчкиэмар барои одамони хунукмизоҷ ва тар- мизоҷ форам ва мувофиқ аст, вале ба одамони гармми- зоҷ ва хушкмизоҷ зарар дорад, хусусан, ки бидуни ис- лоҳкунандаи зарари он бихӯранд.
Табиб Исҳоқ гуфтааст: «Ба сар зарар мекунад, давои ин асал хӯрдан аст».
Миқцори як бор хӯрдан аз гӯшташ дар як рӯз аз 4,5 то 13,5 грамм асг.
Гӯшти эчкиэмарро синну сол, обу ҳавои маҳали ми- зоҷро ба ҳисоб гирифта истеъмол намоянд, хубтар ме- бошад.
46. Пӯпишак
Ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам мено- манд. Ба арабӣ ҳудҳуд ва ба русӣ удод аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст
188
Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Гӯшти онро бо шибит дар об муҳарро пухта би- хӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, печиши рӯдаҳо ва кулинҷ (колит)-ро дафъ мекунад; хуни дар гурда, хичак ва дар даруни дил шахшударо таҳлил медиҳад.
Чун онро хушк карда, маҳин соида, бо шароби му- саллас биёшоманд, боҳро қувват мебахшад.
Заҳра ё хуни онро гузошта банданд, ширинчаи сар ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Заҳраи онро дар ҷойи торик то се рӯз гузошта банданд, каҷ шудани рӯй- ро ба ибро меоварад.
Шонасаракро кушта, дарҳол дилашро гармогарм фурӯ баранд, қуввати ҳофизаро зиёда мегардонад, ин- чунин, майнаашро бо равғани кунҷиди тоза даромехта, дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад.
Чашми онро бемори нисён (фаромӯшхотирӣ) ба худ овезад, дигар ҳеҷ чизро фаромӯш намекунад, ҳофизааш қавӣ мегардад; агар бемори махав ба худ овезад, илла- таш ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, асар мекунад. За- бонашро ба худ биёвезанд, бо онҳо мардумдӯстй пайдо мекунанд, ба ғаними худ зафар меёбанд. Нӯли поёнии онро ба худ овезанд ҳам, ҳамин хислатро дорад.
Устухони фуки поёни онро ба худ овезанд, забони бадгӯён нисбат ба он кас баста мегардад, душманон дӯст мегарданд.
Пӯпишаки куштаро ба дари хона биёвезанд, аз сеҳр, чашми бад ва саръи (припадкаи) кӯдакон эмин мегар- данд.
Агар устухонашро ба худ овезанд, таби дурӯздар- миёнро шифо мебахшад.
Нохун ва парашро ба матоъи абрешими зард баста, дар зери сари душманон гузоранд, дар байни ҳар ду дӯстӣ пайдо мегардад.
Парашро сӯхта, дудапгро бигиранд, барои захмҳо, сеҳр ва девонагӣ дору мешавад, ҷонварони зарарнок, аз
189
ҷумла, мӯрча ва кайкҳо мегурезанд.
Мағзи сарашро дар макони кабӯтарон дуд кунанд, ҳеҷ як осеб ва зиён ба онҳо намерасад.
Гӯшти пӯпишакро бихӯранд, сеҳрро дафъ мекунад ва гумонеро, ки пеши касеро бастаанд, бартараф ва ислоҳ менамояд.
Чун хуни онро хушк намуда, бо савсан даромехта ё бо равғани кунҷиди тоза даромехта, ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ ва марғӯла мегардонад.
Чун дарозтарин пареро аз парҳои боли он дар пӯст печонида, ба рони рост биёвезанд, дар вакти муҷомаат қувват мебахшад.
47. Заргуш
Маълум аст, ки ин ҳайвони даштӣ, ҷангалӣ ва кӯҳӣ мебошад.
Мизоҷаш гарм дар дараҷаи севум ва тар дар дувум аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бирён карда, бо кӯфтаи дорчинй, мурч, кокутӣ, ҳардал (гор- чица) ва тухми шибити бо сирко туруш кардашуда би- хӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи ба- дан ба дарозӣ), нотавон шудани узвҳои бадан, каҷ шу- дани рӯй, паридани узв ва ларзакро шифо мебахшад, инчунин, карахтиро низ бартараф месозад. Низ дигар бемориҳои аз хунукӣ ба зуҳур омада, иллатҳои аса- бонӣ, дардҳои пайвандҳо, инчунин, ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошиданро барҳам медиҳад. Қайлаи он низ бе- мориҳои зикрёфтаро ба ибро меоварад.
Дар ширдони бачаи алафнохӯрдаи ин ҷонвар панир- моя мавҷуд аст. Аз ҳамон панирмоя камакакеро ба кӯдак бихӯронанд, онро аз саръи тифлона эмин медо- рад ва дар вақти хоб тарсидани онро дафъ мекунад. Аммо ба кӯдак он вақт бихӯронанд, ки дар меъдааш шир набошад. Вале агар шири хӯрдааш ҳазм гашта, аз
190
меъдаи он поён нафуромада бошад, он ширро шах ме- гардонад ва боиси бемориҳои дигар мешавад.
Агар занҳо баъди пок шудан аз ҳайз пас аз се рӯз 2,5 грамм панирмояи онро бихӯранд, ҳомила шудани онҳоро манъ мекунад ва агар 9 грамми онро бихӯранд, аз бачадон бисёр рафтани рутубатро ислоҳ мекунад.
Камтар аз як грамм панирмояи онро бо шароб би- хӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. 4,5 граммашро бо оби нахӯд бихӯранд, хуни дар хичак шахшударо, ки боиси банд шудани пешоб гашта бошад, тит ва ҳал мекунад.
Аз 0,2 грамм то 2,5 грамм панирмояи онро бо сиркои ангурӣ бихӯранд, саръро дафъ мекунад ва шири дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад; мори афъй газида бошад, таъсири заҳри онро мешиканад, инчунин чӣ навъе, ки заҳри қотил хӯрда бошанд, бар зидди онҳо тарёк мегардад. Агар ин миқцор панирмояи онро ҳан- гоми сайд кардан гармогарм бо равгани зайтун даро- мехта фурӯ баранд, ба касоне, ки хобида нафас гирифта наметавонад ё дар вақти ҳаракат нафас мезада бошанд ва нафасашон ба онон ёрӣ намешавад, шифо мебахшад.
Агар касе талхаашро