Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

50.Мургоби Гов 52.Тухми мург малах 54.Хун 55.Магзи сар

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:23)
Рейтинг:rating 20 article (0)
Прочтений:2434
Комментарии:0
1. Гов
Ин ҳайвон маълум аст.
Мизоҷи гӯшти гови зиёда аз яксола гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз гӯшти шутур камтар ва дар хушкӣ аз гӯшти буз хушктар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бадҳазм, ғализ ва аз хӯрдани он хуни ғафси савдовӣ ҳосил мешавад, бемориҳои савдовӣ, монанди: саратон, махав, варами сипурз, филпо, даволӣ (ғафс ва барҷаста гаштани рагҳои варидии пой), доғи сафеди пӯст, қӯтур, шу- куфаи пӯст, васвос, таби дурӯздармиён ва амсоли инҳоро пайдо мекунад; инчунин бардавом бихӯранд, ба ҳамаи буғумҳои бадан зарар дорад, иллати ирқун- насоро (радикулитро) бадтар мекунад; ҳайз ва зоидани занҳоро пеш аз вақт қатъ мегардонад; иллати қӯтур ва хориши баданро ба амал меоварад; ба сабаби пайдо кардани гиреҳ ва бухори ғализи бадбӯй, ки ба дил ва майна мебарояд, бадахлоқӣ меоварад. Азбаски насоро (христианҳо) ҳангоми хӯрдани гӯшти гов аз болояш май меошоманд, инак, онро ҳазм менамояд ва қувва- ташро низ боқӣ медорад. Вале касе, ки майхӯр нест, набояд истеъмол фармояд, бояд ки гоҳ-гоҳ давои дафъкунандаи хилти савдо истеъмол намояд, то ки ба- данаш аз моддаи савдои зарарнок пок шавад. Инчунин давоҳои пешоброн нанӯшад ва аз ошомидани ша- робҳо, обҳои вазнини найзор ва обҳои истода худдорй намояд, чун сӯзиш ё тафсеро дар бадани худ эҳсос ку- над, сирко бинӯшад ё ҳангоми пухтани гӯшти гов дар масолеҳи хӯрок сирко дохил намояд. Инашро ҳам бигӯем, ки сирко ба он ҳамроҳ гашта, барои пайдо шу- дани хилти савдо мадад мерасонад. Таъми гӯшти гов лазиз мебошад, барои одамони бо меҳнати ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, инчунин барои одамони иллати дабба (чурра) дошта мувофиқ ва форам аст, бадани онҳоро фарбеҳ ва қавй мегардонад, сафрои рақиқро
200

(суюқро) қатъ мекунад, вале бадбӯкунандаи хун аст. Беҳтарини он гӯшти гӯсолаи фарбеҳи хушмизоҷ аст ва аз гӯсолаи зард бошад, боз ҳам хубтар аст. Беҳтарин вақти хӯрдани гӯшти ин ҳайвон фасли баҳор аст.
Бадтарини ин гӯшти гови пир, лоғар ва дардманд аст.
Чун аз гӯшти он бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд, аз меъда ва ҷигар рехтани моддаро манъ менамояд. Равганашро батамом ҷудо карда, баъд гӯшташро бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд, намегузорад, ки мод- даҳои сафровӣ ба меъда, ҷигар ва рӯдаҳо рехта шаванд ва дар бадан паҳн гаштани онро монеъ мешавад; за- рдпарвин ва равон шудани сафроро дафъ мекунад ва исҳоли сафровиро банд месозад.
Чун одамони сардмизоҷ ва меъдаашон заиф инро ис- теъмол карданӣ шаванд, бояд ки онро хуб муҳарро бипазанд, бо сирко ё сир, асал ва дигар шириниҳо, ки ба ғайр аз хурмо бошанд, ҳамроҳ карда бихӯранд. Аз болои гӯшти гов ҳардал (горчица) хӯрдан бисёр хуб аст, вале аз болои гӯшти гов оби хунук нӯшидан бадаст ва фақат баъд аз холӣ шудани шикам мумкин аст об бинӯшанд.
Чун гӯшти беравғани говро бирён кунанд, он оберо, ки дар вақти бирён шудан ҷудо мешавад, гирифта, ним- гарм дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад, агар ба сӯхтагии оташ бимоланд, намегузорад, ки обила кунад.
Зарари гӯшти говро мурч, дорчинй, занҷабил ва муҳарро пухтани он ислоҳ мекунад. Чун дар вақти пух- тани он камтар пӯчоқи харбузаро дар дег андозанд, муҳарро ва лазиз мегардад. Зарари гӯшти гӯсоларо ҳаммом кардан ва риёзат ё варзиш ислоҳ мекунад.
Каллаашро пухта бихӯранд, табро дафъ мекунад қу- ввати боҳро меафзояд. Чун пеш аз баромаданиофтоб майнаи онро ба доғи пес бимоланд, онро аз пӯст пок месозад.
Мизоҷи шохаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум
201

хушк аст. Чун шохи гови нарро хушк карда, бо сӯҳон тароша намуда, хусусан аз нӯгҳои он ба миқдори 4,5 грамм бо оби сард биёшоманд, хуни биниро манъ ме- кунад. Устухони биниаш ва шохи сӯхтаи он барои тас- кини дард ва ҷило додани дандонҳо фоидабахш аст. Агар 9 грамми онро бо асал бихӯранд, кирмҳои каду- донаро аз шикам дафъ менамояд. Чун ҳар рӯз 2 грамм аз шохи сӯхтаи он бо сиканҷабин (сиркоасал) биё- шоманд, инак бо ин мудовамат намоянд, варами бузур- ги сипурзро таҳлил медиҳад, қуввати боҳро бармеан- гезад. Агар сӯхтаи инро ба решҳои хӯранда бипошанд, намегузорад, ки онҳо зиёд гарданд.
Шохи барзаговро бисӯзанд, ҷонварони газанда ва заҳрнок аз он ҷо мегурезанд. Агар аз шохи чапи он ан- гуштарин сохта, ба ангушти дасти чап бигузоранд, ил- лати саръ (припадка) ва саръи тифлонро нафъ дорад.
Мизоҷи заҳраи он қариб дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Хушки онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро пок мегардонад. Заҳраи барзаговро бо асал сиришта, чанд бор лесида бихӯранд, дарди гулӯ, хориши бадан ва нории форсӣ ном реши бадфиолро шифо мебахшад. Заҳраи навашро бо камтар асал даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва омадани римро аз он қатъ мекунад. Аммо заҳраи онро бе асал истеъмол кардан дуруст нест.
Захраи онро бимоланд, ҳамаи захмҳои баданро шифо мебахшад, ба мақъад бимоланд, захмҳои онро дафъ мекунад. Инчунин онро бо шири занон даро- мехта, дар гӯш бичаконанд, рими равонро аз он қатъ мегардонад, агар бо оби гандано бичаконанд, ҷаранги гӯшро дафъ месозад, инчунин ҳамаи садоҳои дар дару- ни гӯш шунидашавандаро нест мекунад.
Заҳраи барзаговро бо асал даромехта, бо он ғарғара кунанд ё онро ба марҳамҳо дохил намуда гузошта бан- данд, реши мӯҳликеро, ки ҷамра (карбункул) ном до- рад, шифо мебахшад ва намегузорад, ки вай бикафад.
202

Чун худашро танҳо ба ҷойи газидаи ҷонварони заҳрнок бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва зарарашро дафъ мекунад. Баъзе одамон миқцори ним грамми онро ҳангоми заҳролуд шуданашон бо шилми мисвок ва асал меошоманд. Онро бо асал даромехта бимоланд, за- хмҳои ҳабисаро (радии бадфиолро) шифо мебахшад, дардашро ҳам таскин медиҳад; инчунин захм ва дарди фарҷ, закар ва пӯсти хояҳоро дафъ мекунад ва варами он узвҳоро таҳлил медиҳад.
Агар заҳраи барзаговро бо натрун (танакори сурх) ва кӯфтаи булӯри бӯр хамир карда, ба доги пес, қӯтури тар, сабӯсаки сар, доги кунҷидак ва догҳои дигари пӯст гузошта банданд, ҳамаашро дафъ мекунад - сиҳат ме- бахшад.
Заҳраи барзаговро бо қивоми ҷадвор даромехта, пахта ва ё латтаи покизаро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бастаро равон мекунад ва бачадонро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.
Заҳраи барзаговро дар аввали баҳор ба танаи дарах- ти мевагӣ бимоланд, самари онро кирм намехӯрад ва ба он кирм намеафтад.
Мизоҷи хуни барзагов бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бо орди ҷав хамир карда, ба варамҳои сахт гузо- шта банданд, онҳоро ба ислоҳ меоварад. Ва агар хуни онро бо хуни ҳайз даромехта бимоланд, дарди ниқрис (подаграро), инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Хуни барзаговро ҳангоми гулӯ буридан дарҳол 6 грамм бихӯранд, гулӯро хафа карда мекушад.
Пешоби барзаговро бимоланд, доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ менамояд ва агар инро бо сирко даро- мехта, ба дандон бимоланд ё бо он даҳанро чайқонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Пешоби барзаговро бо испанд якҷо биҷӯшонанд ва баъд бо он моеи ҳосилшуда узви карахтро бишӯянд, ба ҳис меоварад - шифо мебахшад.
Чун тухми арпабодиёнро як шабонарӯз дар пешоби
203

гӯсола тар карда, баъд бароварда хушконида, маҳин бикӯбанду ҳар рӯз мувофиқи бардошти табъ тановул намоянд, истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад.
Закари хушккардаи гӯсоларо кӯфта ё бо сӯҳон таро-
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 4

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017