Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ магазхо хашаротхо
1 2 3 >>

56.Калла 58.Равғани зард 59.Мӯй 60.Асал

Тэги:канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо
Добавил:Admin (03.05.2017 / 09:25)
Рейтинг:rating 21 article (0)
Прочтений:2482
Комментарии:0
56. Калла
Ин калла ва мағзи сари хайвонот аст. Беҳтарини он калла ва магзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ мебо- иад.
Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар щсмҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кай- £ият (гармӣ, сардӣ, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти калла, агарчи гизоияташ бисёр аст, вале дерҳазм мебошад. Инро ода- иони заифмизоҷи маҳалҳои серрутубат ва гармозор набояд хӯранд, ки аз фоидаи он зарараш зиёдтар ме- гардад. Аз болои гӯшти калла асло ангур нахӯранд, ки зарар дорад.
Агар сар ё почаи барра ё почаи гӯсфандро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар кам-кам ва бардавом бире- занд, дарди сареро, ки аз хушкӣ бошад, таскин медиҳад; барои намнок кардани майна ва ҳангоми вайрон шуда- ни мизоҷи он дору мешавад, девонагӣ ва бехобиро ба ибро меоварад. Агар бо оби шӯрбои ин ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳо, гурдаҳо ва асабҳоро аз рутубат таъмин мекунад, қуввати боҳ мебахшад, варамҳои сахти боти- ниро мулоим мегардонад.
57. Маска
Беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки аз- саршир гирифта бошанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар
210

кӯҳна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш мекоҳад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нодаркори ҷамъшударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои дар узвҳо пайдо шударо мекушояд, дагалии ҳалқ ва роҳи нафасро ислоҳ мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меова- рад; варамҳои дохилӣ ва беруниро мегардонад ва мод- даҳои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро бо асал бихӯранд, варами пардаҳои даруни сина ва ва- рами шушро шифо мебахшад, моддаҳои нодаркори да- руни синаро мепазонад ва барои дафъ шудан муҳайё месозад, инак, дафъ мекунад. Агар маскаро ба шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва агар дар муддати ин тавр хӯрдан ҳам бар бадан бимоланд, суръати фарбеҳшавиро меафзояд. Агар инро бо мағзи бодоми талх бихӯранд, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркорро аз да- руни шуш дафъ мегардонад. Маскаро бо шарбати гули сурх биёшоманд, феъли давои мусҳилро (исҳоловарро) қатъ мекунад; бо зардии тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, сӯзиши ахлотро ислоҳ мекунад.
70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихӯранд, ду- швории шошиданро ислоҳ мекунад.
Маскаро бар бадан бимоланд, барои бадан гизо ме- шавад ва ин гуна ғизо додани он ба воситаи ворид гаштан дар узвҳои ғизо нест, балки ба воситаи таъсир дар пӯсти бадан аст; молиданаш варамҳо ва варами ба- ногӯш, каши рон вадаҳонро мепазонад; инчунин решҳоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад: барои заҳри мори афъӣ ва ҳазорпо та- рёқ мебошад.
Агар маскаро гарм карда, ба милки дандони кӯдакон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад. Инчунин молидани маскаи нав шахшӯлӣ ва дағалии пӯсти баданро ислоҳ мекунад, бигузор он хоҳ нав ва хоҳ кӯҳна шуда бошад. Агар маскаро бо ҷадвор даромехта
211

бимоланд, гиреҳҳои дар пардаҳои майна бударо мекушояд, асабҳоро мулоим мегардонад; барои ҷароҳати хичак, шукуфаи пӯст, ширинчаи хушк ва қӯтур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо оби хунук бишӯянду баъд маскаро бимоланд ва баъд аз молидани маска бемор худро бояд дар кӯрпа ё чомаи пахтагин бипечонад, то ки арақ кунад, ҳамон рӯз аз ил- латҳои мазкур наҷот меёбад.
Маскаи кӯҳнаро бо савринҷони кӯфтагӣ хамир карда гузошта банданд, донаи бавосирро ҷудо ва дафъ меку- над, яъне меафтонад - дар ин бобат маска чӣ қадар кӯҳнатар бошад, ҳамон қадар хубтар аст. Агар маскаи мазкурро яксаду як бор ё ҳеҷ набошад, чилуяк бор дар оби сард шуста бошанд, дар амали мазкур зудтар таъсир мекунад ва инчунин барои пок гардонидани захм аз рим, ба хам овардани даҳани он ва рӯёнидани гӯшти солим дар онҳо даво мебошад; низ бавосир ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Вале хӯрдани маскаи бисёр сари меъдаро суст мегар- донад, иштиҳоро мебандад ва агар бисёр хӯранд, да- рунро меронад. Дар ин ҳолат барои ислоҳи зарари он чизҳои дарунро манъкунанда, шакар, қанди сафед ва намак бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз маскаи нав дар як рӯз то 100 грамм аст.
Агар маска ёфт нашавад, ба ҷойи ин шири навдӯши- даро биҷӯшонанд, то панҷякаш бухор шуда равад, баъд биёшоманд, раво мебошад.
58. Равғани зард
Инро аз шири ҳайвонот ва ҷурғот ба амал меова- ранд. Беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебо- шад, баъд аз он азони гӯсфанд, ки ин ғализтар мебошад назар ба равғани зарди говӣ.
212

Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Ҳарчанд ин кӯҳнатар гардад, рутубаташ ме- коҳад ва хушкӣ пайдо мекунад. Ва агар дусола шавад, мизоҷаш дар дараҷаи якум хушк мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: равғани зард дар хи- слатҳои давоӣ қавитар аз маска мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бар зидди заҳрҳо хусусияти тарёқй дорад ва намегузорад, ки таъсири заҳри мори афъӣ ба дил расад. Дар ин хусус табиб Бағдодӣ навиштааст: «Шахсеро афъии қотил га- зида буд, ба ғайр аз равғани кӯҳнаи гов дигар чиз ҳозир набуд ва ҳамонро ошомид, офате ба ӯ нарасид».
25 грамм равгани зардро бо 210 грамм оби анор би- ёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равғанро бихӯранд, пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад; узвҳои да- руни синаро аз модцаҳои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбеҳ месозад, хушкии ҳалқ ва даруни бини- ро дафъ мекунад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ин равган дар баъзеҳо дарунро шах ва дар баъзеҳо мулоим мекунад.
Агар инро бо шакар ва бодоми талх даромехта, ба дили наҳор лесида бихӯранд, сурфаи хушки кӯҳнаро ба ибро меоварад, узвҳои даруни синаро мулоим мекунад. 25 грамми инро бо 125 грамм шакар бихӯранд, душво- рии шошиданро дарҳол дафъ месозад. Агар ин миқдор- ро бо оби гарм хӯрда, баъд қай кунанд, заҳр ва афюни хӯрдашударо дафъ мекунад.
Ин равғанро бо оби сагангур ба чашм кашанд, луққос зада дард кардани онро дафъ менамояд ва вара- машро ҳам тахдил медиҳад. Худашро танҳо бимоланд, шахшӯлии чашмро мулоим мекунад ва агар бо равғани зайтун даромехта бимоланд, қӯтури пилкҳои чашмро шифо мебахшад; агар дар гӯш чаконанд, дардашро тас-
213

кин медиҳад ва дар бинӣ бирезанд, дарди гулӯро шифо мебахшад.
Равгани зардро бо оби хокистар якҷо карда, бо он гаркиб ҳуқна (клизма) кунанд, рафтани дарунро манъ ва захми сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Агар ин равғанро бо равғани мурги хонагӣ даро- мехта, латта ё пахтаи покизаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад ва онро аз моддаҳои нодаркор пок мекунад, вале агар дар мақъад бардоранд, кафидани онро сиҳат месозад, баво- сирро қатъ мекунад ва рафтани хунро аз он манъ мена- мояд.
Ин равғанро гарм карда, ба ҷойи газидаи ҳазорпо, каждуми қаттолтарин ва аксари ҷонварони заҳрнок, ки газида бошанд, бимоланд ё бирезанд ва ё бичаконанд, шифо мебахшад, Ин равғанро нимгарм дар гӯш чако- нанд, ҳамаи он ҷонваронро, ки дар гӯш рафта бошанд, мекушад ва берун меоварад.
Равғани кӯҳнаи гов ё
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 1

1Tjk.Ru шеърҳо табрикотҳои табрикномаҳо бо зодруз туй

KatStat.ru - Топ рейтинг сайтов Яндекс.Метрика
© 1tjk.ru 2017