61.Дӯғ 62.Абрешим 63.Саргини гов 64.Муми занбӯри асал 65.Панир
Тэги: | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | |
Добавил: | Admin (03.05.2017 / 09:26) |
Рейтинг: | ![]() |
Прочтений: | 1864 |
Комментарии: | 0 |
61. Дӯғ
Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гириф- та, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд - ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз чурготи шири гов дӯғ тайёр карда шуда бошад.
222
Мизоҷи ин дӯғ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст, вале тарӣ дар он назар ба хушкӣ зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи (пушти камари) одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ меку- над, шиддати таби диқ (логаркунанда), заҳрҳои гарм- мизоҷ ва ҳароратро хомӯш месозад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, инчунин ташнагиро таскин медиҳад. Агар инро бо ри- ми (дажғоли) оҳан ва итрифал (маъҷуни иборат аз ҳалила, балила ва омула) даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад; агар оҳани тафсонро дар он сард карда ё сангрезаҳои тафсонро дар он сард карда, баъд он дӯ1ро бинӯшанд, исҳоли хунин ва сафровиро мебандад. Биринҷ ё орди ҷави тафсонидашударо дар дӯг пухта бихӯранд, барои исҳоле, ки аз гармӣ бошад, бисёр даво ва ба он одам ғизои хубест ва инчунин ба- рои фарбеҳ кардани бадан воситаи хубе мебошад.
Барои таби диқ 75 грамм дӯғро бо 45 грамм нони хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро ҷоиз намешуморанд.
Дастури ошомидан ҳангоми таб, қай ва бемориҳои гарм ва тез чунин аст: дӯғи нави ҷурготи шири говро гирифта, нағз биполоянд, ки тамоми маскаи он ҷудо гардад ва равған дар он асло намонад. Баъд панҷ-шаш соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак туршмаза гардад. Сонӣ хуб барҳам зананд, яъне бикованд, то он ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас нони тунукмай- даи холисро миқдори 35 грамм гирифта, реза карда, дар 105 грамм аз он дӯғ ҳамроҳ кунанду бигузоранд, то ба ҳам хуб омехта гардад, пас тановул намоянд. Ва агар аз ин ним миқцор зиёда хоҳанд ва эҳтиёҷ бештар бошад, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд; рӯзи дувум 17,5 грамм дӯг бияфзоянд ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, ҳамчунин ҳар рӯз 17,5 грамм дӯғро зиёда карда, аз нон
223
3,5 грамм кам намоянд, то он ки дӯғи холис бимонад ва одат ба он ҳосил гардад. Чун тарк намудан хоҳанд, баръакс амал кунанд, то ба миқдори рӯзи аввала бира- сад. Баъзе табибон аз нуқтаи назари камоли эҳтиёг гуфтанд, ки аз 35 грамм дӯғ ва 3,5 грамм нон бияфзо- янд, то ки дӯғ ба 105 грамм расад ва агар зиёда аз 105 грамм хоҳанд, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадриҷ кам гардонанд. Аммо касоне, ки ба дӯғ нӯшидан одат карда бошанд, ба ин тадбир мӯҳтоҷ нестанд, балки ҳамин риоят кифояти ҳазм ва ба он кас, ки ба таби бадбӯ гирифтор набошад, кифоя аст. Зеро ки дар вақти гирифтани таби бадбӯ нӯшидани он ҷоиз нест, балки фақат гармии ҳаво ва риққат (суюқй) ва тезии модда, монанди таби рӯздармиёнгирандаи холис ва монанди ин бемориҳои дигар ошомиданро талаб мекунад. Он ҷое, ки бадбӯйй дар ахлот (моддаҳо) мавҷуд бошад, бо қурси табошир (мағзи миёни най) тановул намоянд. Ва ҳангоме ки мизоҷи он мулоимкунандаи дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунанда бихӯранд, боиси заиф гаштани гурда мегардад.
Чун тухми чилмангӯштак (семизут)-ро кӯфта, се мар- таба дӯғро ба он ҷаббонанду хушк кунанд, баъд микдо- ри камеро аз он тухм биёшоманд, ташнагӣ ва хоҳиши об нӯшиданро то чанд рӯз дафъ мекунад - ин аз асрори дарвешон ва зоҳидон аст.
Зарараш: нӯшидани дӯғ ҳангоми гирифтани табҳои бадбӯйи хилтӣ (моддӣ) зарар дорад бинобар он, ки бадбӯйй ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ис- лоҳи он дӯғи нӯшидаро қай намудан ва баъд ошомида- ни сиканҷабини (сиркоасали) биҳигӣ аст. Чун дӯг дар меъдаи сардмизоҷ турш гардад, чарх задании сар ва беҳуширо ба амал меоварад. Ислоҳи он ҳам қай кардан ва гуворишот (давоҳои ширинтаъми ҳазмовар)-и гар- ммизоҷ хӯрдан аст.
224
62. Абрешим
Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилла- ро дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда би- мирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд.
Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тари- ву хушкӣ мӯътадил медонанд.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ мегардонад, инчунин ин аз давоҳои фараҳовар ба ҳисоб меравад.
Азбаски, ба қавли як қатор табибон, мизоҷаш дар гармиву хушкӣ мӯътадил аст, рутубати рӯҳиро латиф (хуш) мекунад ва ба худ мекашад. Бо ин хислаташ рӯҳро равшан ва моил ба фараҳ месозад.
Қувватбахшандагии абрешим фақат ба як рӯх ва ҳоли бадан хос нест, балки дар ҳама ҳолат мулоимку- нандаи ҳамаи рӯҳҳо, яъне қавӣ гардонандаи ҳамаи рӯҳҳои бадан аст, ҳатто рӯҳи табииро, ки қувватҳои ҷигар аст, рӯҳи нафсониро, ки қувватҳои майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки рӯҳ ва қувватҳои дил аст, яъне ҷойи бахши бадан низ меноманд, қавӣ мегардонад. Ин- чунин қуввати ҳофиза, зеҳн ва пушти камарро (боҳро) тавоноӣ мебахшад; иллати дилтапак (дилбозй)-ро нест мекунад; сустии меъда ва шушро ба ислоҳ меоварад, баданро фарбеҳ мекунад.
Ҳарир, яъне матоъи шоҳии маҳз қирмизиро ба хуни бинй тар карда, хушк сохта, баъд сӯхта, хокистари онро бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни би- ниро мебандад.
Аз абрешим шароб ҳам тайёр мекунанд. Ин чунин аст. Абрешими хомро бо қайчӣ маҳин реза мекунанду дар об мепазанд ва баъд дар он шакари сафед андохта, аз нав то қивом шуданаш меҷӯшонанд. Хӯрдани ша- роби абрешим гиреҳҳоро , ки дар ҳар ҷойи бадан пайдо шуда бошанд, мекушояд, дилро қавй месозад ва ранги
225
рухсорро некӯ мекунад.
Агар абрешими хомро бисӯзонанд, бо вуҷуди он, ки сӯхтаи ин барои хӯрдан дар қувват бахшидан аз абре- шими хом заифтар аст, вале барои реш, обравӣ, шил- пуқӣ ва қӯтури чашм фоиданоктар мебошад назар ба хоми он.
Микдори як бор хӯрдан аз абрешими хом дар як рӯз аз 3,5 грамм то 10,5 грамм аст. Кам ё зиёд хӯрдан аз ин ба пасту баланд будани қолати беморӣ ва ҳоли бадан воба- ста мебошад.
Либосҳои бофтаи абрешимй ва ҳарир дар мизоҷ, гарм ва латиф аст. Агар либоси шоҳиро бипӯшанд, баданро мулоим, нарм ва фарбеҳ мегардонад, ба пӯшандааш сурур мебахшад, вале пӯсти баданро нафис мекунад. Ва барои он ки пӯсти баданро тунук нагардонад, ба тори бофташ ё пудаш ресмони пахтагинро ба кор бурдан даркор аст.
Дар бобати ин либос ҳаким Муҳаммад бинни Закариё гуфтааст: «Либоси абрешим гармтар аз либоси зағирпоя- гӣ аст, боиси салобати башара аст, вале хислати либоси зағирпоягй баръакси ин мебошад». Матоъи абрешим омехташуда дар мизоҷ гарм ва форам аст ва пӯшидани он барои пирон хуб аст, ба онҳо фоида дорад. Инчунин одамони сардмизоҷ ва занонро дар ҳавоҳои сард пӯшидан бисёр мувофиқ аст, хунро гарм мегардонад. Аммо барои он ки хунро гарм насозад, дар бофташ ба абрешим риштаҳои пахтагин дохил кардан даркор аст.
Яке аз хосиятҳои либоси абрешим он аст, ки намегу- зорад дар бадан шапуш пайдо шавад.
63. Саргини гов
Барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро истифо- да мекунанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд,
226
варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашандагӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни