66.Шапуш 67.Пешоб 68.Шутур
Тэги: | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт | хайвонот | хашаротхо |
Добавил: | Admin (03.05.2017 / 09:29) |
Рейтинг: | ![]() |
Прочтений: | 1731 |
Комментарии: | 0 |
66. Шапуш
Ин ҷонвар дар бадани инсон ва ғайриинсон пайдо- мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёҳ ва ба ранги мӯй аст, пойҳои бисёр дорад, дар бехи мӯйҳо ҷоҳои гуногуни бадан ними баданашро фурӯ бурда, зиндагй ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар ҳаҷм зиёда аз нари он аст. Ин қисмашро ба арабӣ қамқом мено- манд. Навъи дувумаш дар ҷоҳои дигари бадани инсон ба ҳам мерасад, ки инро ба арабӣ қамл ва ба точикӣ шапуш меноманд. Дар тиб ҳамин навъаш, ки дар бада- ни инсон пайдо мешавад ва шаш дасту пой дорад, ба кор меравад. Ин аксар аз моддаҳои мурдори но- даркори баданба амал меояд, хоҳ он моддаҳо чирки раддӣ бошад, ё дигар моддаҳои касофати дар бадан ҷамъшаванда ба зуҳур мепайвандад.
Агар шапуш дар бадан бисёр гардад, бадан лоғар ме- гардад, вале аз покӣ ин кам мешавад.
Хислатҳои шифобахши он: чун шаш адад шапуши зиндаро дар сӯрохи боқило гузошта, ҳардуро якҷо фурӯ баранд, таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад. Чун як
адади онро дар сӯрохи закар гузоранд, пешоби банд- шударо мекушояд. Чун зани ҳомила онро дар дасти худ бидорад ва бар он шир бидӯшад, агар баъд аз он шапуш роҳ гардад ва ҳаракаг кунад, он зан ҳомила ба писар аст ва илло - ба духтар ҳомила мебошад.
Шапуши зиндаро қапида партоянд, иллати фа- ромӯшхотириро ба амал меоварад, балки бояд онро бикушанду баъд партоянд.
Агар шапушро бо оби зира бар бадани тифлони нав зоидашуда бимоланд, дар тамоми умри онҳо дар бада- ни онон шапуш пайдо намегардад.
Агар дар бадан шапуши бисёр пайдо шуда бошад, илоҷи дафъ карданаш он аст, ки либосро ба симоб олу- да бипӯшанд ё симоб бар бадан бимоланд, симобро бо ҳино якҷо карда бимоланд, ҳамон дам шапушҳо дафъ мегарданд.
Яке аз хосиятҳои шапуш он аст, ки ҳангоми наздик шудани марги инсон аз он мегурезад.
Чун шапуши бисёрро ҷамъ карда, аз он елим созанд, аз ҳамаи елимҳои дигар қавитар ва часпандатар мегар- дад.
67. Пешоб
Мурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта меша- вад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: умуман ҳар як пешоби ҳайвонотро ҷӯшонида гафс гардонида, гузошта бан- данд ё бимоланд, реш ва захмҳои бадфиол (злокаче- ственные язвы) ва носурҳоро хушк мегардонад ва сиҳат мебахшад. (Носур - захми беҳнашаванда).
Бо пешоби инсон бардавом бишӯянд, реш ва захмҳои чуқур, шукуфаҳои пӯст, захмҳои обдор, решҳои да- ванда, қӯтур, хориш, сабӯсаки сар, обила, решҳои сар ва доначаҳои пуроби сар - ҳамаашро шифо мебахшад
234
ваинчунин намегузорад, ки решҳои бадфиол зиёда гар- данд. Пешоби инсонро бо танакори сурх сиришта, баьд бо он бишӯянд ё онро бимоланд, ба ҷоҳои гирдак- гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи песро аз пӯст пок мекунад ва иллати пӯстпартоиро ба ибро меоварад.
Агар пешоби худ ё тифлро биёшоманд, зарари ҳавои мурдорро дафъ мекунад ва газидани ҷонварони заҳр- нок ва ё заҳрхӯрда бошанд, безарар мегардонад. 1. Агар мор газида бошад, ҳар рӯз ду каф аз пешоби худ ё пе- шоби тифлро бардавом бинӯшанд, таъсири заҳри онро ба тамом мешиканад.
Ҳар пагоҳ ба дили наҳор ду каф-ду каф пешоби худ- ро биёшоманд, сипурзро то ба ҳадде пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад. Е ки ҳар рӯз ҳамин микдор пешоби худро бо ним вазни он оби барги бодиринг бинӯшанд, сипурзро пок мегардонат; агар та- вонанд пеш аз нӯшидан қадаре роҳ рафта, хаста гашта, баъд бинӯшанд, дар ин бобат беҳтар аст.
Бо пешоби гарм мақъадро (махраҷгоҳро) бишӯянд, варами онро таҳлил медиҳад. Агар бо он хуқна (клиз- ма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Пешобро дар пӯсти анор гарм карда, дар гӯш чако- нанд, кирми онро мекушад.
Пешобро ба чашм бимоланд, обравии муттасил, дард ва торикии чашмро дафъ мекунад. Агар дар натиҷаи захм пайдо шудан ба чашм гул афтода бошад, пешобро дар зарфи мис бо асал ҷӯшонида, ба чашм би- моланд, онро пок мекунад.
Хокистари токро бо пешоб хамир карда, гузошта банданд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ ме- кунад.
Пешоби тифли ноболиғро биёшоманд, барои душво- рии нафасгирӣ, нафаси роста (ростнафас) даво меша- вад. (Ростнафас - чунон аст, ки бемораш хоб кардана- фас гирифта наметавонад, фақат нишаста сар боло до-
235
шта ё дар ҳолати хестагй метавонад нафас бикашад).
Кафки пешобро ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.
Хислатҳои дигари пешоби инсон дар боби «Инсон» зикр ёфт.
Пешоби модагов бағоят поккунанда аст, онро бимо- ланд захм ва решҳои кӯдаконро шифо мебахшад ва бо он бишӯянд, захмҳои беҳнашавандаро ба ибро меова- рад. Пешоби барзаговро аз рӯ бимоланд, дарди меъда- ро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, бавосирро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимо- ланд ё даҳанро бо он чайқонанд, дарди дандонро сокин мекунад. Агар кӯфтаи ҳардалро (горчицаро) миқдоре дар пешоби барзагов андохта, баъд бо он бишӯянд, ка- рахтии узвҳоро дафъ мекунад.
Пешоби хукро ба чашм бимоланд, гули чашмро пок мекунад. Ва агар биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Пешоби шутурро биёшоманд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва гиреҳи онро мекушояд ва истисқоро (водянкаро) дафъ мекунад, сахтии сипурзро ба ислоҳ меоварад, боҳро қавӣ мегардонад, бемориҳои сарди узвҳои дохилиро шифо мебахшад. Агар дар гӯш чако- нанд, захм ва ҷароҳати онро беҳ месозад.
68. Шутур
Ин ҳайвон зирактар аз ҳайвоноти дигар аст. Агар ба ӯ ранҷ расад, дастрас бошад, барги балут ва чу онро мор газад, харчанг ёфта мехӯраду худро табобат меку- над - ин албатта дар он ҷоҳое воқеъ мешавад, ки ин чизҳо мавчуд бошанд.
Беҳтарини шутур яксолаи фарбеҳи он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар авали да- раҷаи севум хушк аст.
236
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он боҳро қувват медиҳад ва узвҳои баданро мустаҳкам мекунад, олати мардиро башиддат ба ҳаракат меоварад; барои таби дурӯздармиёнгиранда, ирқуннасо (радикулит), дарди сурини кӯҳна, зардпарвини сиёҳ ва сӯзиши пешоб (сӯзок) дору мешавад.
Гӯшташро сӯхта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, шифо мебахшад.
Ҳангоми кушта шудани шутур шушашро гармогарм бимоланд, догикунҷидакронестмекунад.
Ҷи1арашро ба чашм бикашанд, зардоби ба гавҳарак фуромадаро, ки чашмро нобино мегардонад, дафъ ме- созад ва чашмро қавӣ мегардонад.
Равганашро бимоланд, барои бавосир фоида меку- над. Агар инро дар ҳар ҷое, ки нигоҳ доранд, мор аз он ҷо мегурезад.
Агар шушашро бардавом бихӯранд, кӯр мекунад.
Магзи устухони соқашро ба пашм олонда, баъди пок шудан аз ҳайз занҳо се рӯз пай дар ҳам аз таг бардо- ранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад.
Саргини хушкашро дар об тар карда, он обро дар бинӣ резанд ё он саргини таршударо дар бинӣ пур ку- нанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар он саргинро бо давоҳои муносиб якҷо карда бихӯранд, ба иллати саръ (припадка) шифо мебахшад. Агар саргини нави онро гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан) ва обилаву донаҳои бар бадан даманда дору мешавад. Ва агар инро бимоланд, озахҳоро хушк карда мерезонад.
Кӯҳонашро бихӯранд, бачадонро аз чизҳои зарар- нок пок месозад, хуни бавосирро қатъ мекунад ва ҷоҳои кафидаи пӯстро ба ҳам меоварад.
Ширдони бачаашро, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, бихӯранд, боҳро багоят қавӣ мегардонад, олати марди- ро ба ҳаракат меоварад, агар ахлоти